«ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ». Пагоҳ дар «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Душанбе барномаи театрӣ баргузор мегардад

Сентябрь 8, 2018 09:32

ДУШАНБЕ, 08.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ,  9 сентябр  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тантанаи Истиқлол» барномаи театрӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин имрӯз, 8 сентябр бахшида ба таҷлили   ҷашни мазкур   дар  чор ноҳияи  пойтахт барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавӣ  баргузор  мегарданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин базмҳои идона  дар «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  «Майдони 800-солагии Москва»-и  ноҳияи Шоҳмансур, майдони хиёбони Сино дар  назди Прокуратураи генералӣ ва «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» доир мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба  таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар Тоҷикистон  6 ва  7 сентябр  дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Кӯли ҷавонон» намоиши варзиши обии «Флайборд» баргузор  гардид.

Ин   намоиши варзиши обӣ имрӯз низ дар «Боғи фарҳангию фароғатии Кӯли ҷавонон» баргузор  мегардад.

Бояд зикр кард, ки  баҳри муаррифии варзиши обии «Флайборд» дар Душанбе  варзишгарони варзидаи сатҳи байналмилалӣ аз Федератсияи Россия даъват шудаанд.

Бояд зикр кард, ки дар барномаҳои  идонаи пойтахт  ҳунармандони маъруфи  мамлакат хотири сокинону меҳмононро шод мегардонанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ин ҷашнгоҳҳо даъват менамояд.

 

 

Сентябрь 8, 2018 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид