«МАВЛОНО-ВАСЛГАРИ ХАЛҚҲО ВА ТАМАДДУНҲО». Дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад

Октябрь 3, 2018 09:35

ДУШАНБЕ, 03.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно-васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» баргузор мегардад. Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия иштирок менамоянд.

Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад НИЁЗӢ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи  омодагиҳо ба ҳамоиши дарпешистода маълумот дода, зикр кард, ки ҳамоиши илмӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон тайи ду рӯз идома меёбад.

«Дар симпозиум масъалаҳои «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Туркия», «Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон», «Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно», «Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно», «Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон», «Мавлоно ва ҷаҳони муосир»  мавриди муҳокима қарор мегиранд»,-гуфт директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзӣ.

Мавриди зикр аст, ки Мавлоно ва осори оламшумули ӯ дар Тоҷикистон аз ҷойгоҳи  хоссае бархӯрдор аст, зеро тоҷикон ва тоҷикистониён осори Мавлоноро бахше аз  мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд. Ин аст, ки дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта  шуд.

Инчунин соли 2007 дар Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  донишмандони  шинохтаю мавлоношиносон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули адабиёти асримиёнагии  тоҷик сухан рафт.

Тамоми осори  Мавлоно дар Тоҷикистон бо ҳуруфи кириллӣ ба чоп расидааст, ки ин аз хизматҳои бузурги мардуми тоҷик, Ҳукумат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  дар тарғиб, бахусус интишори осори ирфонии ҷаҳоншумули пири тариқат –Ҷалолиддини Балхӣ гувоҳӣ медиҳад.

 

Октябрь 3, 2018 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд