«Паймони миллии Тоҷикистон» ё тори танидаи анкабутон

Сентябрь 14, 2018 15:16

ДУШАНБЕ, 14.09.2018./АМИТ «Ховар»/.  «Ахиран, дар оғози ҷаласаи ҳуқуқи башари  Созмони Амнияту  Ҳамкории  Аврупо дар Варшава мухолифони давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо  мақсади ҳамраъйӣ аз мавқеи сиёсӣ ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» -ро дар ҳайати 15 нафар узви асолатбохта  созмон доданд, ки бо ин васила  ҳизби наҳзати исломӣ, анҷумани озодандешон, ҷунбиши ислоҳоти иқтисодӣ ва рушд, инчунин анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна  бо ғаразҳои манқуртонаи сиёсӣ  ба орази ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳр задаву  дар пасманзари сиёсатбозиҳои разилонаашон даст ёфтан ба сарчашмаҳои нави маблағгузориҳои хориҷӣ мебошанд», — гуфта шудааст дар номаи Раиси КИ ҲХД Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон. Дар он ҳамчунин омадааст:

Хандаовар аст, ки 4 ташкилоти дорои ақидаю назарҳои мухталиф  чӣ гуна ба ҳам омадаю як маром шудаанд. Зеро асоси фаъолияти ҳизби наҳзати исломро арзишҳои иртиҷоии динӣ ташкил дода, ба ном анҷуманҳои  дигар бошанд, ҳатто баъзе афродашон ба дини поки ислом эътиқоду бовар надоранд. Дар саҳифаҳои иҷтимоӣ хурсандии эшону зиёфат оростан, инчунин рақсидан бо шеваю фарҳанг туркӣ бори дигар моро  ҳушдор месозад, ки ин афрод ҳуввияти миллӣ надошта, тоҷику Тоҷикистон барояшон мояи пиёда сохтани  ғаразҳои  манфуронаи сиёсиашон  ҳасту бас.  Ҳатто роҳбари ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ  ҳамчун бозигари аслии ин паймон  на ба ҳайси аъзои ҳизби сиёсӣ, балкӣ  ҳамчун шахс ворид шуда, дар ҳошияи бозиҳои пасипардагӣ нияти муғризонаву душманонаашро нисбати миллату давлат  бешармона намоиш медиҳад.

Мусаллам аст, ки дар баргузории ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо  ҳайати комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ҷиноятҳо ва хиёнаткориҳои  ҳизби наҳзати исломро бо далелҳои раднашаванда, бо иштироки худи собиқ мухолифони пушаймоншуда, аз қабили Айёмиддин Сатторов ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расониданд. То ҷое маълум аст, чун кори ҷаласа ба табъи дили хоинону ватанфурўшони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» оғоз наёфт, муносибатро бо лаҳни тунду  тавтеа (провокатсия)  бо ҳайати  ҳукуматӣ оғоз карданд.

Ҳатто,  асолатбохтае  бо номи Сулаймони Орзў  бо роҳи тавтеа  мехост шиори ба табъи дилаш  навиштаро ба Айёмиддин Сатторов дода, бо роҳи аккосӣ  барои  ғаразҳои сиёсии хоинонааш  истифода менамуд, вале хушбахтона ба мақсадаш нарасид.

Барои пиёда сохтани амалҳои хоинона  ва дар назди хоҷагони хориҷӣ худро ҳаллиму фидоӣ нишон додан бубинед, ки ин хоинон ба чи корҳое  қодиранд. Зери пўшиши мақоми паноҳандагӣ гирифтан дар Аврупо бо ҷалби 3-4 муҳоҷири  меҳнатӣ хоинони миллат бо чӣ корҳое даст намезананд!

Таъсиси бо ном «Паймони   миллии Тоҷикистон» низ барои ин асолатбохтагон ҷалби бештари гумроҳонро дар пай дошта, мехоҳанд бобати амали сохтани  ақидаҳои манфуронаашон дар дохил  ва хориҷи  кишвар афроди муайянеро ба тарафи худ майл созанд. Вале, ба ибораи дигар «бо дўои курмуш борон  намеборад».  Ҳама медонанд, ки  5-10 хоину ватанфурўш на паймон доранду на миллату давлат. Ҳадаф фақат сўзонидани хонаи тоҷику пур кардани ҷайбҳояшон аз маблағҳои ҳангуфт шиори ҳамешагии ин асолатбохтагон  боқӣ  мемонад.

Бо ном «Паймони  миллии Тоҷикистон» шабеҳи тори хонаи анкабут аст, ки бояд онро ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз нуқтаи назари ақли солим дарк кунад. Зеро, ин анкабутон ба ҷуз  зиёну талқини ҷангу хунрезӣ  дигар дар мафкураашон чизеро намеғунҷонанд.

Онҳо бо ҳамовозӣ аз озодии 10-20 хоини  ҳаммонанди худашон, ки дар зиндонҳо бо ҷурми  ҷиноятҳои  мухталиф ба сар мебаранд, рисолати сиёсии худро иҷрошуда ҳисобида, рўй гардонидан тарафи хоҷагони хориҷӣ бо ҳамёни гадоӣ оромиш ва осудагии аҳолии нўҳмиллионнафараи   Тоҷикистонро сарфи назар месозанд.

Ҳавою ҳавас,  думболагирӣ  аз зиндагии арзанда дар хориҷи кишвар, санги маломат задан  сари миллату давлат  ин роҳи ҳалли масъала ва камоли мардӣ нест. Ватанро бо шиорпардозиҳо, тафриқаю ҷудоиандозӣ  наметавон сохт.

Мутмаинем, ки мардуми Тоҷикистон ҳамчун ворисони аслии ин марзу бум ба қадри хоку замини аҷдодӣ мерасанд ва ҳеҷ қуввае  наметавонад, ки садди роҳи якдилии халқи Тоҷикистон бошад . Зеро, нерўи мо дар ваҳдати мост.

                                                                                Толибҷон НАЗАРЗОДА,
                                                            Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

Сентябрь 14, 2018 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст