ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст

Октябрь 11, 2018 08:09

ДУШАНБЕ, 11.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,   дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман     дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок,   шабона борон ва барф    дар назар аст.    Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона 10+15 ва дар шарқи ин вилоят шабона -5-10 ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок   шуда,  дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман   дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8    метр ва дар баъзе ноҳияҳо шидати шамол то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +7+12  ва рӯзона +15+20  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   пешгӯӣ шуда, фаромадани туман   дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман  дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +2+7  ва рӯзона ба +15+20   дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда    дар назар буда, ҳаво шабона +3+5 ва рӯзона +18+20  дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 11, 2018 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад