РОҲЕ, КИ МОРО БА САМТИ ОБОДИЮ СОЗАНДАГӢ МЕБАРАД. Пешрафту шукуфоии Тоҷикистон хотири бадхоҳони миллатро озурда сохтааст

Сентябрь 26, 2018 15:16

ДУШАНБЕ, 26.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Қадамҳои устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯи қуллаҳои мурод, ки назираш дар таърих беҳамтост, сармояи асосии пешрафту шукуфоӣ ва зиндагии шоистаю арзанда мебошад. Соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ваҳдату ягонагии сокинони он пойдевори устувори рушди бемайлони иқтисодиёт, фарҳанг ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Пӯшида нест, ки дастовардҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар муқоиса бо даврони Ҳукумати Шӯравӣ бесобиқа мебошанд. Ҳамаи ин бадхоҳону душманони миллат ва давлати моро ором намегузорад, мисле ки дар пӯстинашон кайк даромада бошад

 Бунёди иншооти азим, аз қабили тармим ва ба истифода додани роҳҳои мошингард, нақбҳо ва роҳҳои оҳан ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои хурду бузург бо ҷойҳои нави корӣ, иншооти азими гидроэнергетикӣ, фароҳам сохтани шароити мусоиди замонавӣ ҷиҳати фарогирии наврасону ҷавонон ба таҳсил, иншооти манзилию маишӣ, варзишгоҳҳо, марказҳои бонуфузи фароғатию солимгардонӣ, бунёди иншооти замонавии фарҳангӣ ва амсоли инҳо, ки шумораашон беинтиҳост, маҳз маҳсули заҳмати содиқонаю софдилонаи сокинони мамлакат бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «…мо бо такя ба неруи созандаи мардуми соҳибмаърифат ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо ба ҳамаи мақсадҳои некамон ва дар навбати аввал, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат наздик шуда истодаем.».

Дарвоқеъ, тамоми заҳмату талошҳои рохбарияти олии мамлакат ва аҳли ҷамоат ба як маром- муваффақ шудан ба зиндагии аз ин ҳам беҳтару созандатар равона буда, он ба мақсаду маром ва шиори сокинони Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Инак, сокинони мамлакат дар остонаи боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ-ифтитоҳи ҳаракати чархаи аввали яке аз иншооти муҳиму бузурги аср — Неругоҳи барқи обии   «Роғун»  қарор доранд. Дастоварди навбатии сокинони Тоҷикистон омили бунёди шумораи зиёди корхонаҳои нави саноатӣ гардида, рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва некӯаҳволии онҳо хоҳад гардид. Иштироки бевоситаи Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои бунёди ин иншооти азими аср гувоҳи он аст, ки мардуми Тоҷикистон сарҷамъона барои имрӯзу ояндаи хеш замина мегузоранд ва он рӯз дур нест, ки ин кишвари биҳиштосо ба як мамлакати пешрафтаву шукуфо дар қораи Осиё табдил ёбад.

Пешвои миллат дар маросими бастани маҷрои рӯди Вахш ва бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» таъкид карда буданд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шаванд.

Оғози расмӣ бахшидан ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, аз қабили корхонаҳои коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои ранга ва худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳо аз иқдомоти наҷиби навбатии Роҳбарияти олии мамлакат дар роҳи зиндагии созандаю бунёдкорона ва шоистаи сокинони мамлакат мебошад.

Дастовардҳои бомаром ва пайваста дар роҳи сулҳу субот, оромӣ ва пешрафту шукуфоӣ дар Тоҷикистон душманони ин марзу бум ва миллатро ором намегузоранд.

Имрӯз сокинони Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва оромӣ зиндагӣ карда, бо ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат тавассути меҳнати софдилона баҳри шукуфоии минбаъдаи мамлакат роҳ ҷониби фардои дурахшон устуворона қадам мезананд. Пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз қудрату иқтидор ва тавоноии сокинони он дарак медиҳад. Ҳар қадаре, ки  кишвари мо муқтадиртар гардад, ҳамон қадар душманони он заифу маъюс мегарданд. Зеро душманони ин сарзамину мардуми озодаи он аз пешравию шукуфоӣ ва қудратмандии давлати тоҷикон ғамгин гашта, дар ҳаросанд, ки ғояҳои муғризонаи худ ва хоҷагонашонро минбаъд амалӣ карда наметавонанд.

Душманони миллат ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашидани миллат қарор доранд.  Вале онҳо дарк кардан намехоҳанд, ки ин ниятҳои нопокашон кайҳо хок хӯрда, рафтори муғризонаашон барои тамоми ҷаҳониён ҳамчун рафтори ҷаҳолатпешагӣ ошно гардидааст.

Имрӯз Тоҷикистони дорои иқтидори қавӣ бо фарзандони фарзонаи хеш устуворона сӯи пеш қадам мезанад ва қувваҳои бадхоҳ кайҳо назди он оҷиз мондаанд.  Дастандаркорони ТЭТ ҲНИТ, ки бо шӯру валвала дар ҳамоишҳои кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла, дар нишасти анъанавии  САҲА дар Варшава вазъ мегӯянд, дарк кардан намехоҳанд, ки ин ватану сокинонаш аз сулҳу суботи мамлакат, пешрафту шукуфоӣ ва зиндагии шоистаашон ифтихор доранд ва сарбаланданд.

Эътилофи «Паймони миллӣ» боз як сохтакории дастандаркорони назҳатӣ буда, атрофи ин эътилоф ҳамон гурӯҳи манфури миллатбезору ватанбезор ва хизматгорони хоҷагони хориҷӣ гирд омадаанд, то ки мақсадҳои нопок ва амалӣ ногардидаашонро бо ниқоби нав таҳмил намоянд.

Миллати тоҷик ва сокинони Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилиро, ки аз ҷониби бадхоҳони миллати тоҷик тарҳрезӣ ва амалӣ гардида буд, то ҳол фаромӯш намесозанд.  Ин бадхоҳон намехоҳанд, ки Тоҷикистон қудратманд ва пешрафта бошад. Ҳамин аст, ки ҳар кадоме аз дастоварҳои нав ба нави Тоҷикистон дар ҷодаи иқтисод, фарҳанг, сиёсат, иҷтимоиёт онҳоро пайваста ба ларза меоварад. Пешорӯи ҳар кадоме аз дастовардҳои даврони истиқлолият, ки маҳз барои зиндагии орому осуда ва шоистаи сокинони мамлакат равона гардидааст, тавассути ин ё он амали ноҷавонмардонаашон аз худ дарак медиҳанд ва ба симои Тоҷикистони азиз дар назди ҷаҳониён аз диди бадхоҳонаи худ баҳо доданӣ мешаванд. Бехабар аз он, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳхоҳу обод ва машъалбардори ҳалли масоили глобалӣ кайҳо миёни ҷаҳониён муаррифӣ ва мақоми созанда касб кардааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, давлати ободу осуда, қудратманду тавоно бо мардуми фазилатпешаю фарҳангӣ ва дорои зиндагии шоиста, музаффариятҳои даврони истиқлолиятро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дошта, устуворона сӯйи пеш қадам мезанад. Дигар қуввае боқӣ намондааст, ки пеши роҳи пешрафту шукуфоии ин ватани биҳиштосо, сокинони хештаншиносу бофарҳанг ва заҳматпешаашро бигирад. Ин роҳе, ки тоҷикистониён сарҷамъона таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паймуда истодаанд, ба самти ободию созандагӣ мебарад.

Фазлиддин ҚОДИРОВ,
Гулмоҳ ҚОДИРОВА
дотсентони Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2018 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Муколамаи навбатии занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад