Душанберо ба шаҳри сабзу хуррам табдил медиҳем! Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар пойтахт тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 13.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар пойтахт дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади иҷрои банди 8 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 сентябри соли 2018 роҳандозӣ мегардад.
Тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин дар қарори мазкур омадааст, ки корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ ва бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






