Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ
ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябри соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо ва мавзуъҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ саъю талош меварзем, ки дар кишвари дӯсту ҳамсояи мо — Афғонистон сулҳу салоҳи комил ҳукмфармо бошад.
Ҷонибҳо аз бархурдҳои хунин дар кишварҳои исломӣ, паҳншавии фаъолияти харобиовари нерӯҳои террористиву экстремистӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, чун терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ, густариши ҳамкории амниятии кишварҳоро тақозо мекунад.
Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори роҳ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ гардида, татбиқи барномаи САSA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, намунаи беҳтарини робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои рушду ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва иттилоот таъкид намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






