ДАР МАВҶ — «РАДИОИ КӮЛОБ». Ба шумори ВАО-и мамлакат боз як ташкилоти нави радиошунавонии минтақавӣ зам гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб расонаи нави иттилоотии минтақавӣ — «Радиои Кӯлоб» ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни рӯи мавҷ баромадани «Радиои Кӯлоб» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ва дигар масъулини соҳа иштирок намуда, ба аҳли эҷоди ин муассисаи нав барору комёбӣ орзу намуданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода баён дошт, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар баробари дигар воситаҳои ахбори омма радио низ рушд карда, дар ҷумҳурӣ шумораи радиоҳои давлатӣ ва мустақил зиёд гардид.
«Дар ҳақиқат радио дар замони муосир яке аз воситаҳои муҳими расонидани иттилоот ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад»,- иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъкид намуд, ки аз ин пас сокинони минтақаи Кӯлоб метавонанд аз хизмати ин радио ҳамаҷонибаю босамар истифода намоянд.
Дар баробари ин даъват намуд, ки ба кори радио, қабл аз ҳама, хабарнигорони варзида ва хатмкардагони факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷалб карда шаванд.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 76 ташкилоти телевизионӣ ва радиоӣ, аз ҷумла, 13 телевизиони давлатӣ, 32 телевизиони ғайридавлатӣ, 10 радиои давлатӣ ва 21 радиои ғайридавлатӣ фаъолият доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






