Қисми дуюми китоби «Абармарди таърихсоз» аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Қисми дуюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, аз чоп баромад.
Ин китоб дар партави воқеияти таърихӣ ва бо руҳияи баланди ватандӯстиву инсонгароӣ чеҳраи абармарди давронро бо забони баланду эҳсосотии адабӣ ва таҳлили фалсафӣ таҷассум менамояд.
Тавре дар сарсухани китоб омадааст, шабе, ки ситорагон дар осмони бекарон медурахшанд, аз қалби миллат рӯъёе бармехезад — рӯъёи сулҳу ваҳдат, ормони давлатсозӣ ва бақои миллат. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои таърихӣ шахсиятҳои нодир зуҳур мекунанд, ки бо хирад, ирода, ҷавонмардӣ ва маърифати воло миллати худро аз вартаи нобудӣ наҷот медиҳанд ва роҳи наверо ба сӯи рушд ва бунёдкорӣ мекушоянд. Дар маркази ин рӯъё ва ормонҳои миллӣ шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад — абармарде, ки ба таърихи навини тоҷикон маънӣ ва моҳият бахшид.
Қисми аввали китоб, ки қаблан ба дасти хонандагон расида буд, ҳамчун навиштаи саршор аз эҳсосу дарк ва таҳлили рӯшан бо диди пандомӯз ва сиёсӣ, симои Пешвои муаззами миллатро ҳамчун роҳбари бузург, меъмори сулҳу ваҳдат, наҷотбахши миллат ва бунёдгузори давлати навин ба қалам дода буд. Қисми дуюми китоб идомаи ин равшангарии таърихист, ки бо шеваи лирикӣ ва сабки фалсафӣ, саҳифаҳои нави зиндагии сиёсӣ ва шахсии Пешвои миллатро бозгӯ мекунад.
Ҷавонмардӣ, сабру таҳаммулпазирӣ ва хиради сиёсии Эмомалӣ Раҳмон се меҳвари асосии китобро ташкил медиҳанд, ки муаллиф онҳоро бо далелҳои таърихӣ ва сабку услуби шоирона шарҳ медиҳад. Махсусан дар қисматҳое аз китоб, ки ба марҳилаҳои буҳронии солҳои 90-уми асри гузашта ва талошҳои Пешвои миллат дар роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ бахшида шудаанд, хонанда рӯйдодҳои пурфоҷиаи таърихиро бо чашми ақл дида, ба арзиши суботи имрӯзаи кишвар аз нав назар меандозад.
Муаллиф бо нигоҳи амиқи таҳлилӣ Пешвои миллатро на танҳо ҳамчун раҳбари як давлат, балки ҳамчун рамзи ҷавонмардии таърихӣ ва инсонияти умумибашарӣ тасвир мекунад. Таъкид мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун як чеҳраи маъруф ва ташаббускори масоили муҳими глобалӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, об ва иқлим шинохта шудаанд. Ин ташаббусҳо, ки аз минбарҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид садо додаанд, садои виҷдони башариро бедор карданд ва Тоҷикистонро дар харитаи сиёсати ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва масъули глобалӣ муаррифӣ намуданд.
“Абармарди таърихсоз” на танҳо як китоб, балки оинаест, ки симои миллат ва марҳилаи навини таърихи тоҷиконро инъикос мекунад. Дар саҳифаҳои он Пешвои миллат ҳамчун чеҳраи инсонгаро, сулҳпарвар ва бунёдкоре тасвир ёфтаанд, ки бо қалби бузург, иродаи устувор ва чашмандози дурнамои сиёсӣ тавонистанд миллати тоҷикро ба суботи устувор ва рушди ҳаматарафа раҳнамоӣ намоянд.
Дар фарҷоми сарсухан муаллиф хитоб ба хонанда мегӯяд, ки ин китоб танҳо саргузашти як шахсият нест — он дарси ҷавонмардӣ, сабру таҳаммул ва инсонияти комил барои ҳар фарди бедордил ва ватандӯст аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид






