Профессор Абдураҳмон МУҲАММАД: «Нигаҳдошту эҳтироми истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст!»

Сентябрь 9, 2018 10:09

ДУШАНБЕ, 09.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият  дар баробари дигар равандҳои ҷомеа, ҳамеша  ниёз  ба ваҳдати миллӣ  ва амнияти дохилию  хориҷӣ  дорад. Чуноне ки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зикр менамоянд: «Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла, хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ  накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем».

Ин аст, ки дар  тамоюлоти имрӯзаи  сиёсати амалӣ, бахусус  муколамаҳои доманадор оид ба  таносуби дарки арзишҳои  муосир ва анъанавӣ   муҳтавои асосии  падидаи истиқлол пайваста сурат мегирад.  Дарвоқеъ, ин амр метавонад дар афкори ҷомеаҳои гуногун гардиши куллие ба вуҷуд орад.

Маълум аст, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 худро кишвари соҳибистиқлол эълон намуда, сипас  Президенти худро интихоб ва Конститутсияи худро қабул карда, сохти тараққиёташро интихоб  намуд. Мақсади асосӣ-  ин  бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ буд. Бо ин мақсад Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор қарорҳоро, аз қабили «Дар хусуси тасдиқ намудани Низомномаи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 ноябри соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.09.1994 «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи суруди миллӣ»,  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.1995 «Дар хусуси дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон ва эҳтиром намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул кард.

Баъди қабули Қонуни асосӣ, ки ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва таъйидкунандаи рамзу нишонаҳои давлатӣ аст, муносибати шаҳрвандон ба тарзи ҳаёту сохти давлатдорӣ тағйир ёфт. Пеш аз ҳама, Тоҷикистони азизи мо соҳиби рамзҳои нави миллӣ-  Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Пули миллӣ ва Забони давлатӣ гардид. Ин нишону аломатҳо дар раванди рушду нумӯи  худшиносии миллӣ, идеяи миллӣ ва тарзи ҳаёти иҷтимоию сиёсии мо таъсири амиқе гузоштанд, ки ҳама  ба  истиқлолияти сиёсии кишвар вобастагӣ доранд.

Бояд гуфт, ки  истиқлолият-  ин  озодии  иродаи миллӣ,  шаъну шараф, қудратмандӣ ва  яке аз рукнҳои асосии ҳастии ҳар як давлати мустақил ба шумор меравад.  Аз ин рӯ , мо онро    дар баробари дигар  иду ҷашнҳои  бузурги  миллиамон, ба монанди Наврӯз, Сада ва дигар идҳоямон  мақому манзалати зиёде дода, онро  бояд  аз  ҳама идҳои дигар  болотару волотар арзёбӣ намоем.

Вале дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ба амал омада истодааст, мазмуну мундариҷаи  он тағйироти муайяне касб  менамояд. Новобаста аз ин  истиқлол- ин  арзишест, ки решаи асосии он истиқлоли шахсӣ мебошад. Ба андешаи ҷомеашиносон, миллате, ки  истиқлоли сиёсӣ надорад, маҳкум ба маҳв шудан аст. Дар баробари ин  боз андешаҳое мавҷуданд, ки истиқлол волоияти ҳокимияти давлатӣ нисбат  ба ҳама гуна шаклҳои  дигари ҳокимият дониста мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки  имрӯз  нигаҳдорию  эҳтироми  истиқлолияти давлатии мо  бузургтарин  арзиши   миллӣ  ба шумор меравад. Мо бояд  тамоми  дастовардҳои  замони соҳибистиқлолиро ба  Истиқлолият ва  Пешвои муаззами миллат, Президенти  кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастаю  пайваста дониста, ба хотири дар амал  тадбиқ намудани ҳадаф  ва идеяҳои миллӣ   истиқлолияти  давлатиро  ҳамчун дастоварди   бузурги  аср  муаррифӣ  намоем.

 Абдураҳмон МУҲАММАД,
ноиби Президенти АИ ҶТ, профессор

 

Сентябрь 9, 2018 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд