Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Т оҷикистон — дар меҳвари мулоқоти Абдуҷаббор Азизӣ ва Пратибха Мехта

Сентябрь 26, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 26.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи  Стратегияи миллии рушди  /СМР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  имрӯз дар мулоқоти муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳамоҳангсози доимии дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Мехта баррасӣ гардид.

А. Азизӣ зикр кард, ки  СМР-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст.

Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст. СМР-2030 инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад.

Гуфта шуд, ки диққати асосӣ дар ҲРУ ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд.

Зикр гардид, ки машваратҳои миллӣ аз рӯи рӯзномаи ҲРУ имкон доданд афзалиятҳои асосии рушди кишвар баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯи тадбирҳои дар СМР-2030  инъикосёфта равона шудаанд, муайян карда шаванд. Ба чунин афзалиятҳо – маориф, тандурустӣ,  шуғл, нобаробарӣ, мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, идоракунии самаранок, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  пешгирии низои эҳтимолӣ, амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ шомиланд. СМР-2030 дар назар дорад, ки барои амалисозии чунин афзалиятҳо ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нақши муҳим дошта бошанд.

Ҳамоҳангсози доимии дафтари намояндагии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Мехта афзуд, ки  дар оянда низ мо Парлумони касбии Тоҷикистонро дар ҳама самтҳои фаъолияташ  дастгирӣ намуда, барои рушди парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро мегузорем.

Сентябрь 26, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид