ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар ноҳияи Рӯдакӣ дар муддати се сол 414 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд!

Октябрь 24, 2018 13:15

ДУШАНБЕ, 24.10.20018. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу суботи комили меҳан замина фароҳам овард,  ки симои шаҳру ноҳияҳои кишварамон комилан дигаргун гардад. Дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо иншооти таъйиноти мухталиф, аз ҷумла иншооти маъмурӣ, майдончаҳои бешумори варзишӣ, гулгашту хиёбонҳои гулпӯш ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ мавриди истифода қарор гирифта, ки ба симои ноҳия ҳусни дигар зам кардаанд.

Ин ҳама ободию созандагӣ аз тадбирандешиҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ  дарак медиҳад. Вусъати баланди ҷараёни корҳои ободонӣ дар ноҳия аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳибкорону сокинони бо нангу номуси ноҳияи Рӯдакӣ ният доранд ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуда, симои диёри азизи хешро боз ҳам ободу зебо гардонанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ дар ин бора гузориш медиҳад:

Баҳри сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    гурӯҳҳои кории  ҳукуматӣ таъсис ёфта, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста карда  шудаанд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ роҳбарии гурӯҳи кориро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагии ин ноҳия зери назорати доимӣ қарор дорад.

Дар нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ диққати асосӣ ба корҳои бунёдкорӣ, ободонию созандагӣ ва ба истифода додани иншооти мухталиф, аз  ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона гардидааст.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 414 иншоот бунёд мегардад. Аз ин шумора 76 банд ба соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди мактаб, биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ,  марказҳои касбу ҳунаромўзӣ, марказҳои забономўзӣ, 72 банд ба бунёди сартарошхонаҳо, 45 банд ба бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, ташхисгоҳи замонавӣ, коргоҳҳои дорубарорӣ ва дорухонаҳо, 3 банд ба бунёди китобхонаҳо, 35 банд ба бунёди иншооти варзишӣ, 9 банд ба бунёди растаҳои ҳунармандӣ,  9 банд ба бунёди кошонаҳои ҳусн, 5 банд ба сохтмони ҳаммомҳо, 4 банд ба бунёди марказҳои дилхушкунанда, 8 банд ба гулгашт ва гулзоркунии минтақаҳои алоҳида, 10 банд ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ,  15 банд ба сохтмони пул ва роҳсозӣ, 68 банд ба бунёди марказҳои савдо, мағозаю дӯконҳо ва ташкили марказҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин беш аз 17 банд ба бунёд ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ  нигаронида шудааст.

Дар соли 2018 баистифодадиҳии 27 иншоот, аз ҷумла 7 иншоот дар соҳаи маориф, 3 иншоот дар соҳаи савдо ва хизматрсонӣ, 3 адад майдонча ва толорҳои варзишӣ, 4 иншооти коммуналӣ, 6 коргоҳҳои истеҳсолӣ ва 4 адад дигар намуди иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, то имрӯз 15 иншоот, аз ҷумла мағозаи хўрокворӣ, дорухона ва нуқтаи тезтайёр дар кўчаи Шерозии шаҳраки Сомониён аз тарафи соҳибкор А. Ҳамдамов, нуқтаи шоназании пахта аз тарафи  соҳибкор Шамсуддин Мирзоев дар деҳоти Чоргултеппа, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Гулбутта бо арзиши 100 ҳазор сомонӣ аз тарафи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ бо ташкили 1 ҷойи кори доимӣ, гузаронидани қубури оби нўшокӣ дар деҳаи Боғаки поёнии деҳоти Эсанбой аз тарафи Ташкилоти байналмилалии «Глобал-партнер Тоҷикистон», сохтмони бинои маъмурии шуъбачаи минтақаи Эсанбойи ШВКД-1-и ноҳияи  Рўдакӣ, коргоҳи ҳасиббарорӣ аз тарафи соҳибкор Хайрулло Давронов дар деҳоти Россия, корхонаи мурғпарварӣ, коргоҳҳои истеҳсоли мебел ва хишт аз тарафи соҳибкор Хайрулло Давронов дар деҳоти Россия, сохтмони маҷмааи варзишӣ барои тармими бадан, футболи хурд, бокс ва ҳамом бо таъсиси 5 ҷои корӣ дар деҳаи Обчакорони деҳоти Чимтеппа аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ, маркази савдо дар деҳаи Корвони деҳоти Чимтеппа аз тарафи соҳибкор Хайриддин Тоийров бо арзиши лоиҳавии  1 миллиону 400  ҳазор сомонӣ ва таъсиси 4 ҷои корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Корҳо дар иншооти дигари ҷашнӣ бомаром идома доранд.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ аз дастовардҳои назарраси ноҳия ва омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар самти корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ёдовар гардида, баён дошт, ки симои ноҳия дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сол аз сол зебову дилработар  мегардад  ва сокинони ноҳия аз ин ҳама ободиву пешравиҳо шукргузоранд.

Ноҳияи Рӯдакӣ низ чун дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон имрӯзҳо ба  майдони бузурги созандагиву бунёдкорӣ табдил гардидааст.

 

 

Октябрь 24, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокчиёни Форуми сайёҳии «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» Қалъаи Хуҷандро тамошо намуданд
Тоҷикистон барои сохтмони марказҳои агрологистикӣ хостори ҷалби сармоя аз Арабистони Саудӣ мебошад
Масоили марбут ба бунёди иншооти муҳими стратегӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Корея баррасӣ шуд
Дар Палатаи ҳисоб бо иштироки роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои СҲШ ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Эрон хостори таҳкими ҳамкории саноатӣ гардиданд
Ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арманистон баргузор мегардад
Шарҳи дуюми татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсати Хазинаи Байналмилалии Асъор барои Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Душанбе гузариш ба иқтисоди «сабз» ва истифодаи оқилонаи захираҳои ангишт баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт карда мешавад
Тоҷикистон Эронро аз муҳимтарин шарикони стратегии минтақавӣ дар Ховари Миёна медонад
Лоиҳаи «Стратегияи нави шарикии Бонки Осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид