Олимони тоҷик «Масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об»- ро ба чоп расониданд

Сентябрь 8, 2018 09:44

ДУШАНБЕ, 08.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дирӯз зимни ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои нави олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ рӯнамоӣ шуданд. Дар онҳо масъалаи оби тоза, мушкилоти вобаста ба он, зарурати эълон доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», муайян намудани нақши об дар амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 ва механизмҳои амалигардонии ин даҳсолаи ҷадид мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Бояд зикр намуд, ки масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи масоили мубраме мебошанд, ки вобаста ба аҳамияти гуногунпаҳлӯи худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Тоҷикистон кӯшиш менамояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад.

Норасоии захираҳои обӣ сабаби эҷоди мушкилиҳо миёни субъектҳои истифодабарандаи он мегардад. Аз ҷумла, мавҷудияти шаклҳои мухталифи истифодаи об ва ихтилофи истифодаи мавсимии захираҳои об ва манбаъҳои энергетикӣ, инчунин тақсимоти номутавозини онҳо мухолифати манфиатҳоро ба миён меорад, ки ин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври возеҳ мушоҳида мегардад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, вақти он расидааст, ки дар истифодаи захираҳои об бояд роҳҳои нави густариши муколамаву музокирот ва механизмҳои ҳамкорӣ дарёфт ва ба нақши калидии дипломатияи об дар ҳалли он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Имрӯз кишвари мо таҳти сарварии Пешвои миллат барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ кардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи ҷадиди байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ҷидду ҷаҳд менамояд.

Яке аз чунин иқдомҳо дар ин ҷода аз тарафи олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Саидумбар  Раҷабов ва ходимони илмии ҳамин шуъба Ф. Ҷабборов, М. Раҷабов, Ф. Идиев, Х. Шамсиев таълиф намудани ду монографияи пурарзиш мебошад.

«Масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об», ки аз 12 боб иборат аст, дар бораи заминаҳои пайдоиши меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии об дар дунёи қадим ва асрҳои миёна, таърихи пайдоиши реҷаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии дарёҳои Аврупои Шарқӣ, Америка, Африқо, Осиё ва Осиёи Марказӣ баҳс мекунад, мафҳум, предмет, методҳои танзими ҳуқуқии истифодаи обҳои фаромарзӣ, сарчашмаҳо ва субъектҳои ҳуқуқи байналмилалии об, принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии об, нақш ва ҷойгоҳи онҳо дар танзими истифодаи обҳои фаромарзиро кушода медиҳад.

Монографияи дуюм — «Ҷанбаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ доир ба истифодаи обҳои фаромарзӣ» ном дорад ва аз 7 боб иборат аст, ки аз ҷониби кормандони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ҳамин Институт таҳти роҳбарии профессор Саидумбар Раҷабов  навишта шуда, бештар реҷаҳои ҳуқуқии истифодаи обҳои фаромарзӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи обҳои фаромарзӣ, таҳлили муқоисавии асосҳои байналмилалӣ – ҳуқуқӣ ва миллӣ-ҳуқуқии истифодаи обҳои фаромарзӣ барои истеҳсоли неруи барқ ва ҳалли масъалаҳои энергетикӣ, аҳамияти онҳо барои давлатҳои Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Яке аз муаллифини китоб Фарҳод Раҷабов зикр кард, ки боби 12-и монография ба ташаббусҳои чоргонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи об бахшида шудааст, (яъне эълон намудани соли 2003 «Соли  байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»), ки аз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва истиқболи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Сарвари Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

«Дар ин боб зарурати эълон доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва муайян намудани нақши об дар амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 ва механизмҳои амалигардонии ин даҳсолаи ҷадид ба тафсил кушода шудаанд»,-гуфт номбурда.

Тавре муаллифи асари илмӣ Саидумбар Раҷабов иброз намуд, дар монография дурнамои дипломатияи об байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, яъне лоиҳаи Муоҳида байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Туркманистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи истифодаи захираҳои обии ҳавзаи дарёи Ому ва лоиҳаи Муоҳида байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи истифодаи захираҳои обии ҳавзаи дарёи Сир, ки аз тарафи Маркази дипломатияи пешгирикунандаи СММ дар Осиёи Марказӣ (дар ш. Ашқобод) таҳия мегардад ва ҳоло мавриди баррасии давлатҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифтаанд, низ маълумот дода шудааст.

Умедворем, ки монографияҳои «Масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об» ва «Ҷанбаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ доир ба истифодабарии обҳои фаромарзӣ», ки аз чоп баромаданд, ҳамчун заминаи хубе дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалии об хизмат карда, аз тарафи олимон, дипломатҳо, мутахассисони соҳаи об, аспирантон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

 

 

Сентябрь 8, 2018 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорони ноҳияи Муъминобод пул месозанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҷамоати Турдии ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 15 км роҳи маҳаллӣ сангфарш гардид
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯхти либосҳои миллӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд