Дар Душанбе Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Дар назар аст, ки дар ҷашнвора меҳмони зиёд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо иштирок намоянд.
Дар доираи ин ҷашнвора баргузории ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ ва дарси «Устод ва шогирд» пешбинӣ гардидааст.
Инчунин баргузории рӯзҳои кинои Федератсияи Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Мақсади гузаронидани синамоҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино мебошад
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» соли 2023 доир шуд буд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






