Ансамбли давлатии «Фалак»-и Тоҷикистон дар ҷашнвораи «Муттаҳидӣ тавассути фарҳанг» дар Сеул иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои ҳунарии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷашнвораи фарҳангии кишварҳои Осиё таҳти унвони «Муттаҳидӣ тавассути фарҳанг», ки дар шаҳри Сеул баргузор гардид, ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ансамбли давлатии «Фалак» иштирок намуд. Суруду таронаҳои пурмазмун ва оҳангҳои ҷаззоби ҳунармандони тоҷик писанди тамошобинони сершумори кореягӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи Фалак муайян карда шудааст. Ин санъати беназири миллии тоҷикон ифодаи ҳиссиёт, андеша ва руҳи мардуми тоҷик буда, дар рушди фарҳанги миллии мамлакат ҷойгоҳи арзанда дорад.
Ин мусиқии суннатии тоҷик 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






