ВАҲ ИН ЧӢ ХАРБУЗА, КИ ШИРАИ АСАЛ ДОРАД! Имрӯз дар маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе Иди харбуза таҷлил гардид

Сентябрь 4, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 04.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 сентябр дар  шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  Иди харбуза доир гардид.  Иди харбуза ва намоиш-  фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор шуд.

Хабарнигорони АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ ва Тоҳир САИД, ки  дар чорабинии Иди харбуза ва намоиши  фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуданд, гузориш медиҳанд.  

Чорабинии Иди харбузаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки тоҷикон харбузаро 5 ҳазор сол пеш парвариш мекарданд. Ин маҳсулоти дӯстдоштаю лазиз дорои витаминҳои зиёд мебошад.  Мутахассисон муайян кардаанд, ки дар таркиби харбуза нисбат ба шир 17 маротиба оҳан зиёд мебошад ва истеъмоли он ба бисёр дардҳо даво мебахшад.

Сипас намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ,   Донишгоҳи аграрӣ   аз намоишгоҳ дидан карданд.

Дар саҳни бозор кишоварзони зарофар  аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ анвои гуногуни харбуза, хӯрокҳои аз он омодагардида ва меваю сабзавоти шаҳдбор ба намоишу фурӯш гузоштанд. Директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров зикр кард, ки «дар шароити Тоҷикистон қариб, ки дар ҳамаи минтақаҳо харбуза парвариш карда мешавад. Дар маҷмӯъ зиёда аз 100 навъи харбуза дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ парвариш карда мешавад, ки аз ин миқдор аз 30 навъу намунаҳои он ҳосили хуб ба даст овардан имконпазир аст. Соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 16 ҳазор гектар зироатҳои полезӣ парвариш карда шуд, ки аз ин миқдор 35-40 фоизашро майдони  харбузазор ташкил медиҳад».

Ба иттилои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад. Дар чорабинии имрӯза навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла харбузаи «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочулӣ», «парсиллдоқ», «сиёҳпучоқ», «ҷурақанд», «наботи сафед», «ширинпучоқ», «шакарпалак», «шакарпора» бо нархҳои дастрас ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

Ҳикматулло Назиров чанд муддат яку якбора гарон шудани нархи харбузаро дар баланд шудани ҳарорати ҳаво ҳангоми гул ва нашъунамои харбуза донист.

Дар ҷойи баргузории Иди харбуза се манора — ду манораи бо харбуза ва як манораи бо тарбуз ба таври пирамида оро додашудаи ҳарсе  6- метрӣ, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, хаймаҳо бо маҳсулоти аз харбуза омодашуда ба маъраз гузошта шуданд.

Ба ғайр аз сокинони пойтахт дар Иди харбуза инчунин сайёҳони хориҷӣ низ иштирок доштанд.

Дар ин ҷо тамоми маҳсулот истеҳсоли худӣ ва маҳаллӣ буда, дар назди растаҳо  миёнаравон не, балки худи  деҳқонон меистанд. Симои офтобхӯрда, тоқии шинаму зебои шарқиёна, куртаҳои аз матои пахтагӣ дўхташудаашон дар хотири кас нақш мебандад. Дар ин ид ҳар як шаҳру ноҳия маҳсулоти бо дасти худ парваришкардаашро пешкаш менамояд, гўё онҳо дар ороиши раста ва маҳсулот мусобиқа дошта бошанд, харбузаҳои ба тарзи аҷоибу гулкоринамо буридашуда, анвои   ин меваи биҳиштӣ  касро ба ваҷд меоранд. Аз ин нозу неъматҳо касе хоҳад, тановул карда метавонад. Онҳо яке аз дигаре ширинтаранд.

Дар доираи баргузории Иди харбуза озмун ва мусобиқаҳо бо шарту шароити  гуногун узаронида шуданд. Аз ҷумла, озмуни зуд хӯрдани харбуза хеле шавқовар сурат гирифт. Имрӯз  соати 16.00 ғолибони аз рӯи чор номгӯй муайян мегарданд ва ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.

Дар як гӯшаи майдон санъаткорони муассисаҳои фарҳангии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дастаи ҳунарии «Гулдаста»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаш намуданд ва макони баргузории чорабинӣ ба идгоҳи воқеӣ табдил ёфт.

Дар намоиш маҳсулоти кишоварзии харбуза, тарбуз ва каду  бо нархҳои 20 % аз бозор арзонтар ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карда шуданд. Пагоҳ харбузаю тарбузҳои манораҳо бо нархи то 50 фоиз арзон фурӯхта мешаванд.

Бояд гуфт, ки кишоварзони мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон дар майдони 16 ҳазору 600 гектар кишти полезиро гузарониданд, ки то 31 августи соли равон майдони 13 ҳазору 128 гектари он ҷамъоварӣ карда шуда, ҳосили умумӣ 314 ҳазору 627 тоннаро ташкил медиҳад.

Сентябрь 4, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ифтитоҳ намуданд
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад