«НАКӮӢ КУНУ ДАР ОБ АНДОЗ!»-хитоби «Низоминазму Ҷомитабъу Фирдавсикалом»

Октябрь 18, 2018 09:29

ДУШАНБЕ, 18.10.20018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 октябр соати 10 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 160 — солагии яке аз шоирони номвари нимаи дуюми асри Х1Х-и тоҷик Шамсиддин махдуми Шоҳин конференсияи ҷумҳуриявии илмиву адабӣ таҳти унвони «Шамсиддин Шоҳин ва адабиёти тоҷики асри Х1Х» баргузор мегардад. Дар он олимону адибони маъруф, аз қабили  Аъламхон Кучаров, Ҷӯрабек Назрӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмад, Аскаралӣ Раҷабов дар бораи зиндагиву эҷодиёт ва нақши осори ин ситораи тобноки назм дар адабиёти  тоҷик маърӯза мекунанд.

Эҳтироми гузаштагон, такя бар хираду маърифати ниёкон доштан, омӯзишу баҳрагирӣ ва истифодаи  таҷрибаи рӯзгори пешиниён аз суннатҳои судманди мардуми тоҷик аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз пеш идомаву ривоҷ меёбад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкиду ҳидоят мекунанд, ки таърихи бошарафи миллату афкори созандаи ниёконро биёмӯзем, то мутамаддину фарҳангӣ ва меҳнатдӯсту худшинос бошем.

Мавриди зикр аст, ки Шамсиддини Шоҳин аз шоирони номвари нимаи дуюми асри Х1Х тоҷик буда, дар ташаккули завқи маънавӣ ва зебоишиносии даврони хеш нақши асосӣ бозидааст. Табъи равону завқи ниҳон, балоғату фасоҳати каломи Шоҳин дар айни ҷавонӣ вирди забони маҳфилҳои адабии Бухоро гардида, дар муддати кӯтоҳе роҳи ӯро ба дарбор ҳамвор мекунад. Танҳо василае, ки Шоҳини ҷавонро аз сарои узлат ба сурайёи иззат кашонид, истеъдоди фитрӣ, табъи оташбор ва ашъори гуҳарбори шоир буд.

Тамоми ҳамзамонони Шоҳин, аз ҷумла шоирон, муаррихон, тазкиранависон ва аҳли адаби Бухоро дар ёддоштҳои хеш, истеъдоди беназир ва ашъори дилпазири шоирро эътироф карда, мақоми баланди ӯро дар густараи суханварӣ ситоиш кардаанд. Тазкиранависони асри Х1Х, ба монанди Мирсиддиқи Ҳашмат, Афзалмахдуми Пирмастӣ, Садри Зиё ва Абдуллохоҷаи Абдӣ дар осори худ аз Шоҳин зикри хайр намуда, афкору андешаҳои ӯро сутудаанд. Яке аз шоирони номаълум дар бораи мақоми Шоҳин дар хиттаи суханварӣ фармуда:

Гул дафтари худ надид боби суханаш,                      

Булбул набарад номи ҷавоби суханаш.

Ҳаргиз набувад ба соф кардан муҳтоҷ,

Дар майкадаи фикр шароби суханаш.

Табиатан, ин андеша дар зеҳни ҳар муҳаққиқ мечархад, ки Шоҳин аз кадом роҳ ба ин мақому мартаба даст ёфтааст? Чӣ омилҳое сабаб шуданд, ки шоири бисёр ҷавон ин қадар қудрати парвоз дар фазои маъонӣ ба даст оварад? Бо каме таваҷҷуҳ дар ғазалиёти дилошӯби Шоҳин ошкор мешавад, ки рози маҳбубияти шоир дар пайравии ӯ аз Ҳофиз нуҳуфтааст.

Шамсиддини Шоҳин дар 12-солагӣ девони Ҳофизро аз бар карда буд. Ин талоши шоир дар шаклгирии шеъру шахсияти ӯ бетаъсир набуд. Аз ин ҷост, ки Шоҳин аз ибтидои фаъолияти шоирии хеш ашъори худро дар пайравӣ аз ғазалиёти Ҳофизи Шероз оғоз кардааст.

Аввалин ғазали девони Ҳофиз чунин аст:

Ало ё айюҳа соқӣ адир каъсан ва новилҳо,

Ки ишқ осон намуд аввал, вале уфтод мушкилҳо.

Шоҳин дар пайравии ин ғазал фармуда:

Ало ё айюҳа с-солик, даъи н-нафса ва қотилҳо,

Ки ин аммора мехоҳад ба чандин саъй ботилҳо.

Ҳофиз мефармояд:

Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст,

Биёр бода, ки бунёди умр бар бод аст.

Шоҳин дар пайравии ғазали мазкур мегӯяд:

Биё, ки вазъи ҷаҳон тарзи дигар афтодаст,

Ки ҳар ки шод дар ӯ зистаст, ношод аст.

Ё худ Ҳофиз мегӯяд:

Боғи маро чи ҳоҷати сарву санавбар аст,

Шамшоди хонапарвари мо аз кӣ камтар аст.

Эй нозанинписар, ту чӣ мазҳаб гирифтаӣ,

К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст.

Шоҳин месарояд:

Он ҳуққаи даҳони ту ё тунги шаккар аст,

Ё чашмаи ҳаёт ва ё ҳавзи Кавсар аст.

Хунам хӯриву бок надорӣ, ки хуни ман

Гӯӣ, ҳалолтар ба ту аз шири модар аст.

Ҳофиз:

Эй ҳама шакли ту матбӯву ҳама ҷои ту хуш,

Дилам аз ишваи ширини шакарҳои ту хуш.

Шоҳин:

Ҳама аҷзои ту хубу ҳама аъзои ту хуш,

Ҳама ҷои ту ба хубӣ зи ҳама ҷои ту хуш.

Ҳофиз:

Ҳарчанд пиру хастадилу нотавон шудам,

Ҳар гаҳ, ки ёди рӯи ту кардам, ҷавон шудам.

Шоҳин:

Шикастахотиру ранҷуру нотавон шудаам,

Биё, бубин, ки дилат ҳар чи хост, он шудаам.

Ҳофиз:

Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад,

Ҳаргизам ёди ту аз лавҳи дилу ҷон наравад.

Шоҳин:

То дил андар хами он зулфи парешон наравад,

Сари шӯридаи ман бар сари сомон наравад.

Ҳофиз:

Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,

Хурӯшу валвала дар ҷони шайху шоб андоз.

Маро ба киштии бода дарафган, ай соқӣ,

Ки гуфтаанд: накӯӣ куну дар об андоз.

Шоҳин:

Гушой пардаву бар фарқи офтоб андоз,

Зи мушки бофта бар рӯи маҳ ниқоб андоз.

Ҳамеша хуни дили худ нисори дида кунам,

Ки гуфтаанд: накӯӣ куну дар об андоз.

Ба ҳамин тартиб, феҳристи пайравии Шоҳин бар ғазалиёти Ҳофизро метавон идома дод, аммо барои аҳли назар мисолҳои боло кофист, то қабул кунанд, ки Шоҳин дар миёни шоирони нимаи дуюми асри ХХ Бухоро яке аз муридону иродатмандону пайравони асосии ҳазрати Ҳофиз будааст. Бояд зикр кард, ки татабуъ аз шоирони пешин як амри табиӣ буда, ҳатто худи Хоҷа Ҳофиз ба шеъри пешиниёни худ, аз ҷумла Рӯдакӣ, Муизӣ, Анварӣ, Амир Хусрав, Хоҷуи Кирмонӣ, Саъдӣ ва дигарон дар шаклҳои мухталиф пайравӣ кардааст.

Гарчанде Шоҳин дар ғазалиёти хеш аз таркибу таъбир ва мазомини Ҳофиз фаровон истифода мекунад, бо ин васф, абёти Шоҳин дорои истиқлоли маъноӣ буда, таровату тозагии хешро ҳифз кардаанд. Далели ин амр бархоста аз шахсияти барҷастаи шоирии Шоҳин аст, ки дар ҳама гуна ҳолат қудрати муаррифии «ман»-и хешро дорад. Он ҷо, ки мегӯяд:

Натавон бар гули рӯи ту зад аз бим гулоб,

К-аз латофат дамадаш ойина монанди ҳубоб.

Зад рақам дар сифати ҳусни ту Шоҳин ғазале,

Ки ҷуз «аҳсанта» касеро нарасад ҳадди ҷавоб.

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шоирони зиёде аз хоҷаи аҳли роз-Ҳофизи Шероз пайравӣ намудаанд, аммо камтар касе дар татабӯи Ҳофиз муваффақ будааст. Аммо Шоҳин, сарфи назар аз ҷавонии хеш ҳангоми пайравӣ аз назари баён, парвози фикру хаёл, истеҳкоми абёт ва мантиқу маъно аз бисёр ҷиҳат ба мақоми Ҳофиз наздик шудааст. Суннати ғазалсароиро ҳам Шоҳин дуруст дар пайравӣ аз Ҳофиз оғоз кардааст.

Ба ҳамин тариқ, Шоҳин ба ғайр аз Ҳофиз дар идомаи фаъолияти кӯтоҳи эҷодии хеш аз дигар шоирони классикӣ низ пайравӣ намуда, дар он ҷо ҳам шахсияти тавонои шоирии хешро ба намоиш гузоштааст. Аз ҷумла, Шоҳин ба ғайр аз Ҳофиз ҳамчунин дар пайравии Бедил, Анварӣ, Саъдӣ ва Низомӣ осори мондагоре эҷод кардааст. Шоҳин асари «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро дар пайравӣ аз Низомӣ ва асари нотамоми «Туҳфаи дӯстон»-ро дар пайравӣ аз Саъдӣ навишта, ки ҳар ду асар баёнгари қудрати бузурги шоирии Шоҳин мебошанд.

Беҳуда нест, ки Зуҳурӣ аз шоирони Ҳиротии тоҷик дар асри Х1Х хитоб ба Шоҳин гуфтааст: «Эй Низоминазму Ҷомитабъу Фирдавсикалом». Дар ҳақиқат, дар ашъори Шоҳин балоғату шаҳомати сухани Ҳофиз, латофати сухани Саъдӣ, назокати баёни Низомӣ ва сароҳату ғалаёни рӯҳи Фирдавсӣ бо ҳам омехта шуда, аз ӯ шоири тавоно сохтаанд.

Шамсиддини Шоҳин (1858-1894) хеле ҷавон- дар 36-солагӣ аз ҷаҳон рафта бошад ҳам, илму дониши фарогиру истеъдоди шоирии беназираш ӯро дар миёни ҷомеаи онрӯза ба зудӣ маъруфу машҳур гардонидааст ва дар тазкираву таърихномаҳо сабти номаш кардаанд. Аз ҷумла, тазкиранигори номӣ Мир Абдуллоҳхоҷа ибни Мухторхоҷаи Абдӣ дар «Тазкират-уш-шуаро»-и маъруф ба «Тазкираи Абдӣ»-и худ  овардааст, ки «Шоҳин тахаллуси шаҳбози фалаки шоирӣ, тайғуни баландпарвози сипеҳри суханварӣ, тӯтии ойинаи гуфтору булбули чамани ашъор, қудватулмутааххирин, зубдатулмустахдимин Шамсиддин Махдум аст. Мушорунилайҳ аз як ҷониб Хутталисту аз як ҷониб Бухорист».

Тазкиранигори маъруф Хоҷа Неъматуллоҳи Муҳтарам дар «Тазкират-уш-шуаро» овардааст, ки «Мушорунилайҳ (Шамсиддини Шоҳин)-ро обову аҷдод (падару бобоёнаш) аз ҷумлаи ашрофу фузалои сарзамини Хатлон буда, аммо волидаш (падараш) барои такмили ҷалолу таҳсили камол ба Дорулфохира (пойтахти аморат — Бухоро) азми иқомат намуда…».

Устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» изҳор доштааст, ки «падари Шоҳин Мулло Амон ном кӯлобист; мумоилайҳ (Мулло Амон) аз ватани аслиаш (Кӯлоб) ба нияти таҳсили илм ба Бухоро омада, дар ин ҷо таваттун (маскан)-у издивоҷ карда; Шоҳин дар Бухоро таваллуд ёфтаву касби камол намудааст…».

Адибу донишманди номӣ Садри Зиё дар «Тазкор-ул-ашъор»-и худ (дар байни солҳои 1905-1907 навишта шудааст) овардааст:

Дар ақтори олам, ба рӯйи замин,

Шуда муштаҳар Махдуми Шамсиддин.

Чу табъаш, ки сайди мазомин кунад,

Тахаллус дар ашъор «Шоҳин» кунад.

Зи Хатлонзамин волидаш дар Бухор,

Расиду таваттун намуд ихтиёр.

Халаф монд з-он орифи покдин

Чунин навҷавоне ба рӯйи замин!

Профессор Холиқ Мирзозода дар рисолаи маъруфи худ «Шамсиддин Шоҳин» (1956) таъкид кардааст, ки «ҳамаи тазкиранависон (-и асрҳои Х1Х-ХХ-и тоҷик) ва Садриддин Айнӣ ҳам дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ба як забон падару бобои Шамсиддинро аз фозилону бузургзодагони Хатлон (Кӯлоби ҳозира) мешуморанд. Падари Шоҳин Мулло Амон дар замони ҳукмронии Амир Ҳайдар (1800-1826) аз Хатлон барои таҳсили илм аввал ба Самарқанду баъд ба маркази илмию динии Осиёи Миёнаи онрӯза – шаҳри Бухоро омадааст».

Профессор Расул Ҳодизода дар рисолаи «Шоҳин» овардааст, ки «Шоҳин дар оилаи мударриси одии Бухоро ба дунё омадааст. Падари вай Мулло Амон дар ҷавонӣ барои таҳсили илм аз ватани маълуфаш Хатлон ба Самарқанд меояд. Пас аз хатми таҳсил Мулло Амон ба Бухоро меравад ва дар ҳамон ҷо иқомат ихтиёр намудаву издивоҷ ҳам мекунад».

Худи Шоҳин дар маснавии «Туҳфаи дӯстон» аз забони падараш овардааст:

Дар он дам, ки бастам ба харлоша зин

Ба азми Бухоро зи Хатлонзамин,

Нахустин Самарқанд шуд манзилам

В-аз он манзили тоза хуш шуд дилам.

В-аз он маъадни фазл қадри ду сол

Намудам ба таҳсили илм иштиғол…

Аз қалами зарринрақами Шамсиддини Шоҳин, ки аз 10-солагӣ ба шеърофаринӣ пардохтааст, осори гаронбаҳои манзуму мансур боқӣ мондааст, ки дар авроқи «Девон», маснавиҳои «Лайливу Маҷнун»-у «Туҳфаи дӯстон» ва рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» фароҳам омадааст.

«Девон»-и шоир аз ғазалиёту қасидаҳо, мухаммасу мусаддасот, тарҷеъбанду таркиббанд ва қитъаву рубоиёт иборат буда, ҳама дар сатҳи баланди суханварӣ ҳусни адо пазируфта, бармаҳал сазовори эътимоди хосу ом гардидаанд. Махсусан, ғазалиёти Шоҳин басо малеҳу ҷаззобу дилнишин ба қалам омада, фарогири мавзӯъҳои суннатии адабиёти классикии тоҷик, монанди дарди ишқу иштиёқ, ғуссаи дуриву фироқ, ҳусну ҷамоли ёру зебоиҳои табиати нотакрор, таҳсини фазлу камолу тақдири иззу ҷалол, ҷилваҳои фахрияву шикваҳои аҷзия, танқиди фасоди замонаву таблиғи ҳаёти риндона, мазаммати мутаассибону маломати мунофиқон, баёни ранҷу нотавонии инсони ҳамзамону даҳшату ваҳшати мулку макон суруда шуда, мамлуву мурассаъ аз санъатҳои лафзиву маънавии бадеӣ мебошанд.

Бидуни муҳобо, маҳфилу маърака ва нафареро аз ҷумлаи тоҷикони хушзавқу фарҳангӣ пайдо наметавон кард, ки ғазалиёти нӯшини Шамсиддини Шоҳинро, ки дар ҳавои таронаҳои ноби мардумӣ ва сабку усули баёни Саъдиву Ҳофиз, Ҳилоливу Бедил ва Соибу Дониш офарида шудаанд, нахондаву насуруда бошад:

Дилбаро, садқа шавам наргиси фаттони туро,

Қадди сарву лаби лаълу хати райҳони туро!

***

Маро дил мекашад имшаб ба васлат анҷуман кардан,

Ба чандин сӯз чун парвона шамъе дар лаган кардан!

Аз ин ҳама бармеояд, ки ғазалиёти Шамсиддини Шоҳин дар заминаи ҳақиқату воқеияти зиндагӣ, шунидаву мушоҳадаҳои инфиродӣ ва тахайюли густардаи суханварӣ ба қалам омада, ташбеҳоти зебову талмеҳоти дилоро, мазомини Қуръониву аҳодиси набавӣ, дигар ороишу пероиш ва ширинии шеваи шеърӣ мақбули ому маҳбуби хосаш гардонидаанд.

Маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун» аз беҳтарин офаридаҳои Шамсиддин Махдуми Шоҳин ва охирин намунаҳои дар ин силсила эҷодшудаи адабиёти классикии тоҷик буда, дар пайравии «Лайливу Маҷнун»-и Низомиӣ Ганҷавӣ ва «Маҷнуну Лайлӣ»-и Хусрави Деҳлавӣ нигошта шудааст.

Бешак, Шамсиддин Махдуми Шоҳин аз чеҳраҳои дурахшону нуронӣ ва писандидаи адабиёти  тоҷики асри Х1Х ба ҳисоб рафта, дар бунёди  кохи муҳташами шеъри шевои тоҷикӣ дар давраи номбурда ҳиссаи сазовору шоиста гузоштааст. Месазад, ки Шоҳин дар баробари Аҳмади Дониш яке аз бунёдгузорони кохи  мондагори забону адаби  миллати тоҷик шинохтаву қадршиносӣ шавад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2018 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз ёфт
Ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад
Байни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид
Имрӯз ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
Дар Хуҷанд консерти устодони санъати шаҳри Шимкент баргузор гардид
РӮДАКӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН, АБАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН. Гузоштани нимпайкараи ин фарзандони барӯманди ду халқ нишони дӯстии қадимии тоҷику қазоқ аст
Дар Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши «Атласу адрас» баргузор мегардад
Ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон ва намоиши санъати ороишии амалии ҳунармандони қазоқ доир мегардад
Ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон бо мавзеъҳои таърихии Бохтар шинос мегардад
Олимони Қазоқистон бо фаъолияти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ ва Институти кимиё шинос гардиданд