СУХАН ҲАР ОН ЧИ КИ ХУШТАР БУВАД, МАНАШ ГУФТАМ! Ба ифтихори 160-солагии Шамсиддин Шоҳин конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Октябрь 18, 2018 15:53

ДУШАНБЕ, 18.10.20018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмиву адабӣ ба ифтихори 160 — солагии яке аз шоирони номвари нимаи дуюми асри Х1Х тоҷик Шамсиддин махдуми Шоҳин таҳти унвони «Шамсиддин Шоҳин ва адабиёти тоҷики асри Х1Х» доир гардид. Ҳамоиш бо  ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, Маркази мероси хаттии АИ ҶТ ташкил гардида, дар ду бахш-забон ва адабиёт, таърих ва фарҳанг давоми рӯз ҷараён мегирад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки қисмати аввали конференсияи ҷумҳуриявиро  президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки арҷ гузоштан ба мероси беназири ниёгон имрӯзҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Омӯзиши мероси шахсиятҳои бузурги таърихӣ идомабахши сиёсати созандаи давлати мо мебошад.

Зикр шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки таърихи бошарафи миллату афкори созандаи ниёкони бохирадамонро биёмӯзем, то мутамадину фарҳангӣ ва меҳнатдӯсту худшинос бошем.

Таҷлили ҷашнвораҳои соли бузургдошти Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, «Авасто», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, давлати Сомониён, Устод Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Аҳмади Дониш, Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ, Истаравшан, Кӯлоб, Ҳисор ва чандин маъракаву тантанаҳои дигари таърихиву фарҳангӣ татбиқи ҳамин ҳадафҳои волои созандаро дар пай доштанд.

Ҷашнвораҳои дарпешистодаи 5500 – солагии Саразми бостонӣ, 540 – солагии Кавкабии Бухороӣ, 400 – солагии Сайидои Насафӣ, 160 – солагии Шамсиддин Шоҳин, ки бо ҳидояту мусоидати Пешвои муаззами миллат истиқболу баргузорӣ мешаванд, хиштҳои дигар дар бунёди кохи маънавии халқу кишварамон хоҳанд буд.

Ба маълумоти президенти Академияи илмҳо, ба ифтихори 160 – солагии шоири ширинбаёни тоҷик Шамсиддин Шоҳин  дар тамоми ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузории конференсияву ҳамоишҳои илмӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа  Масрур Абдуллозода,  раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим,  профессор Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филология Ҷӯрабек Назрӣ, доктори илмҳои таърих Аскаралӣ Раҷабов дар бораи ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёт, нусхаҳои хаттии мероси шоир, сабк ва услуби осори ӯ, андешаҳои маорифпарваронаи ин шоири барҷаста изҳори андеша намуданд.

Дар ҷараёни конференсия китобҳои тозанашри «Девони ашъор», «Туҳфаи дӯстон», «Бадоеъ-ус-саноеъ», «Лайлӣ ва Маҷнун»-и суханвари шаҳири тоҷик- Шамсиддин Шоҳин, ки таҳти назари узви вобастаи АИ ҶТ Ҷӯрабек Назрӣ рӯи чоп омадаанд, муаррифӣ гардиданд.

Бахши аввали конференсия дар толори Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҶТ бо роҳбарии директори Институт Сахидод Раҳматуллозода ва бахши дуюм дар толори Маркази мероси хаттии АИ ҶТ бо роҳбарии директори он Ҷӯрабек Назрӣ ва иштироки олимон, адабиётшиносон ва шоҳиншиносони ҷумҳурӣ ҷиҳатҳои муҳими ҳаёту эҷодиёти шоир мавриди таҳлил қарор гирифт.

Доктори илми филология Мирзо Муллоаҳмад ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  мавқеи Шамсиддин Шоҳинро дар асри 19 хеле бузург арзёбӣ карда, гуфт, ки «ҷавонмарди сухангустару ватанпарвар ва шоҳини баландпарвози сипеҳри суханпардозӣ Шамсиддин Шоҳин яке аз пайравони мутафаккири барҷастаи тоҷики асри  XIX- Аҳмади Дониш ба шумор меравад. Дар осори Шамсиддин Шоҳин муҳимтарин мавзӯъҳои иҷтимоии давр инъикос ёфтаанд. Махсусан, унсурҳои халқӣ дар ашъори ӯ хеле барҷаста намоён мешаванд. Дар осори Шамсидин Шоҳин калимаву ибора, тадбирҳо, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ хеле зиёд истифода шудаанд ва ин аз он далолат медиҳад, ки Шамсидин Шоҳин воқеан шоири мардумӣ буд ва аз номи халқ эътирозу андешаҳои худро баён кардааст».

Тавре Шоҳин худ мегӯяд:

Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,

Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.

Ба андешаи олими тоҷик Мирзо Муллоаҳмад, осори Шамсидин Шоҳин имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст, зеро мо дар осори Шамсидин Шоҳин беҳтарин андешаҳо ва суннатҳои адабиёти гузаштаи худро мебинем. Ҳамчунин шоир андешаҳои зиёди панду ахлоқӣ дорад, ки мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекунанд.

Имрӯз ҳам ашъори Шамсидин Шоҳин метавонад барои тарбияи насли наврас хизмат кунад.

  Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 18, 2018 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад