Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи қонун «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» тағйирот ворид менамояд
ДУШАНБЕ, 22.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯро, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»-ро баррасӣ намуданд.
Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова ҳангоми баррасии масъалаи мазкур гуфт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», муқаррар намудани якчанд меъёрҳои нав вобаста ба талаботи замони муосир, инчунин густариши муносибатҳо ва робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо таҳия гардидааст. Он аз 3 боб ва 23 модда иборат мебошад. Сохтори лоиҳаи қонун ба талаботи қонунгузории ҷорӣ мутобиқ карда шуда, ба он моддаҳои нав илова карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар моддаи 7 танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ, моддаи 8 таъсиси Шӯро оид ба ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва рушди мубодилаи байналмилалии арзишҳои фарҳангӣ, моддаи 10 экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ, моддаи 13 муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ, моддаи 19 тартиби истифодаи сарватҳои таърихию фарҳангии мусодирашуда, моддаи 20 боҷу пардохтҳо ҳангоми берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ пешбинӣ карда шудаанд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ»-ро барарсӣ намуданд.
Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон Садриддин Шарифов дар ҷаласа гуфт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади фароҳам овардани шароит барои иҷро ва татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба воситаи санадҳои зерқонунӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи Париж «Оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ», Созишномаи Мадрид «Дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо» ва Шартномаи Сингапур «Дар бораи қонунҳои тамғаи молӣ» таҳия гардидааст. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур барои дастгирии соҳибкорӣ, пешниҳод намудани имтиёзҳои иловагӣ ва содагардонии расмиёт ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона мегардад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






