Шоҳмотбозони беҳтарини Бадахшон барои Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ ба рақобат пардохтанд

Сентябрь 4, 2018 16:45

ХОРУҒ, 04.08. 2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ мусобиқа аз намудҳои футболи хурд, шоҳмот ва тенниси рӯимизӣ идома дорад. Ғолибони мусобиқа бо Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «мусобиқа байни 12 нафар шоҳмотбозони беҳтарини шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом расид. Ба даври ниҳоӣ дар ин бозӣ ду нафар шоҳмотбозони шинохтаи кишвар Олуча Ҷумъаев ва Алишер Мамадаёззода, ки ҳарду номзад ба Устоди варзиши ҷумҳурӣ мебошанд, роҳ ёфтанд. Бо каме бартарӣ Олуча Ҷумъаев дар ин рақобат пирӯз шуд ва мақоми аввалро аз худ кард. Ҷои сеюмро Нозим Мақсудшоев соҳиб гардид».

Ба гуфтаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят, як моҳ пеш дар маҳаллаи Хоруғи боло  бо кумаки Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ майдончаи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо ин шумораи дастаҳои довталаб барои гирифтани Ҷоми Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ бамаротиб афзуд.

Ҳоло байни 24 даста мусобиқа идома дорад ва бозии ниҳоӣ 6 сентябр баргузор мегардад. Қарор аст, ки дар ҳамин рӯз бо ширкати Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода маросими супурдани ҷоизаи асосӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ доир гардад.

 

Сентябрь 4, 2018 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд