Дар Душанбе маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева баргузор гардид

Октябрь 5, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Ҳарири ноз» маҳфили адабии адиб ва рӯзноманигори шинохта, Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагон хабар доданд.

Дар маҳфил иброз гардид, ки Латофат Кенҷаева аз ҷумлаи адибонест, ки на танҳо шеър менависад, балки ба кори нашр ҳам машғул буда, дар ин самт низ муваффақ шудааст.

Давоми ин солҳо маҷмуаҳои ашъори адиб бо номҳои «Лолаарӯсак», «Марҷони ранга», «Сандуқчаи марворид», «Афсонаи тиллонур», «Гурбаи Сомон ва чӯҷаи Ораш» ба табъ расидаанд.

Бояд гуфт, ки Латофат Кенҷаева на танҳо дар эҷоди ашъори бачагона ба камол расидааст, балки дар тарҷумаи ашъори барои кӯдакон таълифнамудаи шоирони халқҳои дигар низ маҳорат ва истеъдоди хос дорад. Аз ҷумла, маҷмуаи ашъори шоири рус Наталия Юркова «Моҳ ва фил»- ро бо сабку забони шевою рангини кӯдакона ба тоҷикӣ баргардонидааст.

Латофат Кенҷаева муаллифи беш аз 50 китоби насрию назмӣ барои кӯдакону наврасон мебошад. Ҳамчунин беш аз 700 мақолаю очерк иншо кардааст.

Асарҳои алоҳидаи ин адиб ба забонҳои русӣ, англисӣ, узбекӣ, беларусӣ ва украинӣ тарҷума карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки хизматҳои Латофат Кенҷаева дар соҳаи матбуот ва адабиёт қадрдонӣ шуда, дорандаи унвонҳои ифтихории «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Адиб узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

Ба Латофат Кенҷаева бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон унвони Шоири халқии Тоҷикистон дода шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 5, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст