Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералӣ-иштирокдорони ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 16-уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Сентябрь 20, 2018 10:15

20.09.2018 шаҳри Душанбе

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!

Меҳмонони азиз!

Пеш аз ҳама мехоҳам Шуморо ба пойтахти Тоҷикистон хайрамақдам гӯям ва ба кори ҳамоиши дарпешистода ба Шумо муваффақият таманно намоям.

Прокуратура яке аз сохторҳои муҳими дастгоҳи давлатӣ ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад.

Дар назди он вазифаҳои бағоят мураккабу масъул дар самти таъмини волоияти қонун ва тартибот, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон, арзишҳои демократӣ, дар маҷмуъ манфиатҳои давлат ва ҷомеа меистанд.

Дар ин қатор масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла бо шаклҳои фаромиллӣ ва муташаккили он мавқеи хосро ишғол менамоянд.

Аз ин рӯ, таъмини ҳимояи боэътимоди давлатҳои мо ва шаҳрвандони онҳо аз намудҳои гуногуни  сӯиқасди ҷинояткорона аз самаранокии фаъолияти муштараки шумо дар сатҳҳои зарурӣ вобаста аст.

Фикр мекунам, ки мулоқотҳои имрӯзаи шумо имконияти хубе барои  хулосагирӣ аз таҷрибаи мусбии мутақобилаи ҳамгироӣ ва муайян намудани самтҳои нави кӯшишҳои муштарак ҷиҳати тақвият додани қонуният, амният ва субот дар кишварҳои мо мегардад.

Ҷаласаи шумо дар давраи душвор, ки вазъ дар ҷаҳон босуръат тағйир меёбад, доир мегардад.

Дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон  вазъ торафт пуршиддат гардида, таҳдидҳо ба амният дар миқёси ҷаҳон ва минтақа меафзояд.

Омилҳои алоқаманд бо терроризм, зуҳуроти зӯроварии экстремизм, радикализми динию сиёсӣ ва амалҳои тахрибкоронаи дигар  ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра оқибатҳои фоҷиаангез ба бор меоранд.

Тавре маълум аст, Тоҷикистон – ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолии худ – тамоми  сангинии ин зуҳуроти хатарнокро  санҷид.

Он замон мо ҳамаи зуҳуроти даҳшатангезе, ки имрӯз дар Сурия, Яман, Ироқ ва Афғонистон ба чашм мерасад, аз сар гузаронидем.

Дар натиҷаи бесарусомонӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби нерӯҳои муайяни берунӣ дастгирӣ  меёфтанд, садҳо ҳазор нафар ҳалок гарндиданд, беш аз як миллион мардуми осоиштаи кишвар хонаҳои худро аз даст дода, гуреза шуданд.

Хисороти умумӣ бар асари ин бархӯрдҳо беш аз 10 милиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои охир ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки қувваҳои радикалӣ ва террористӣ аз ниятҳои  нопоки худ нагаштаанд ва минбаъд низ фаъолиятҳои  тахрибкоронаи худро дар минтақаи мо афзоиш доданианд.

Далели равшани ин ҳамлаи мусаллаҳонаи террористон ба сайёҳони хориҷӣ дар охири моҳи июли соли ҷорӣ дар ҷануби Тоҷикистон мебошад.

Дар ин замина, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ба даст овардани муваффақият дар мубориза бар зидди таҳдидҳои глобалӣ ба амният ҳамоҳангии фаъолияти ҷомеаи байналмилалӣ ва азми қатъии давлатҳоро тақозо мекунад.

Омили муҳими самаранокии кӯшишҳои мо дар ин ҷабҳа таҳия ва қабули муносибати ягона ба мафҳумҳои «терроризм ва экстремизм» мебошад.

Он ки ҳамдигарфаҳмии мутақобилаи ҳамаҷониба дар ин масъала дар сатҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай мавҷуд аст,  боиси хушҳолист.

Дар айни замон, дар сатҳи байналмилалӣ, мутаассифона, то имрӯз дар муайян намудани моҳияти терроризму экстремизм муносибати ягона мавҷуд нест.

Дар баробари ин, таҷриба нишон медиҳад, ки муборизаи самарабахш бо ин таҳдидҳо ба сиёсати «стандартҳои дугона» номутобиқ аст.

Бо дарназардошти ин омил гурӯҳҳои мухталифи радикалии дорои хусусияти террористию экстремистӣ аз ташкилотҳо ва ҷонибҳои алоҳидаи сиёсию итилоотӣ, молиявӣ ва ҳомиёни онҳо истифода мебаранд.

Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун яке аз манбаъҳои дастгирии молиявии терроризми байналмилалӣ як мушкилоти дигари миқёси ҷаҳонӣ мебошад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон қариб ҳазору панҷас километр сарҳад дорад, ҳамчун сипар дар роҳи интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави ИДМ ва минтақаи масъули СҲШ хидмат мекунад.

Бо дарки дараҷаи ҷиддияти мушкилоти мазкур, мо ҳамаи чораҳои имконпазирро барои мубориза бо ин таҳдиди хатарнок меандешем.

Танҳо дар соли гузашта бо талошҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан чоруним тонна маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ гирифта шуд.

Фаъолияти тақрибан 140 гурӯҳ, аз ҷумла 7 гурӯҳи муташаккил, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул буданд, ошкор ва қатъ карда шуд.

Ноил шудан ба муваффақият дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аксаран аз амалҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда дар сатҳи минтақавӣ вобаста буда, нақши прокуророн дар ин масъала бағоят муҳим аст.

Дар шароити кунунӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ барои кишварҳои мо аҳамияти махсус дорад.

Дар ин самт андешидани тадбирҳои дахлдори қонунии вокуниш ҷиҳати пешгирии ҷойгиркунии маводҳои гуногуни радикалию экстремистӣ дар интернет-сегментҳои миллии кишварҳоямон аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон   пайгирӣ ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти дар кишварҳои мо паҳнкунандаи ғояҳои гуногуни динии радикалӣ, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои алоқаи электронӣ зарур аст.

Кӯшиши таъсиси ҳизбҳо ва ҳаракатҳои ғайриқонунии  дорои хусусияти экстремистиро дар назди мо ҳамин гуна масъала мегузоранд.

Пӯшида нест, ки гурӯҳҳои гуногуни экстремистӣ ва тамоюлҳо, бо истифода аз захираҳои мавҷудаашон, аз ҷумла захираҳои сиёсию иттилоотӣ ва молиявӣ кӯшиш мекунанд, ки дар минтақа мустақар бошанд.

Дар ин замина, эҳтимоли зиёди ба Ватан баргаштани шаҳрвандони мо, ки ба фаъолияти созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни «даргир» ҷалб гардидаанд, боқӣ мемонад.

Қисми зиёди сохторҳои шумо мақомоти ваколатдори марказии мамлакатҳои худ оид ба расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар масъалаҳои ҷиноӣ, шаҳрвандӣ ва оилавӣ, инчунин дар масъалаи дастгир ва истирдод намудани шахсони дар кофтуковбуда мебошанд.

Дар робита ба ин, масъалаҳои эҳтироми мутақобилаи қарорҳое, ки аз тарафи ҷонибҳо оид ба дастгир ва супоридани ҷинояткорон барои ба ҷавобгарӣ кашидан қабул мешаванд, муҳим мебошанд.

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Тамоюлҳои манфӣ дар рушди вазъи байналмилалӣ ба фазои ИДМ, СҲШ ва атрофи онҳо таъсири бевосита доранд.

Дар ин замина, «омили Афғонистон» дар назди мо вазифаҳои иловагии умумӣ мегузорад.

Якбора бад шудани вазъи ҳарбию сиёсӣ дар ин кишвари ба мо ҳамсоя боиси нигаронии махсусамон мегардад.

Комилан  аён аст, ки барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон омили асосии таъмини амнияти кишварҳои минтақа мебошад.

Муҳтарам иштирокдорони мулоқот,

Воқеиятҳои рӯзҳои мо нишон медиҳанд, ки ҳеҷ яке аз давлати дунё новобаста аз шакли ҳокимият ва иқтидори иқтисодӣ, ҳарбию сиёсӣ, аз амалҳои ҷиноии террористон ва зуҳуроти хушунатомези ифротгароён эмин нест.

Дар ин шароит ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуратура хусусияти комилан муҳим касб мекунад ва дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ давлатҳои мо иттифоқчии табиӣ мебошанд.

Густариши миқёси фаъолияти қувваҳои терроризм, экстремизм, радикализми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноят ва дигар зуҳуроти хавфноки рӯзҳои мо  таҳкими ҳамгироии мутақобиларо дар таъмини амният ва суботи муштарак тақозо мекунад.

Муттаҳид намудани талошҳо дар ин самт  аз авлавиятҳои   фаъолияти минбаъдаи муштараки мост.

Пеш аз ҳама тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти амниятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳоямонро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи ИДМ ва СҲШ бисёр муҳим мешуморем.

Дар ин раванд Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ, ки аллакай беш аз 20 сол боз фаъолият дорад, саҳми муҳим гузошт ва гузошта истодааст.

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ҳамчун воситаи муҳими ҳамгироии мутақобилаи минтақавии мақомоти прокуратура, дар ин муддат дорои таҷрибаи комил ва бисёр муфиди фаъолияти муштарак гардид.

Ҷаласаҳои прокуророни генералии давлатҳои аъзои СҲШ дар пешбурди муваффақонаи ҳамкории ҳуқуқии кишварҳоямон нақши муҳим мебозанд.

Солҳои охир ҷуғрофияи иштирокдорони ин механизми ҳамгироии мутақобила ба таври назаррас васеъ гардид.

Мо иштироки ҳайатҳои Ҳиндустону Покистон, инчунин намояндагони давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ-ро дар кори ҷаласаи имрӯзаи прокуророни генералии давлатҳои аъзои СҲШ бо хушнудӣ истиқбол мекунем.

Мутмаинам, ки васеъ гардидани минтақаи фаъолияти Созмон ва ҳайати зерсохторҳои он барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории байни прокурорҳо мусоидат хоҳад кард.

Бо таъкиди ҳамоҳангсозии талошҳо барои муқовимат ба ҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои замони мо, нақши калидии Маркази зиддитеррористии ИДМ ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ-ро мебояд зикр намуд.

Соли гузашта ман ба узвияти Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба Ассосиатсияи байналмилалӣ прокуророн – ягона созмони ғайриҳукуматӣ ва махсусгардонидашудаи прокуророни ҷаҳон розигӣ додам.

Бешубҳа, иштироки роҳбарияти он дар чорабиниҳои имрӯза аз нуқтаи назари расидан ба натиҷаҳои мусбат дар таҳкими ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ нишонаи нек аст.

Дар ин замина, мехоҳам омодагии доимиамонро барои тақвият ва густариши чунин ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои дӯст таъкид  намоям.

Умедворам, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистодаатон оид ба рушди минбаъдаи ҳамгироии мутақобилаи ҷонибҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва  таъмини қонуният, амният ва субот дар кишварҳоямон қарорҳои муҳим қабул хоҳанд шуд.

Дар фарҷоми суханронии худ бори дигар мехоҳам ба ҳамаи иштирокдорони ҷаласа кори пурсамар ва будубоши хуш дар сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистонро таманно намоям.

Ташаккур барои таваҷҷуҳ.

Сентябрь 20, 2018 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд