Ду олими шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ аъзои хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд

Октябрь 23, 2018 13:58

ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ду нафар олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ- сарходими илмии Маркази илмӣ – таҳқиқотии Минтақаи Шарқии Хадамоти тадқиқотии кишоварзии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Лиу Лин Шу ва профессори фахрии Донишгоҳи ба номи Бен – Гуриони шаҳри Беэр – Шеваи давлати Исроил Лихтейнштейн Гертс Илич аъзои хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд. Президенти Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дирӯз дар ҷаласаи умумии раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломи узви хориҷии АИ ҶТ-ро ба ин олимони машҳури ҷаҳонӣ ботантана супорид.

Тавре президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ин олимон аз зумраи шахсиятҳое ҳастанд, ки дар рушди илми тоҷик саҳми босазо гузоштаанд.

Аз ҷумла, Гертс Лихтейнштейн яке аз олимони пурсамари соҳаи химия буда, корҳои илмиаш бештар ба омӯзиши растаниҳои гуногун бо усулҳои нав вобаста аст. «Аз ҳама муҳимаш он аст, ки таҳти роҳбарии Лихтейнштейн 10 нафар кормандони илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   аз ҷумла 3 нафар рисолаи докторӣ, 7 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Дар айни замон 3 нафар -1 нафар барои ҳимояи рисолаи докторӣ ва 2 нафар барои ҳимояи рисолаи номзадӣ омодагӣ доранд»,-зикр кард Фарҳод Раҳимӣ.

Мавриди зикр аст, ки модари Лихтейнштейн аз нахустин духтурони Тоҷикистон буда, аз аввалин рӯзҳои ибтидои асри XX ба Тоҷикистон меояд. Лихтейнштейн дар ҳамин ҷо таваллуд мешавад ва як муддати муайян дар Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Номбурда тайи 30 соли охир дар Исроил умр ба сар мебарад.

Ба иттилои президенти Академияи илмҳо, тӯли ин солҳо новобаста аз он, ки Лихтейнштейн дар Исроил зиндагӣ мекунад, риштаи ҳамкораш бо кишвари мо канда нашуда, ӯ ба гурӯҳи илмӣ роҳбарӣ мекунад.  Ин олими шинохта китоб ва дар маҷаллаҳои ҷаҳонӣ мақолаҳои зиёди илмӣ ба табъ расонидааст. Номбурда бо олимон ва мутахассисони тоҷик ҳамкории қавӣ дошта, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ба онҳо кумак мерасонад.

Узви дигари хориҷии Академияи илмҳо Лиу Лин Шу аз соли 2004 инҷониб бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Номбурда яке аз профессорони шинохташудаи донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон-Киото ва Вашингтон мебошад. «Зери роҳбарии ин олим чанд лоиҳаҳо, аз ҷумла истеҳсоли пектин аз маҳсулоти партовҳои дубораи хӯрокворӣ коркард мешаванд. Тавассути ҳамкории дуҷониба ва ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштарак бевосита як озмоишгоҳи фармакологӣ аз нав пурра ҷиҳозонида шуд. Инчунин таҷҳизоти зиёди озмоишгоҳӣ харида шуда, ба Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи илмҳо тақдим шудааст. Дар айни замон ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои нав бо ин олими шинохта идома доранд»,-гуфт президенти Академияи илмҳо.

Мавриди зикр аст, ки тибқи моддаи 14 Оинномаи Академияи илмҳо  ба узвияти хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  он олимони барҷастаи хориҷӣ интихоб карда мешаванд, ки дар илм ва  фарҳангӣ ҷаҳонӣ саҳми  арзанда дошта бошанд.

Бино ба маълумоти президенти Академияи илмҳо, то имрӯз дар маҷмӯъ 27 нафар шахсиятҳои барҷастаи хориҷӣ, аз ҷумла Николай Лаверов, Евгений Примаков, Евгений Чазов, Рамазон Абдулатипов (Россия), Борис Патон (Украина), Масъуди Миршоҳӣ (Франсия), Дюшен Маматканов  (Қирғизистон)  ва дигарон ба узвияти хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  пазируфта шудаанд.

Ҳамаи онҳо дар ҳаёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузошта, мақола ва лоиҳаҳои муштараки илмӣ омода мекунанд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 23, 2018 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ансамбли давлатии «Фалак»-и Тоҷикистон дар ҷашнвораи «Муттаҳидӣ тавассути фарҳанг» дар Сеул иштирок намуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе тарҷумаи ҷилди якуми китоби Президенти Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид
Ба 7768 хонаводаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Дар ноҳияи Балҷувон тақдими китоби «Шоҳнома» ба 5076 оила идома дорад
Қисми дуюми китоби «Абармарди таърихсоз» аз чоп баромад
ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
Дар Душанбе Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Дар Душанбе маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ»
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 муайян карда шуданд