Дар вилояти Суғд доир ба фарҳанги таҳаммулпазирӣ конфронси ҷумҳуриявӣ оғоз гардид

Октябрь 24, 2018 16:40

ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 октябр дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ зери унвони «Фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа» ба кори худ оғоз намуд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори конфронс, ки бо ҳузури фаъолон, хизматчиёни давлатӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор мегардад, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи  дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода сухан гуфтанд.

Нотиқон зимни суҳбат аҳамияти ташаккул ва тақвияти фарҳанги таҳаммулпазирӣ, инчунин ҳамзистии мусолиматомез  дар ҷомеаро муҳим арзёбӣ карданд.

Дар назар аст, ки конфронси мазкур дар ҳудуди вилояти Суғд идома кунад.

Октябрь 24, 2018 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд