«МАВЛОНО-ВАСЛГАРИ ХАЛҚҲО ВА ТАМАДДУНҲО». Дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 03.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно-васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» баргузор мегардад. Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия иштирок менамоянд.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад НИЁЗӢ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи омодагиҳо ба ҳамоиши дарпешистода маълумот дода, зикр кард, ки ҳамоиши илмӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон тайи ду рӯз идома меёбад.
«Дар симпозиум масъалаҳои «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Туркия», «Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон», «Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно», «Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно», «Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон», «Мавлоно ва ҷаҳони муосир» мавриди муҳокима қарор мегиранд»,-гуфт директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзӣ.
Мавриди зикр аст, ки Мавлоно ва осори оламшумули ӯ дар Тоҷикистон аз ҷойгоҳи хоссае бархӯрдор аст, зеро тоҷикон ва тоҷикистониён осори Мавлоноро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд. Ин аст, ки дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд.
Инчунин соли 2007 дар Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва донишмандони шинохтаю мавлоношиносон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули адабиёти асримиёнагии тоҷик сухан рафт.
Тамоми осори Мавлоно дар Тоҷикистон бо ҳуруфи кириллӣ ба чоп расидааст, ки ин аз хизматҳои бузурги мардуми тоҷик, Ҳукумат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тарғиб, бахусус интишори осори ирфонии ҷаҳоншумули пири тариқат –Ҷалолиддини Балхӣ гувоҳӣ медиҳад.