«АLL Season Travel» тасмим гирифтааст, ки беш аз 1000 нафар сайёҳони Японияро барои дидани манзараҳои зебои мо ба Тоҷикистон сафарбар намояд

Октябрь 30, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ширкатҳои бонуфузи сайёҳии японӣ «АLL Season Travel» тасмим гирифтааст, ки дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии ватании ҶДММ «Ориент Адвентур» беш аз 1000 нафар сайёҳони давлати Японияро барои саёҳат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намояд. Ин матлабро директори ширкати мазкур  Куниёши Такада (Kuniyoshi Takada) зимни вохӯрӣ бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт.

Ҷонибҳо ҳамзамон атрофи захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ибрози андеша карда, таъкид намуданд, ки дар ин самт имкониятҳои фарох мавҷуданд.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти асосии ширкати «АLL Season Travel» равон намудани сайёҳони Япония ба Осиёи Марказӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки директори ширкат Куниёши Такада (Kuniyoshi Takada) бо мақсади боздид аз имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба кишвари мо сафар намуд. Давоми 7 рӯз аз мавзеъҳои сайёҳии Чилдухтарон, шаҳраки Ҳулбук, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Панҷакенти қадим, Саразм, Истаравшан ва Хуҷанд дидан намуд.

Табиати зебои Тоҷикистон ба роҳбари ин ширкати сайёҳӣ хеле писанд омада, зимни вохӯрӣ зикр намуд, ки дар барномаҳо ва хатсайрҳои худ соли 2019 имкониятҳои Тоҷикистонро бештар ҷой медиҳад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар воситаҳои ахбори оммаи Япония оид ба имконият ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сайёҳони ин кишвар ба Тоҷикистон маводи иттилоотӣ ва таблиғотӣ нашр мегардад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар нуҳ моҳи соли равон 427 нафар сайёҳони Япония бо мақсади сайру саёҳат ба ҷумҳурӣ ташриф овардаанд. Соли 2017 сайёҳони ин давлат 315 нафарро ташкил дода буд.

Бояд гуфт, ки роҳбарии ширкатҳои бонуфузи сайёҳии японӣ бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Дар акс директори ширкати мазкур Куниёши Такада дар Муъминобод

Октябрь 30, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад