«ТОҶИКИСТОНИ ОБОД-ОРМОНИ ҲАМАИ ТОҶИКОНИ ДУНЁСТ». Тоҷикони Қирғизистон дурӯғпароканӣ нисбат ба Тоҷикистон дар Варшаваро маҳкум менамоянд

Сентябрь 15, 2018 11:42

ДУШАНБЕ, 15.09.2018./АМИТ «Ховар»/. “Мо тоҷикони бурунмарзӣ ватани азизамон Тоҷикистонро мисли сокинони ватанпарасти худи Тоҷикистон  сидқан  дӯст медорем”. – навиштаанд роҳбарони созмонҳои ҷамъятии  тоҷикони Қирғизистон дар номаи худ, ки имрӯз ба АМИТ “Ховар” расид.   Дар он гуфта мешавад:

Тавре маълум аст, дар айёми нахустини истиқлолияти худ, дар шурӯи бунёди пояҳои давлатдорӣ Тоҷикистон ба як қатор мушкилоту вазниниҳо дучор омад. Он замон, бешубҳа, мардуми ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон гирифтори садҳо бадбахтиву сарсониҳо гаштанд. Дар баробари онҳо тоҷиконе, ки дар дигар мамлакатҳо зиндагӣ мекарданд, низ ин ранҷу машаққатро бо тамоми ҳастии худ эҳсос намуда буданд. Ёд дорем, ки  ҳамаи мо,  тоҷикони Қирғизистон низ парешонҳолу музтариб шуда, барои сарнавишти Тоҷикистон ва сокинонаш ғусса мехӯрдем.

Шукри Парвардигор, ки дар ҳамон айёми сарнавиштсоз шахсияти беназире, чун Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсати кишвар омад ва чун боди мурод киштии раҳгумзадаро ба сӯи диёри наҷот роҳнамоӣ кард. Инак, Тоҷикистони азизи ҳамаи мо таҳти сарварии Пешвои миллат, сарвари тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти рушду тараққӣ, ваҳдату бунёдкории саросарӣ бо сарфарозӣ қадам мегузорад.

Акнун мо, тоҷикони Қирғизистон бо ифтихору сарбаландӣ ба ин равандҳои ободгарӣ дар ватани таърихиамон нигариста, бо садои баланд изҳор медорем, ки тоҷикем ва ворисони арзандаи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Мавлоно, Ҷомиву Биноӣ ва Айниву Турсунзода мебошем.

Аз ин хотир, мо – фаъолони Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, Созмони донишҷӯёни тоҷики  ба номи «Оли Сомон»-и шаҳри Бишкек ва ҳамаи ҳамзабонон ба ин ақида устувор ҳастем, ки вазифаи ҳар фарди солимақл, новобаста аз он ки дар куҷо қарор дорад, ҳифзу нигаҳдории равандҳои сулҳу бунёдкории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бо таассуфи зиёд хабардор мешавем, ки ин шабу рӯз баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва афроди алоҳида ҳамаи дастовардҳои даврони истиқлолияти Тоҷикистонро нодида гирифтан мехоҳанд, ки ин як амри хато ва нобахшиданист. Ҳоло онҳо дар кишварҳои Аврупо барои худ сарпаноҳ сохтанӣ шуда, нисбат ба Ватан ва роҳбарияти Тоҷикистон дурӯғпароканӣ менамоянд. Агар ба ин масъала бо дидаи ақл ва мантиқ назар созем, мебинем, ки ин ҳама ба ҷуз дасисаю лоф ва заҳролуд кардани мафкураи инсонҳо чизи дигаре нест.

Иштирок ва суханронии аъзои ТЭТ ҲНИ ва дигар ҳаммаслаконашон  дар кори ҷаласаи САҲА дар шаҳри Варшава- пойтахти Полша, ки ин шабу рӯз идома дорад, ба сароҳат нишон медиҳад, ки ободиву ваҳдати саросарии тоҷикон писанди онҳо нест, балки бо ин аъмолашон мехоҳанд Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказиро ба гирдоби бесуботиву нороромиҳо бикашанд.

Сарвари тоҷикони дунё борҳо бо ишора ба вазъи фалокатбори як қатор кишварҳои мусулмонӣ ва бахусус,  ташаннуҷи авзои сиёсӣ ва низомии кишвари ҳамсояи Афғонистон, мардумро ба ҳифзи сулҳу субот даъват менамоянд ва ин сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавобгӯи ормон ва манфиатҳои ҳамаи мардумони сарзамини паҳновари минтақаамон мебошад.

Бо изҳори боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз дастовардҳои соҳибистиқлолии  кишварашон ҳимоят намуда, сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм муҳофизат  хоҳанд кард.

 Равшанбек СОБИРОВ,
Раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон
ба номи устод Рӯдакӣ

Куканшо КУКАНШОЕВ,
Раиси созмони донишҷӯёни тоҷики
 ба номи «Оли Сомон» дар Бишкек

Бишкек, Қирғизистон

Сентябрь 15, 2018 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»
Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон такягоҳи адолат ва пояи устувори қонун аст
Пешвои миллат: «Фалсафаи ҷашни Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад»
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир мешавад
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Давҳа бо роҳбари ширкати қатарии «Jusour» мулоқот намуд