СИЛОҲ ҒАЙР АЗ БАДБАХТӢ БА ИНСОН ЧИЗИ ДИГАРЕ НАМЕОРАД. Муроҷиатномаи занону модарони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба ҷавонони вилоят

Сентябрь 25, 2018 09:05

ДУШАНБЕ, 25.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи инсонҳо сулҳу субот, оромиву осоиштагиро дӯст дошта, ҳамеша дар орзуи онанд. Вале занону модарон ин осоиштагиро дучанд хоҳонанд, зеро онҳо бо умед фарзанд ба дунё меоранд, то дар фазои тинҷу амният ӯро ба камол расонида, ояндаи дурахшонашро таъмин намоянд. Муроҷиатномае, ки имрӯз ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» расид, саршор аз чунин орзуҳои нек аст:  

Мо, занону модарон имрўзҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат ба даст омадааст, басо хушнуд буда, сиёсати созандаву ободкоронаи ўро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Дар атрофи ғояҳои ояндасози Пешвои сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, намегузорем, ки ягон қуввае фазои ороми Ватани маҳбуби моро халалдор созад.

Солҳои охир  шаҳри  маҳбубамон — Хоруғ бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмати аҳлонаи сокинони меҳнатқаринаш воқеан ба шаҳри зебои афсонавӣ монанд мешавад. Шаҳре, ки аҷдодонамон дар афсонаҳо онро орзу доштанд. Ин шаҳри гаҳвораи умеди хурду бузурги Бадахшон нигини  Бадахшон ном гирифта, ҳар фарди вилоят  барои  тақдири ояндаи он худро масъул мешуморад. Бахусус аз мо, сокинон ва ҷавонони шаҳр вобаста аст, ки то чӣ андоза бо амалҳои накӯ ва писандидаи хеш ояндаи боз ҳам дурахшону равшани наслҳои ояндаамонро таъмин менамоем.

Мутаассифона, амалҳои ҷиноӣ ва ғайриқонуниву номақбули  гурӯҳи ҷавонон боиси ноором гардидани авзоъ дар шаҳри азизамон гардидаанд. Ҳар як бесуботӣ ва нооромӣ чун тир, пеш аз ҳама, ба ҷони занону модарон мехалад, зеро Зан-Модар мавҷуди нозук, латиф, ҳассос, қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда, оқибати ҳар ҷангу хунрезӣ бештар аз ҳама ба ҷони занону модарон чанг мезанад, чаро, ки модар азизтарин офаридаи хеш- фарзандро аз даст медиҳад.

Омилҳои асосии таниш ва нооромиҳо асосан ба мавҷудияти силоҳ дар дасти иддае аз ҷавонони мусаллаҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд мебошанд. Аз силоҳ ҳамчун манбаи хатар ва куштор дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона солҳои охир дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят чандин шаҳрванд  ба ҳалокат расиданд ва ё маъюбу маслуқ шуданд. Силоҳ ғайр аз бадбахтӣ ба инсон чизи дигаре намеорад.

Мо ба ҳамаи ҷавононе, ки дар даст силоҳ доранд, ҳамчун ба фарзандони худ муроҷиат намуда, мегўем, ки силоҳашонро ихтиёран ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ супоранд.

Ихтиёран супурдани силоҳ шахсро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мекунад ва аз тарафи дигар, дар шаҳри мо амнияту осудагӣ таъмин мегардад, ки он орзуи ҳамаи сокинони ВМКБ  мебошад.

Қочоқ ва фурўши маводи мухаддир ҷомеаи моро ба хатари нобудӣ кашонда, ҳамасола теъдоди зиёди ҷавонони гирифтори он ҷони ҷавонашонро аз даст медиҳанд. Он сабаби бадбахтӣ дар хонаводаҳо мешавад  ва  ин амали нангину  ноҷавонмардонаи зомин шудан ба ҷони инсонҳо бар дӯши онҳоест, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доранд. Мо, занону модарон гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро қотеъона маҳкум менамоем ва бовар дорем, ки ба хотири таъмини наслҳои солими оянда тамоми қишрҳои ҷомеа моро дастгирӣ мекунанд.

Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон Сарвари давлат як зумра иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо мақсади тараққӣ додани минтақа санги асоси иншооти зиёди гуногунро гузоштанд.

Итминон  дорем, ки ақлу иродаи солим ғалаба мекунад ва дар шаҳри азизу зебоямон тинҷиву осудагӣ ва амонӣ ҳамеша ҳукмфармо хоҳад буд.

Мо бо камоли масъулият, чун зан-модар ба ҷавонони саодатманду ҳушёру зираки вилоят муроҷиат менамоем, ки дар чунин даврони ҳассос зиракиву ҳушёриро аз даст надода, фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи миллатро пайравӣ накунанд.

Фарзандони азиз!

Ба шумо муроҷиат намуда, иброз менамоем, ки мо, занону модарон бо баҳои ҷони худ намегузорем, ки аз дасти нохалафе фарзанди инсоне аз ҳаёт маҳрум шавад ва ба ин хотир қотеъона ва муттаҳидона бар зидди ҳар гуна иғво ва ҷангандозӣ овоз баланд мекунем. Намегузорем, ки  садои  мағшуши  тир аз дили  занону  модарон  ва  фарзондонамон  гузарад.

Бо ин нигошта аз тамоми ҷавонони вилоят  даъват ба амал меорем, ки биёед дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҷашни фархунда ва ҳумоюни миллат- 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамонро ҳамчун ормони халқи сулҳпарвари тоҷик бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирем!

Сентябрь 25, 2018 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.
Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид
Тавассути «Почтаи Тоҷикистон» беш аз 27 миллион рӯзномаю маҷалла ба мизоҷон расонида шуд
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид