САҲА БАРОИ КӢ ҶАЛАСАҲОИ ҲАНГОМАХОҲОНА БАРПО МЕКУНАД? Изҳороти Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2018 12:36

ДУШАНБЕ, 15.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба АМИТ «Ховар» чун ягона агентии давлатӣ, ки пайваста паи ҳифзи ормонҳои давлату миллати тоҷик фаъолият мекунад, аз номи кормандони тамоми вазорату идораҳо,   ташкилоту муассисаҳо, созмону ҷамъиятҳо ва одамони алоҳида паёму номаҳо, муроҷиату изҳорот ва  андешаю мулоҳизот ворид мегарданд. Ҳамаи онҳо бо як мақсад-маҳкум намудани дурӯғпароканиҳои неруҳои мухолифини давлати мо дар пойтахти Полша-шаҳри Варшава ва амалҳои иғвогаронаи Ҳизби наҳзати ислом иншо гардиданд. Ин муроҷиатҳо аз он дарак медиҳанд, ки мардуми тоҷик сулҳу суботи пойдори мамлакатро бо ҷон хоҳону нигаҳбон буда, муқобили дигарбора ба коми ҷанг кашидани давлати соҳибистиқлоли хешанд.

 Дар робита ба ин мавзуъ имрӯз ба АМИТ «Ховар» аз номи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ муроҷиатнома расид, ки дар он  омадааст:

Адибон, чун кулли зиёиёни миллат, ҳама умр дар орзӯи Истиқлолият, шукуфоии кишвар ва беҳбуди воқеии рӯзгори моддию маънавии мардуми хеш буданду ҳастанд.

Яъне, он чиро мехостанд, ки инак аз шарофати сиёсати созандагию бунёдкории давлату ҳукумати Тоҷикистон муҳайё шудааст. Имрӯз вазифаи ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, барои бештар шудани дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими ваҳдату муттаҳидии халқамон, афзудани обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳон ҷаҳду талош намудан мебошад.

Амри воқеист, ки қомат рост кардани халқи заҳматкаши кишвари биҳиштосо, афзудани обрӯю эътибори кишвари соҳибистиқлол, дар сархати барномаҳои созмонҳову расонаҳои ҷаҳонӣ зикр шудани ташаббусҳои бузурги башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари заминиву замонии он ба мухолифини безамину безамина, дарбадару лаббайгӯи бозингарони бешарафи хориҷӣ намефорад. Онҳо боз ҳам обро лой карда, моҳӣ гирифтан мехоҳанд, лекин халқи шарифи Тоҷикистон заҳри найрангҳои онҳоро, ки зери парчами ислом амалӣ мекунанд, борҳо чашидаву бадасливу бадбунёдиашонро хуб фаҳмидааст.

Дар ин замина кишвар ба кишвар гаштани ватангадоёни Ҳизби наҳзати ислом ва бо як мушт ашхоси берушди баддилу ҳангомахоҳ ба қавли худашон “конфаронс”-у “сампозюм”-ҳо баргузор намудану бозори туҳмату ғайбатҳои берўёнаро нисбат ба Тоҷикистон гарм карданашон ҳайратовар нест, чунки ҳам неши ин ақрабон аз пайи кин асту ҳам муқтазои табиаташон ин. Ҳайратовар он аст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки тибқи номашу барномааш бояд муҳофизи амнияти кишварҳо бошад, халалбахшону вайронкунандагони касифнияти амнияти давлати соҳибистиқлолеро, ки узви ҳама созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ, аз ҷумла худи САҲА аст, гӯш медиҳаду барояшон ҷаласаҳои ҳангомахоҳона меорояд.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ин дастгирии бешарафонаи ҳизби мутаассибону вайронкоронро, ки бисёр кишварҳо ва ташкилотҳои муътабари байналмилалӣ дар асоси санаду далелҳои раднопазир барҳақ террористиву экстремистиаш донистаанд, қотеъона маҳкум намуда, пешниҳод менамояд, ки масъала ҷиддан ба муҳокимаи ҷаласаи сарони СҲШ пешниҳод бигардад ва то ба тавқифи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА- ин созмони бемавқеъ, дурӯя ва поймолкунандаи принсипу омилҳои амнияти давлатҳову миллатҳо масъалагузорӣ сурат бигирад.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2018 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид