Президенти мамлакат ба масъулин ҷиҳати таъсиси минтақаҳои саноатӣ дастуру супориш доданд
ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ба соҳаҳои истеҳсолӣ васеъ ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ чораҷӯӣ карда, бояд ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон самаранок ба роҳ монанд. Мисоли намоёни чунин ҳамкорӣ таъсиси минтақаи саноатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Чанд рӯз пеш мо дар пойтахти мамлакат дар масоҳати 9 гектар санги асоси 9 корхонаи истеҳсолиро гузоштем. Ин матлабро имрӯз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» баён намуданд.
Президенти мамлакат дар ин зимн ба роҳбарони дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастуру супориш доданд, ки барои таъсиси чунин минтақаҳои саноатӣ дар асоси риояи меъёрҳои қабулгардида чораҷӯӣ намоянд.
Пешвои миллат ҳамчунин зикр карданд, ки «соли 2017 дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» мутаносибан ба маблағи 78 ва 18 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Дар ду минтақаи дигар – «Ишкошим» ва «Панҷ» корҳои сохтмонӣ ҳоло ҳам идома доранд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки «бинобар мушкилоти инфрасохториву логистикӣ иқтидори минтақаҳои озоди иқтисодӣ пурра истифода бурда намешавад. Беҳтар шудани робитаҳои минтақавӣ барои дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ таъсис додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ё саноатии нав имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, ки онҳо ба истифодаи неруи инсонӣ ва инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат менамоянд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ин масъала, яъне имконияти таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ё саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода шавад».








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






