СИМУ ЗАР ПЕШИ ҲУНАР ЧИЗЕ НЕСТ… Ташаккули оила ва ҷомеа аз зан-бонуи соҳибкасб сарчашма мегирад

Сентябрь 5, 2018 16:22

ДУШАНБЕ, 05.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақому манзалати занону духтарон дар ҷомеа, бахусус  соҳиби касбу ҳунар гардидани онҳо таваҷчуҳи  махсус зоҳир менамоянд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ эълон гардидани соли 2018 шаҳодати ин гуфтаҳост. Ин нукта  дар  ҳамоише, ки имрӯз таҳти унвони   «Фарогирии духтарон ба касбомӯзию  илмомӯзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» бахшида ба ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе доир шуд, баён гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки  Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шаҳри Душанбе  аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, ҳадафаш баррасии масъалаҳои марбут ба  ҷалби бештари  ҷавондухтарон ба зинаи сеюми таҳсил-омӯзиш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун  мебошад. Дар ҳамоиш  собиқадорон, ҷавондухтарони  идораю муассисаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои  пойтахт, инчунин духтароне, ки дар асоси квотаи Президентӣ аз минтақаҳои дурдасти кишвар дар   мактабҳои олии  кишвар таҳсил менамоянд, иштирок  доштанд.

Мудири шуъбаи  кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  Заррина Зуҳурова зикр кард, ки  дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бархе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, аз қабили Яккачинор ва Бӯстон марказҳои касбомӯзӣ ташкил карда шуда, дар онҳо ҷавондухтарон ба омӯзиш ва аз худ намудани касбу ҳунар, хусусан ҳунари дӯзандагӣ машғуланд, ки ин ба беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷавондухтарон  мусоидат менамояд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон  собиқадори ҳизбу меҳнат Марҳабо Ҷабборӣ, омӯзгори Литсейи  касбии алоқаи шаҳри Душанбе  Фасоҳат Мелибоева, таълимгирандаи Маркази  таълимии «Бонувони сарвар»  Шукрона Расулова  ва дигар иштирокдорон роҷеъ ба дастрасии бонувону духтарон  ба касбомӯзию илмомӯзӣ, нақши марказҳои  таълимӣ дар  рушди илм ва касбомӯзиии  духтарони болаёқат  ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат   дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои касб ва ҳунаромӯзӣ таъсис дода шуда, дар онҳо ҳазорҳо нафар ҷавонон, хусусан ҷавондухтарон ба азхудкунии касбу ҳунар машғул гардида, имрӯз дар истеҳсолот фаъолият доранд. Ба андешаи иштирокдорони ҳамоиш, зани бомаърифату ҳунарманд дар ҷомеа мақому манзалати шоиста дошта, соҳибэҳтиром  аст. Аз ин рӯ, ташаккули оила ва ҷомеа  ба бонувони ҳунарманду соҳибмаърифат иртибот дорад.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки ба шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолии мамлакат дар Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030 махсус зикр гардидааст. Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон дигар паҳлуҳои ба  касбу ҳунаромӯзӣ  ҷалб намудани ҷавондухтаронро  бо истифода аз имконоти мавҷуда баррасӣ намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.

                                                                        Марзия САИДЗОДА,
                                                                               АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2018 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд