Ба 7768 хонаводаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
ДУШАНБЕ, 07.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдими китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин оғоз гардида, ҳоло ин раванд идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи нақшаи пешбинишуда, китоб барои 7768 хонавода ворид гардида, бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ба оилаҳои ноҳия тақдим карда мешавад.
Ин иқдоми неку фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳадафи таҳкими худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани завқи мутолиа дар байни аҳолӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷониби сокинони ноҳия бо самимият ва эҳсоси баланди ифтихор пазируфта мешавад.
Оилаҳое, ки китобро дастрас намудаанд, изҳор доштанд, ки «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи безаволи таъриху адабиёти тоҷик дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.
Масъулин иброз намуданд, ки тақдими ин шоҳасари безавол ба ҳар хонавода идома дошта, рӯзҳои наздик ҳамаи 7768 хонаводаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ин туҳфаи пурқимати Пешвои миллатро дастрас менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд






