СОҲИБИСТИҚЛОЛЕМУ СОҲИБВАТАН! 16 синфхонаи иловагӣ-туҳфаи идона ба хонандагони мактабҳои Сангвор
САНГВОР, 08.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор дар назди 8 муассисаи таълимии ноҳия 16 адад синфхонаҳои иловагӣ бо 250 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.
Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Сангвор, дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аз ҳисоби саҳми волидайни хонандагону соҳибкорон ва буҷаи ноҳия зиёда аз як миллиону 400 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст.
Инчунин ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон дар 5 ҷамоати деҳот сохтмони 5 варзишгоҳи замонавӣ, ҳаммом, сартарошхонаҳо ва кошонаи ҳусн барои бонувон оғоз гардид, ки дар оянда мавриди баҳрабардории сокинон қарор мегиранд.
Муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор Темур Қурбонзода гуфт, ки давоми 27 соли Истиқлолияти давлатӣ сокинони ноҳияи Сангвор ба бисёр пешравиҳо ноил гардиданд ва имрӯз маркази ноҳия симои худро тамоман дигар кардааст. Биноҳои зебову замонавӣ диққати мардумро ба худ ҷалб мекунанд. Рӯз то рӯз кӯчаву маҳаллаҳо зеботару дилкаштар мегарданд. Дар 27 соли Истиқлолият зиёда аз 100 километр хатҳои оби нӯшокӣ дар 15 деҳаи ҷамоатҳои деҳот, 10 канали обёрикунанда, 22 пули мошингузар, зиёда аз 22 пули пиёдагузар дар ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара, Чилдара, Вахё, Сангвор ва Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки самараи истиқлолият мебошанд.
Мудири маорифи ноҳия Нуриддин Таваккалов иброз дошт, ки дар ноҳияи Сангвор то соли 1992 ҳамагӣ 26 муассисаи таълимӣ фаъолият дошт.
Тавре аз нишондиҳандаҳо бармеояд, дар замони Истиқлолият шумораи муассисаҳои таълимӣ хеле афзуда, дар зарфи 27 соли соҳибистиқлолӣ сохтмони 46 бинои муассисаҳои таълимӣ ба анҷом расонида шуда, хонандагон аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра ба биноҳои хуштарҳу замонавӣ гузаштанд.
Дар ин давра аксарияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ба миёна табдил дода шуданд, ки мақсад аз ин иқдом пурра ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони деҳаҳои дурдаст мебошад.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






