«Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ». Кумитаи рушди сайёҳӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 31.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаозмунҳои ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» ва «Таҳияи нақшаҳои тиҷоратии соҳибкорӣ» эълон менамояд.
Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, озмунҳо бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, инъикоси раванди эҳёву рушди сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри боз ҳам равнақу ривоҷ ёфтани он, инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, муайян намудани мақому манзалати туризм дар муаррифии миллату давлати тоҷикон миёни ҷаҳониён ва тарғиби тамаддуну фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 роҳандозӣ мегарданд.
Муҳлати қабули мавод то 8 ноябри соли 2018 сурат мегирад.
Суроға барои қабули мавод: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 78.
Маълумоти муфассалро метавонед тариқи телефонҳои (8 37) 2278479, financetourism.tj@mail.ru ба даст оред.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






