МУРОҶИАТНОМАИ Анҷумани тоҷикон дар Туркия дар робита ба ширкати Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар конфронси САҲА дар Варшава

Сентябрь 11, 2018 17:08

ДУШАНБЕ, 11.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Анҷумани тоҷикон дар Туркия ташкилоти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангиест, ки манофеи миллию давлатиро дар асоси фаъолиятҳои худ қарор дода, дар ин масир саъю талош меварзад. Дар баробари ин, Ҷамъият ҳамеша сару садоҳои дурўғро, ки бар пояи сиёсатҳои пасипардагӣ ва иғвогаронаи баъзе доираҳои сиёсию ҳуқуқии минтақавӣ ва аврупоӣ рўйи кор меоянд, бе посух намемонад ва дар ин замина сари вақт вокуниш ироа медорад. Ин амалро аъзои Анҷумани тоҷикон қарзи виҷдонӣ ва имонӣ меҳисобанд.

Хабари ба истилоҳ доғи расонаӣ, ки аз «шоҳкорӣ»-и навбатии ТТЭ ҲНИ дар хориҷа дарак медиҳад, моҳи сентябри соли ҷорӣ иштирок ва суханронӣ кардани «бузургон»-и наҳзатӣ бо шумули М. Кабирӣ дар конфронси солонаи САҲА дар Варшава (пойтахти Полша) мебошад. Ширкат варзидан, навбати сухан гирифтан ва билохира сухан кардани раҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ дар конфронси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), амдан ва қасдан латма задан бар боварҳои демократӣ ва озодандешӣ дар Аврупо мебошад. Зеро ки Аврупо дар сад соли ахир бо сатҳи баланди маърифат, дониш, сиёсат ва биниши илмӣ худро ба ҷаҳониён шиносонид ва собит кард, ки низоми давлатдории дунявӣ пойдевори сиёсати башардўстӣ буда метавонад. Аммо чанд соли охир созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, САҲА бештар дар гирди худ фурсатталабон, найрангбозон, иғвогарон, дасисакорон ва дар маҷмўъ, хурофотиёни наҳзатиро ҷамъ овардаанд, ки тибқи барнома ва стратегияи сиёсии фарҳангӣ мебоист бо ин тоифаи мутаассибу ҷаҳолатписанд мубориза мебурд. Тавре ки мушоҳида мекунем, САҲА аз маҷрои худ канор рафта, роҳро барои зуҳуру ҳузури фаъоли бунёдгаройӣ, тундгаройӣ, ифротгаройӣ ва даҳшатафкании динӣ-мазҳабӣ (дар мисоли исломи сиёсӣ ва мушаххасан, ТТЭ ҲНИ) ҳамвор намуда истодааст. Акнун тасаввур кунед, чӣ гуна метавон аз ин амали ноҷавонмардонаи созмони бонуфузи ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ накард?!

Воқеан, ҷойи нигаронӣ ҳаст. Ин амали САҲА фаъолияти созмони бонуфузи байналмилалии аврупоиеро мемонад, ки аз меъёрҳои демократӣ ҳарф мезанад, гўшу ҳушаш озодии инсон аст, вале дар хилват ба озодию демократия хиёнат менамояд ва ҷиҳати ноором сохтани авзои ин ё он минтақа гурўҳҳои радикалии динӣ-мазҳабиро пуштибонӣ мекунад. Мо медонем, ки роҳбарияти фирории наҳзатӣ бо ҳар роҳу васила мехоҳад давлат ва Ҳукумати миллиро дар арсаи байналмилалӣ беобрӯ кунад ва аз ин тариқ барои худ мавқеияти муносиб касб намояд. Инро ҳам медонем, ки кафолати бегуноҳӣ гирифтан ва ба ин восита идома додани муборизаи иттилоотӣ (бо пуштибонии сармояи хориҷӣ) барои чанд сол будубоши наҳзатиёни гурезаро таъмин хоҳад кард.

Зимнан, маҷмўаи дурўғҳое, ки аз ҷониби гузоришгарони наҳзатӣ, аз ҷумла М. Кабирӣ дар ин нишаст ироа мегардад, ба чӣ дарде мехўранд? Ҳайронем ба баъзе созмонҳои байналмилалии аврупоӣ, минҷумла САҲА, ки ба ҳарфи ашхоси авомфиребе, назири М. Кабирӣ гўш медиҳанд, дар ҳоле ки бо экстремизм ва терроризми исломӣ мубориза мебаранд. Оё намедонанд, ки командаи наҳзатӣ ҷуз муште хурофотию мутаассиб нестанд? Магар намебинанд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамарўза алайҳи авомфиребиҳои Кабирӣ, сиёсатҳои духӯраи (дустандартаи) ғарбӣ, фаъолиятҳои носавоби САҲА шикоят мекунанд ва дар шаклҳои гуногун дар қиболи наҳзат ва пуштибонони пасипардагии он садои эътироз дар медиҳанд?

Шояд медонанд, вале барои иддае аз тоифаҳои сиёсии аврупоӣ ҳамин навъ ифротгароҳо даркоранд, то тавассути онҳо дар минтақаҳо ҷаҳлу ҷаҳолатро интишор диҳанд ва ҳадафҳои худро аз тариқи пружаҳои исломӣ пиёда созанд.

Ба ростӣ, иштирок дар конфронсу семинар ва мизи гирдҳои аврупоӣ барои Кабирӣ ба одати рўзмарра табдил ёфтааст ва ҳатто аксарияти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ҷамъиятию гурўҳӣ аз маводи дилбазани наҳзатӣ ва ходимони дохилию хориҷии он ба дод омадаанд, вале имкони муқовимати рўйирост ва ошкоро бо ин гурўҳи мазҳабзада ва беҳувият кам доранд, чаро ки имрўз фазои маҷозиро ба таври мустақим ва ғайримустақим армияи беҳувияти наҳзатӣ ва наҳзатмаоб дар инҳисор ё изолятсия қарор дода, ҳар киро, ки аз хештан хабар дорад ва худро андак мешиносад, оҷилан ба куфр муттаҳам мекунанд ва расман беобрў месозанд. Суоли матраҳ инҷост, ки чаро созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар бо шумули САҲА ҷиноятҳои наҳзатро, ки солҳои сол анҷом додаанд, мадди назар қарор намедиҳад ва бисёр гуноҳҳои наҳзатиро амдан нодида мегирад? Ин пурсишро ҳаволаи виҷдони сардамдорони  ниҳоди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ- САҲА мекунем.

Ба намояндагони созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистони азиз муроҷиат карда, изҳор медорем, ки бо ирода ва қудрати сиёсию фикрӣ нагузоранд, ки як мушт фурсатталаб ва фирорӣ бо ҳимояти хориҷӣ дар қалби Аврупо садои дурўғу риё дардиҳанд ва оромишу суботи минтақаро халалдор созанд.

Мо, аъзои Анҷумани тоҷикон дар Туркия, бо такя ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ ва манофеи миллӣ аз раҳбарияти САҲА қотеона талаб мекунем, ки ҷилави шиорпароканӣ, риёкорӣ, иғвогарӣ ва ҳангомасозиҳои наҳзатиро дар конфронсу машваратҳои Аврупо бигиранд ва ба ин восита марзи демократия ва озодию истиқлолро ҳимоят намоянд. Дар акси ҳол, аз демократия ва озодӣ дар Аврупо танҳо ном боқӣ мемонаду халос!

Бо эҳтиром,
         Анҷумани тоҷикон дар Туркия

 

 

 

Сентябрь 11, 2018 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Муколамаи навбатии занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд