САЛОМАТИИ ҲАР ФАРД ДАР ДАСТИ ХУДИ ӮСТ! Ҳангоми табобати дандон ба тозагӣ ва хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ аҳамияти ҷиддӣ бояд дод

Сентябрь 14, 2018 08:24

ДУШАНБЕ, 14.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якуми сентябри соли равон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати «Рӯзи дониш» ва оғози соли нави таҳсил суханронӣ намуда, оид ба   бемасъулиятии  табибон, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо, ки сабаби ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани шаҳрвандон мегарданд,  изҳори ташвиш карданд. 

Сарвари давлат зикр намуданд,  ки дар кишвар 254 муассисаи хусусии табобати дандон фаъолият мекунанд, ки вазъи қисме аз онҳо ташвишовар мебошад.  «Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари муассисаҳои хусусии табобати дандон меъёрҳои соҳаи тандурустӣ риоя намешаванд ва қисми зиёди утоқу таҷҳизоти онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқат намекунад. Чунин вазъ боиси ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамоне мегардад, ки ба чунин муассисаҳо муроҷиат мекунанд»,- илова намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки айни замон дар ҷумҳурӣ бисёр марказҳои давлатию ғайридавлатии стоматологӣ фаъолият мекунанд. Дар онҳо усулҳои нави дандонгузориву табобати он роҳандозӣ шуда, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешаванд. Аммо нигаронии мардум аз сироятёбӣ ва гирифторӣ ба бемориҳои гуногун торафт зиёд мешавад.  Сару садоҳои зиёде ба гӯш мерасанд, ки ҳангоми табобати дандон чандин нафарон сироят ёфта, гирифтори  бемории Гепатит ё ин ки ВИЧ/СПИД  шудаанд.

Дар робита ба ин масъала мухбири АМИТ «Ховар» бо
сардори шуъбаи назорати давлатии муассисаҳои  тиббии ғайридавлатии Сарраёсати  назорати фаъолияти тиббии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   Ҷамшед Саъдиев ҳамсуҳбат гардида, оид ба фаъолияти муассисаҳои дандонпизишкӣ ва назорати фаъолияти онҳо дар ҷумҳурӣ   пурсон шуд.

Ба гуфтаи  Ҷ.Саъдиев, давоми 8 моҳи соли равон аз ҷониби Хадамот дар муассисаҳои хусусии тиббӣ  санҷишҳои нақшавӣ,  ғайринақшавӣ ва  такрорӣ,  санҷиши муштарак бо мақомоти қудратӣ гузаронида шуда, нисбат ба шахсони вайронкунандаи қоидаҳо боздошти фаъолият, пешниҳод ба суд, паст кардани дараҷаи тахассусӣ ва муҷозоти  интизомӣ татбиқ карда шудаанд.

«Дар ин муддат  ҳангоми санҷишҳо  аз ҷониби мутахассисони Хадамот    дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  28 муассисаи хусусӣ   ва 12 нафар дандонпизишкон   ҷарима карда шуданд. Ҳангоми пайдо шудани камбудиҳо фаъолияти муассисаҳои хусусӣ то бартараф намудани онҳо муваққатан боздошт карда мешаванд», — зикр намуд ҳамсуҳбат.

Инчунин зикр шуд, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳои муштарак бо намояндагони  мақомоти   қудратӣ аз ҷониби мутахассисони Хадамот  дар муассисаҳои хусусии тиббӣ норасоию камбудиҳо ошкор гардиданд, аз ҷумла,  тибқи талаботи муқарраргардида ба роҳ намондани ҳуҷҷатгузории тиббӣ, риоя накардани дастурҳои клиникии соҳавӣ ҳангоми муоина, ташхис ва табобати беморон,  сари вақт нагузаштани мутахассисон аз давраҳои такмили ихтисос,  ташкил накардани  дастгоҳи тамизгардонии буғӣ ва  ташхиси тестҳои фаврӣ барои муайян намудани ВНМО ва гепатитҳо.

«Чанд сол мешавад, ки мо пеш аз оғози табобат сараввал беморонро аз ташхиси  тестии фаврӣ мегузаронем, то маълум кунем, ки онҳо ба бемориҳои сироятӣ гирифтор набошанд. Баъдан табобатро оғоз мекунем», — гуфт дар суҳбат бо мо сардухтури Дармонгоҳи дандонпизишкии шаҳрии №2-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷурабек Маҳмудов.

Ба гуфтаи ӯ, чунин усули гузаронидани тестҳои фаврӣ дар ҳама муассисаҳои дандонпизишкӣ ҷорӣ шудааст, ки он барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сирояти кумак мекунад.

Ҷурабек Маҳмудов собиқаи беш аз 24- солаи кор дар ин соҳа дошта,  4 сол мешавад, ки ба ҳайси сардухтур дар ин дармонгоҳ фаъолият мекунад. Ба гуфтаи ӯ,   чанд соли охир баъд аз маълум шудани ташхиси ягон нафар, ки гирифтори гепатит ё ВИЧ/СПИД шудааст, мардум ба ин ҳолат дандонпизишконро бештар гунаҳгор мекунанд. Аммо роҳҳои гуногуне мавҷуданд, ки одамон тавассути онҳо ба ин гуна бемориҳо гирифтор шуда метавонанд.

«Тавре мебинем, рӯз аз рӯз технология пеш рафта, дар соҳаи тиб низ таҷҳизоти замонавӣ бештар истифода мешаванд. Дар давоми 4 соли охир ба дармонгоҳи мо   12  адад дастгоҳҳои нави   стоматологӣ ворид шудаанд. Мо ҳамарӯза ба беморон кумаки худро мерасонем ва ҳангоми табобат аз асбобҳои яккарата истифода мебарем. Дар  дармонгоҳ беш аз 40 нафар мутахассисони ботаҷриба фаъолият мекунанд, ки ҳамасола мо онҳоро баҳри   такмили ихтисос   ба хориҷи кишвар равон мекунем. Вале кор бе камбудӣ намешавад.  Ҳар се моҳ аз Хадамоти назорати давлатии  тандурустӣ   омада, аз таҷҳизоти мо обшуста, яъне намуна гирифта,  санҷиш мегузаронанд, то он ба талаботи санитарии таҷҳизот ҷавобгӯй бошад. Ҳангоми пайдо шудани камбудиҳо аз тарафи масъулин муҳлат дода мешавад, то мо онҳоро бартараф намоем».

Бояд гуфт, ки дар аксар муассисаҳои хусусӣ  меъёрҳои тиббӣ риоя намешаванд ва қисми зиёди утоқу таҷҳизоти онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқ нестанд. Ин ҳолат сабаби ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамон мегардад. Дар робита ба ин гуфтаҳо Ҷ. Маҳмудов  чунин иброз дошт: «Муассисаҳои хусусие мавҷуданд, ки ба  талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд,  аммо аз тарафи  сохторҳои  назоратӣ  онҳо пайваста   аз санҷишҳо гузаронида мешаванд. Бояд зикр намоям, ки    дар баробари ин муассисаҳои хусусие ҳастанд, ки ба ҳама талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯянд. Дар онҳо мутахассисони ботаҷриба фаъолият намуда, ба мизоҷон дар  сатҳи олӣ хизмат мерасонанд».

Мудири Маркази стоматологияи хусусии шаҳри Душанбе Фарҳод Идрисов  зикр намуд, ки беморӣ ё вирусе, ки тариқи табобати дандон имконияти сироят карданаш бештар аст, ин вируси гепатит мебошад. Барои пешгирии ин гуна ҳодисаҳо табибон асбобу анҷоми яккарата истифода мебаранд.
«Ба маркази мо рӯзе то 10-15 нафар барои табобати дандон муроҷиат мекунанд. Бештари онҳо ҷавонон мебошанд, ки ҳолати беҳдошти дандонро хуб риоя намекунанд. Пеш аз оғози табобат мо дар назди бемор асбоби яккарата кушода, бо он табобатро шурӯъ  мекунем. Ва он таҷҳизоте, ки барои табобат истифода мешаванд, баъди табобати ҳар як бемор коркард мешаванд»,-илова намуд Фарҳод Идрисов.

Ба гуфтаи Ф.Идрисов, ҳар як   беморе, ки ба мо муроҷиат мекунад, пеш аз оғози табобат ба тозагии утоқи корӣ ва дигар  таҷҳизот аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аммо, мутаассифона, ҳастанд бемороне, ки умуман дар бораи тоза кардани таҷҳизот пеш аз оғози табобат ё истифода бурдани таҷҳизоти яккарата  умуман пурсон  намешаванд.

Закия Муродова,  сокини 56- солаи шаҳри Душанбе мегӯяд,  тӯли чанд сол аст дандон табобат мекунад,  аммо боре ҳам фикр накардааст, ки ҳангоми табобати дандон ба ягон бемории сироятӣ метавонад гирифтор шавад.  «Ман ҳоло дандонамро табобат карда истодаам. Пеш аз оғози табобат  табиби дандон маро барои ташхиси фаврӣ равон кард.  Айни ҳол дар даст ин ташхисро дораму табобатро оғоз кардам».

Ба саволи мо дар мавриди он ки оё ӯ пеш аз сар кардани табобат аз табибон таҷҳизоти яккарата талаб кардааст ё не, мавсуф чунин посух дод: «Ростӣ, боре ҳам инро напурсидааму аҳамият ҳам надодаам. Аммо вақтҳои охир овоза шудааст, ки зимни табобати дандон аксарияти мардум ба бемории Гепатит гирифтор шудаанд. Баъд аз шунидани ин овозаҳо тарсон шудаму минбаъд ба тозагии утоқу таҷҳизоти тиббӣ аҳамият медиҳам».

Ин зан мегӯяд, ки дар бораи Қарори 600 чизе нашунидааст ва намедонад, ки нархи табобат чӣ гуна муайян карда мешавад.  «Ростӣ, баъд аз табобат табиб маро ба хазина равон кард ва ман дар он ҷо аз рӯи хизмати расонидаи ӯ маблағи заруриро месупорам»,- гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» қабул шудааст, ки дар он  тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ   дар асоси моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» таҳия шуда, тартиб ва шароити пешниҳод намудани хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва музднокро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ муайян месозад.

Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ   он тартиби хизматрасониро ба аҳолии ҷумҳурӣ, ки тибқи Қарори 600 қабул гардидааст, тариқи овезаҳо ташкил кардааст. Аз рӯи  он шаҳрвандон ба худ маълумот мегиранд ва мефаҳманд, ки  тартиби хизматрасонӣ дар муассисаҳо чӣ гуна аст.

Як сокини шаҳри Душанбе, ки Нилуфар ном дорад, дар суҳбат ба мо гуфт, ки дар синни 24-солагияш ҳангоми  табобати дандон ба бемории Гепатит гирифтор шудааст.

«Айни ҳол 30 сол дорам,  чанд сол қабл ҳангоми табобати дандон ба ин беморӣ гирифтор шудам. Он вақт фикр намекардам, ки  тариқи табобати дандон шахс аз ин гуна вирус   сироят ёфта метавонад».

Аз гуфтаи ҳамсуҳбат маълум гардид, ки аз беаҳамиятии ӯ ва ҳангоми табобат талаб накардани таҷҳизоти яккарата ё коркард нашуда ба ин гуна беморӣ гирифтор шудааст.

Аз рӯи ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки   аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ  доир ба ин гуна  тартибот ё ин ки талаб кардани таҷҳизоти яккаратаву тамъизшуда  умуман маълумот ва  ё фаҳмиши кофӣ надоранд. Пас, дар ин гуна ҳолатҳо гунаҳгор донистани танҳо духтурон низ роҳи ҳалли масъала нест. Агар беморон ба қадри саломатии худ нарасанд, аз табибон таҷҳизоти тоза талаб накунанд, ин амал ва бепарвоияшон сабаби ба ҳар гуна бемориҳои вирусӣ дучор шудани онҳо мешавад.   Бояд гуфт, ки дар ин самт маърифати ҳуқуқии аҳолӣ   нисбат ба хизматрасониҳои тиббӣ бояд баланд бардошта шавад.

Сарвари давлат зимни суханронии хеш  дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки «барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки боиси ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ ворид карда шавад».

Аз ин рӯ ҳар яки моро мебояд, ки ҳангоми табобати дандон ё истифода аз хизмати сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн, пеш аз ҳама, ба тозагии онҳо ва хизматрасонии ин муассисаҳо  аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Чунки саломатии ҳар як фард дар дасти худи ӯст.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Сентябрь 14, 2018 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»
Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии вилояти Суғд машварат баргузор шуд
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
«МУОИНАИ ТЕХНИКӢ». Дар 5 рӯз 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт гардид
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад
Доир ба нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Дар Санкт-Петербург Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд