«ҶАНГ ДАР ОН СӮИ БАҲР…». Дар Душанбе романи нависандаи машҳури Япония Рю Мураками ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуд

Октябрь 4, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 04.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Нашриёти «Эр-граф» китоби наверо бо номи «Ҷанг дар он сӯи баҳр оғоз меёбад»  ба нашр расонид. Китоби мазкур романи нависандаи машҳури японӣ Рю Мураками мебошад, ки  доир ба фоҷиаи шахсӣ, фалокатҳои воқеӣ, тарсу ҳароси доимӣ ва хаёлоти  дардовар    нақл карда,  онро  рӯзноманигор Абдуғаффор Қурбонов  аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» Абдуғаффор Қурбонов зикр намуд, ӯ то ин вақт ду китоби нависандагони маъруф ва барҷастаи адабиёти Япония- Тэтсуо Миура ва Тэру Миамоторо тарҷума, нашр ва пешкаши хонандагон гардонидааст. Инак китоби сеюм тарҷумаи  асари нависандаи машҳури Япония Рю Мураками аст, ки   таҳти унвони «Ҷанг дар он сӯи баҳр оғоз меёбад»  пешниҳоди хонандагон гардид.

Бояд зикр намуд, ки номи нависанда  Рюноске Мураками буда, мавсуф 19 феврали соли 1952 дар  шаҳри Сасебо, воқеъ  дар префектураи Нагасаки ба дунё омадааст. Ҳаёти эҷодии нависанда  замоне оғоз ёфт, ки вай бори аввал романи «Тамоми тобишҳои ранги кабуд»-ро пешкаши хонандагон намуд. Китоби мазкур бо теъдоди 1 млн нусха ба фурӯш рафт. Бархе мунаққидон  ҳамон лаҳза  Муракамиро асосгузори ҷараёни нав  дар адабиёти Япония эълон карданд.

Соли 1977 романи «Ҷанг дар он сӯи баҳр оғоз меёбад»  ба нашр расида, машҳур шуд.

Шӯҳрати асарҳои Рю Мураками кайҳо аз қаламрави кишвари тулӯъи офтоб берун рафтааст. Иқтибосҳо аз романҳои вай  дар саҳифаҳои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ тез-тез пайдо мешаванд.

Бояд гуфт, ки айни замон Мураками аз рӯйи асарҳои худаш филм ба навор мегирад.

Октябрь 4, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад