Таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорати Тоҷикистон дарТеҳрон

Сентябрь 7, 2018 14:40

ДУШАНБЕ, 07.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури ҳамватанони муқими кишвари будубош, аз ҷумла, донишҷӯёни тоҷикистонӣ  ҷамъомад баргузор гардид.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷамъомадро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуд.

Дипломати тоҷик дар бораи ин рӯйдоди бузург ва аҳамияти он дар сарнавишти мардуми тоҷик, дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаву ҳадафҳои муҳим ва ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти мамлакат  сухан кард.

Дар ҷамъомади ҷашнӣ наворҳои видеоӣ ва суруду оҳангҳои миллӣ пахш гардида, барои меҳмонон ғизоҳои миллӣ манзур карда шуданд.

Сентябрь 7, 2018 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд