«НАҲЗАТИҲО» БА ДИНИ МУҚАДДАСИ ИСЛОМ ҲЕҶ РОБИТАЕ НАДОРАНД!». Раиси Шӯрои олимони ҷавони ДСРТ оид ба баъзе ҷанбаҳои фаъолияти ҷиноии ҲНИ
ДУШАНБЕ, 15.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Муассисони ҲНИ фаъолияти ғайриқонунии зиддидавлатӣ ва зиддимардумии худро ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз карда буданд. Аммо, на он замон ва на имрӯз ин иттиҳод ба дастгирии аҳолӣ ё худ сокинон муваффақ нагардида буд», — навиштааст Отабек Шарафов, раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон /ДСРТ/ дар мақолааш, ки ба унвонии АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар идома муаллиф чунин нигоштааст:
Пеш аз ҳама, ин ба он алоқаманд аст, ки иттиҳоди мазкур аз ибтидои таъсис то имрӯз ба дини муқаддаси Ислом ҳеҷ робитае надошт.
Бинобар ин, бояд махсус зикр намуд, ки ҳеҷ яке аз ҳизби сиёсӣ набояд бар асоси дин таъсис ёбад ва фаъолият намояд. Тавре маълум аст, дин ва давлат набояд ба ҳам дахолат кунанд, ки ин яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ мебошад. Гузашта аз ин, суол дар бораи мақсаднок будани таъсис ва фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар кишваре, ки дар он аксарияти мутлақи аҳолӣ дини Исломро мепарастанд, ғайримантиқӣ хоҳад буд. Дар Тоҷикистон бе ин ҳам барои озодии эътиқоди шаҳрвандон ва ибодати динӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ муассисаи таҳсилоти олии динӣ, як зумра мадрасаҳо ва масҷидҳо фаъолият дошта, сохтмони бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ идома дорад. Инчунин адабиёти зарурии динӣ ва ғайраҳо озодона дастрас буда, дар фурӯш мебошанд.
Ба андешаи мо, яке аз сабабҳои мавҷуд набудани дастгирӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ ба ҲНИ ҳам миёни аҳолии Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷ он аст, ки ин иттиҳод аз аввали фаъолият ҷиҳати манфии худро нишон дод. Он ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат кард ва аз содир намудани амалҳои гуногуни ҷиноӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ даст кашиданӣ нест.
Ҳамзамон, сарфи назар аз болозикр, мақомоти Тоҷикистон ба ҳизби наҳзати исломӣ ҷиҳати таъсиси ягона ҳизби сиёсӣ дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бар дин асос ёфтааст, имконияти нодир дод. Аъзои ин иттиҳод аз ин имконият истифода бурда, ҳизби нав таъсис доданд. Вале, бояд зикр намуд, ки дар дохили ҲНИ аз аввал миёни тарафдоронаш ягонагӣ набуд. Дар доираи ҲНИ тақсимоти ғайрирасмӣ ба қаноти радикалӣ ва мӯътадил вуҷуд дошт. Бинобар ин, ақидаҳои аъзои ин ҳизби сиёсӣ ба асосҳои сохти конститутсионии давлат гуногун буданд. Аз ҷумла, баъд аз роҳбари ҲНИ гардидани М. Кабирӣ тақсимот миёни тарафдорони он авҷ гирифт. Илова бар ин, ҷонибдорони ин ҳизбро ҳаракатҳои гуногуни радикалии мамнӯъ, ки барои ҲНИ ташкилоти рақобатпазир мегарданд, ба сафи худ ҷалб мекарданд.
Дар ин замина, мехоҳам зикр намоям, ки ин иттиҳод зери ниқоби шиорҳои гуногуни некманишӣ танҳо як ҳадаф дорад – ба сари қудрат омадан дар Тоҷикистон бо истифода аз тамоми роҳу усулҳои ғайриқонунӣ ва ҷиноӣ. Ин гуфтаҳоро натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ тасдиқ менамояд, вақте ки бисёре аз фаъолони ҳизб тибқи квотаи 30- фоиза соҳиби вазифаҳои гуногун гардиданд, дарҳол ришҳоро гирифтанд, сару либоси дунявӣ ба бар карданд ва дар курсии мансаб ҷобаҷо шуда, мансубияти ҳизбии худро фаромӯш намуданд. Ин аз заиф гардидани фаъолияти ҲНИ ва аз даст рафтани нуфузи он дар солҳои баъдӣ дарак медиҳад. Тайи чанд соли охир ҲНИ мақсаднок ба самти барҳам додани худ мерафт. Интиҳои ин роҳ манъи ин ҳизб ва фаъолияти он дар Тоҷикистон гардид. Дар айни замон ин иттиҳод ҳамчун ҳизби сиёсӣ вуҷуд надорад.
Отабек ШАРАФОВ,
дотсенти кафедраи муносибатҳои
байналмилалӣ ва дипломатияи
Донишгоҳи славянии
Россияву Тоҷикистон
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «Ховар»:
Отабек Шарафов соли 2008 ДСРТ-ро аз рӯи ихтисоси «Муносибатҳои байналмилалӣ» бо баҳои аъло хатм намуд. Солҳои 2008-2009 ба ҳайси мутахассиси Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёрдамчии муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ кор кардааст. Аз соли 2009 муаллими калон, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи ДСРТ мебошад. Солҳои 2015-2017 Раиси Шӯрои олимони ҷавони ДСРТ буда, аз 1 сентябри соли 2017 муовини декани факултаи таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ оид ба таълим мебошад.
Гирандаи стипендияи президентӣ (соли 2002), муаллифи ду монография, 21 мақолаи илмӣ, се китоби илмӣ ва таълимию методӣ, иштирокдори конференсияҳои байналмилалии илмӣ дар Москва, Санкт-Петербург ва Душанбе мебошад.