Шри Рам Натҳ Ковинд: «Ҳиндустон дар рушди иқтидор ва пешрафти Тоҷикистон кумаку дастгирии худро идома медиҳад»

Октябрь 9, 2018 17:19

ДУШАНБЕ, 09.10.2018/АМИТ «Ховар»/. «Вақте ки Раиси музофоти Биҳар будам, ба ман имконияти  аз худ  кардани   осори инсондӯстии  шоири муаззами форсизабонон -Мирзоабдулқодири Бедил, ки  дар шаҳри Патна-пойтахти музофоти  Биҳар таваллуд шудааст, муяссар гардид». Ин нуктаро Президенти  Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд дар доираи сафари давлатӣ зимни вохӯрӣ бо ҷамъияти  шаҳрвандони Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва намояндагони аҳли илму фарҳанги тоҷик дар Душанбе иброз дошт. 

Президенти  Ҳиндустон афзуд, ки «ин сафари нахустини ман ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ буд. Аз ин рӯ,  аз дидори шумо ва ташрифи худ ба сарзамини Тоҷикистон, кишваре, ки  бо Ҳиндустон робитаҳои  хоси таърихию фарҳангӣ  дорад, шодам, зеро маро дар Душанбе бо як гармӣ ва самимияти хосса  истиқбол намуданд».

Бо дахли  ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ҳиндустон Президенти Ҳиндустон зикр кард, ки ин ду давлатро  муштаракоти неки  фарҳангӣ  ба ҳам мепайванданд. Тӯли садсолаҳо  ин ду сарзамин дорои анъанаҳои  неку ғанӣ, таҳаммулпазирию инсондӯстӣ, фалсафаю андеша ва ғояҳои бузург буданд. Санъат, ҳунарҳои мардумӣ  ва корвони молу маҳсулот аз сарзамини тоҷикон  тавассути Роҳи  бузурги абрешим   водию рӯдҳо ва ағбаҳоро убур карда,  ба Ҳиндустон мерасид. Аз ин рӯ, вақте ки бори нахуст  вориди Тоҷикистон гардидам, хушҳол шудам, ки ду давлатро на танҳо  муштаракоти таърихӣ мепайванданд, балки  аз лиҳози ҷуғрофиё низ ин ду сарзамин  бо ҳамдигар наздиканд, зеро кӯҳҳои баланди Помир   бо кӯҳҳои Ҳимолой  чандин мавзеъҳоро пайваста, ба оғӯш мегиранд.

Ҳамзамон Президенти Ҳиндустон доир ба  дастовардҳои  иқтисодию иҷтимоии кишвараш  сухан карда, гуфт, ки  Ҳиндустон бузургтарин кишвари рушдёбанда дар ҷаҳон шинохта шуда,   охирин нишондиҳандаи  Хазинаи Байналмилалии Асъор  рушди иқтисодиёти Ҳиндустонро  дар ҳаҷми 7,8 фоиз  бозгӯӣ менамояд. Ислоҳоти иқтисодӣ ва идоракунӣ дар асоси рушд дар ин кишвар натиҷаҳои назаррас ба бор оварда,  дар муддати чор сол  18 ҳазор деҳа бо хати барқ таъмин гардиданд. Ин нишондод Ҳиндустонро   дар рӯйхати Бонки ҷаҳонӣ  ҷиҳати дастрасӣ ба неруи барқ  аз мақоми 73 ба зинаи 26 фаровард.

Инчунин дар ин кишвар  барномаҳои пешрафтаи Ҳукумат, назири «Make in India»,  «Clean India», «Start –ap India» ва  «Digital India» муваффақона татбиқ гардида истодаанд, ки   дар доираи ин барномаҳо  дар музофоти Уҷвала  беш аз 50 миллион оилаҳо  бо гази табиӣ  таъмин гардиданд.

Ҳамзамон Ҳиндустон   бо фалсафаи  чандинасраи худ «Васудхаива Кутумбюакам», маънояш  «Тамоми ҷаҳон як оила аст» на танҳо ба мардуми  худ, ки қурбони офатҳои табиӣ мегарданд, кумак мерасонад,  балки  ба ҳамаи он кишварҳое, ки  ба дастгирӣ ниёз доранд, мусоидат менамояд.

Ин дар ҳолест, ки  зарфи чор соли охир Ҳиндустон зиёда аз  90 ҳазор  ҳиндустониро, ки дар саросари ҷаҳон  дар шароити вазнини оқибатҳои  офатҳои табиӣ   қарор доштанд,   наҷот дод. Дар байни онҳо инчунин  шаҳрвандони  беш аз 50 кишвари  дигар низ буданд. Ҳамзамон зикр шуд, ки Ҳукумати Ҳиндустон барои робита бо ҷамъиятҳои худ дар хориҷи кишвар барномаҳои гуногун, аз қабили  «Know India Program»-ро роҳандозӣ намудааст, ки то бо ҳамватанон-хиндувони бурунмарзӣ  дар тамос бошад. Инчунин  низоми  OCI ба таври васеъ роҳандозӣ гардидааст.

Дар идомаи суханронияш Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон зикр кард, ки  Ҳиндустон ҷамъиятҳои худро дар хориҷа ҳамчун  шарики муҳими устуворгардонии фаъолияти   байналмилалии худ ва таҳкими дӯстиву рафоқат мешуморад. Аз ин рӯ, онҳо имкон доранд саҳми худро дар   рушди ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои сайёҳӣ, тиҷорат, тиббӣ ва фарҳангӣ гузоранд.

Таъкид шуд, ки  ҷамъияти  шаҳрвандони Ҳиндустон дар Тоҷикистон  чандон калон нест, вале аъзои он бо  ҳамдигар  ва мардуми тоҷик  наздиканд. «Барномаи   фарҳангие, ки ҳунармандони ҷавони тоҷик  ва ҳиндустонӣ зимни  пазироии ман намоиш доданд, шаҳодати ин гуфтаҳост.  Боз ман аз он мамнун гардидам, ки дар сарзамини Тоҷикистон нисбат ба фарҳанги Ҳинд- забон рақс, сурудҳои ҳиндӣ шавқи зиёд доранд. Филмҳои ҳиндӣ ва ҳунармандони синамои  Болливуд  дар сарзамини Тоҷикистон бисёр машҳуранд, ки он аз муштаракоти фарҳангии мардумони тоҷику ҳинд башорат медиҳад»,-гуфт Президенти Ҳиндустон.

Шри Рам Натҳ Ковинд инчунин зикр кард, ки   Ҳиндустон манфиатдори густариши равобити мутақобилан судманд  бо Тоҷикистон  буда, дар рушди иқтидор ва пешрафти  Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаку дастгирии худро идома  медиҳад. Инчунин Президенти Ҳиндустон ба устодону  профессорон ва олимони ҳиндушиноси  тоҷик барои  пешбурди  забони ҳиндӣ ва фарҳанги он арзи сипос намуд.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд зимни сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо   роҳбарони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, дурнамои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустонро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон мавсуф бо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот намуда, дар пояи муҷассамаи нахустин Асосгузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ ва нимпайкараи ходими барҷастаи ҷамъиятию сиёсии Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ ва нависандаи бузурги Ҳинд  Робиндранат Такур, ки дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе воқеъ гардидаанд, гулчанбар гузошт.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 9, 2018 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошад
Муовини Сарвазири Беларус дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардид
МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Аз ифтитоҳи ин маҷмааи миллӣ 26 сол пур шуд
Оид ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнии асарҳои рассомони ҷавони тоҷик ифтитоҳ ёфт