Тоҷикистон бо Сенегал, Сан-Томе ва Принсипи муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд

Сентябрь 25, 2018 13:55

ДУШАНБЕ, 25.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сенегал баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Баёнияи муштаракро дар ин хусус Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ ва сенегалиҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Сенегал Сидики Каба ба имзо расониданд.

Зимни маросими мазкур вазирони корҳои хориҷии ҳарду кишвар ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Сенегалро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз инчунин маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сан-Томе ва Принсипи баргузор шуд.

Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва аз ҷониби Сан-Томе ва Принсипи Вазири корҳои хориҷии он кишвар Урбино Хосе Ботелҳо ба имзо расониданд.

 

Сентябрь 25, 2018 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд