«ВАҚТИ ОН АСТ, ЭЙ СУХАН, ҒУРРАНДАТАР ГАРДӢ ЗИ БАРҚ…». Чунин муроҷиат намудааст шореҳи сиёсии АМИТ «Ховар» ба аҳли қалам ва сухани кишвар
ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дода будем, 15 октябри соли ҷорӣ дар яке аз маъруфтарин мактабҳои олии Туркия — Донишгоҳи Истанбул бо иштироки рӯҳониҳои шинохта ва доираи васеъи коршиносони бахши дину мазҳаб таҳти унвони «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» Конференсияи байналмилалӣ гузаронида шуд. Як рӯз пас аз он, 16 октябр дар шаҳри Қоҳира зери сарпарастии Раиси Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ чорумин Конференсияи Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ ва амалӣ» баргузор гардид.
Роҷеъ ба натиҷаҳои ин ду ҳамоиш шореҳи сиёсии АМИТ “Ховар” Акрам САНГЗОДА мулоҳиза меронад.
Дар ин ду ҳамоиши сатҳи баланд донишмандон, пажуҳишгарон, сарони муфтиёт ва кумитаҳои дини кишварҳои гуногун оид ба хатарҳои терроризми байналмилалӣ нисбат ба исломи ноб дар мисоли фаъолиятҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом (дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), созмони «Ихвон-ул-муслимин» (дар Ҷумҳурии Арабии Миср) ва ташкилоти ФЕТО (дар Ҷумҳурии Туркия) маърӯзаҳои илмӣ шунида шуда, саволу ҷавоб сурат гирифт.
Донишҷӯёни Донишгоҳи Истанбул аз Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон чӣ дархост карданд?
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни маърузаи хеш дар Истанбул изҳор дошт, ки хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест ва дар Конференсияи Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ ва амалӣ» ҳизби наҳзатро ташкилоти террористии байналмилалӣ эълон намуда, «содир намудани фатворо дар масъалаи маҳкум намудани ТТЭ ҲНИ талаб намуд» (рӯзномаи «Ал-Аҳром»).
Дар Донишгоҳи Истанбул донишҷӯён аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Турманистон, Афғонистон, Туркия, Тоҷикистон ва устодону унвонҷӯён аз факултаҳои илоҳиёт, сиёсатшиносӣ, фалсафа пас аз шунидани маърӯзаи Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ӯ саволу ҷавоб баргузор карданд. Аз ҷумла, донишҷӯи турк Ферҳат Гул оид ба таърихи пайдоиши наҳзат дар кишвари Тоҷикистон маълумоти бештар дархост намуд.
С. Абдуқодирзода изҳор кард, ки «Ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзат” дар замони Иттиҳоди абарқудрати шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар пинҳонӣ таъсис дода шудааст. Созмони мазкур фаъолияти худро ба таври махфиёна пеш мебурд. Мақсади он ба роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ва барпо сохтани давлати Хилофат дар Тоҷикистон буд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ 26 октябри соли 1991 анҷумани муассисони ҳизб баргузор шуд. Ҳамин тавр, солҳои 1991-1993 ҳизби наҳзат ошкоро амал намуда, фаъолияти тахрибкоронаро пеш гирифт. Дар як муддати кӯтоҳ гурӯҳҳои ҷангӣ таъсис дода, бо кумаки пуштибонони хориҷии ҳизб он гурӯҳҳо бо силоҳи ҷангӣ мусаллаҳ карда шуданд.
Баъд аз барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ ва ворид шудани неруҳои ВКД ҶТ ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он вақт Кофарниҳон ва Файзобод гурӯҳҳои ҷангии ҳизби наҳзат моҳҳои декабри соли 1992 — январи соли 1993 ба минтақаи он вақт Ғарм фирор карданд. Баробари ворид шудан ба минтақаи Ғарм гурӯҳҳои ҷангии наҳзат тартиботи ба ном исломиро ҷорӣ намуданд.
14 феврали соли 1993 саркардагони ҳизби наҳзат яке аз мубаллиғони низоми исломӣ домулло Саъдидин Рустамовро роҳбари Шӯрои инқилобии исломии Ғарм таъйин карда, ба воситаи Шӯрои исломӣ сокинони маҳалро барои иштирок дар «ҷиҳод» ба муқобили ҳокимияти қонунӣ маҷбур мекарданд. Иловатан, дар масҷидҳо баромад намуда, бо истифода аз радиои маҳаллӣ аҳолиро даъват мекарданд, ки ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон ҳамроҳ шаванд. Наҳзат ва гурӯҳҳои ҷангии он баъд аз шикаст хӯрдан дар минтақаи Ғарм ба Афғонистон гузаштанд. Дар он ҷо бо ҳидояту роҳнамоии мушовирони хориҷӣ моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуда, роҳбарии онро ба дасти худ гирифтанд. Роҳбарони наҳзат гурезаҳои фирориро ба сифати гаравгон истифода мекарданд ва ба номи онҳо маблағҳои калони молӣ ва кумакҳои моддӣ гирифта, бо назардошти манфиатҳои худ он маблағу кумакҳоро тақсим мекарданд.
Аз ҳисоби ҷавононе, ки дар лагерҳои фирориён қарор доштанд, роҳбарони наҳзат гурӯҳҳои нав ба нави ҷангӣ таъсис дода, кӯдакон ва ноболиғонро аз падару модаронаш ҷудо месохтанд ва ба пойгоҳҳои низомӣ-таълимӣ интиқол медоданд. Бо истифода аз набудани ҳокимияти қавии марказӣ дар Афғонистон солҳои 1993 — 1997 борҳо гурӯҳҳои ҷангии наҳзатиҳо ба минтақаҳои аҳолинишини сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом доданд. Ҷоннисорӣ ва ватандӯстии сарбозону афсарони қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имкон надод, ки гурӯҳҳои ҷангӣ ва роҳбарияти ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат ба мақсади нопоки худ бирасанд».
Сипас, донишҷӯ Гулҷан Атаева (миллаташ туркман) ба Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо ин савол муроҷиат кард, ки «чаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти махсусан хатарноки наҳзат созиш баст?».
С.Абдуқодирзода дар посух гуфт: «Бо мақсади хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд. Ҷиноятҳои кардаи ташкилоти наҳзат бахшида ва он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Раиси собиқи ҲНИ М. Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро дар ҳамон давра чунин баён намуда буд: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хориҷӣ барои иҷрои вазифаҳо дастрас мешаванд, ба роҳ монда шудааст». ҲНИ ба фаъолияти ошкоро гузашт. Мутаассифона, бисёре аз аъзо ва роҳбарони бахшҳои ҲНИ дар бораи барномаи сиёсии пинҳонии ҳизб маълумот ва огаҳӣ надоштанд. Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёди ҳизби исломӣ дар кишваре, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, худ тафриқа андохтан миёни мардум мебошад».
Дар ҷавоб ба саволи донишҷӯи бахши дуюми Донишгоҳи Истанбул Ҳасан Алӣ Юҷел, ки пурсон шуд ҳизби наҳзат аз ҷониби кадом кишвар маблағгузорӣ мешавад, С.Абдулқодирзода зикр кард: «Албатта, ягон кишвари олам ба таври расмӣ изҳор намекунад, ки аз созмони террористии наҳзат пуштибонӣ мекунад. Вале, муттаассифона, дар Конфронси 9-уми байналмилалӣ бо номи «Ваҳдати Ислом», ки дар Эрон баргузор гардида буд, М.Кабирӣ бо даъвати махсуси Хоманаӣ иштирок дошт.
Қобили зикр аст, ки дар он Конфронс Раиси Шӯрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне, банда ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида будам. Ҳарчанд наҳзат аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ эълон гардида буд ва М. Кабирӣ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошт, аммо ҳукумати Эрон шахсан террористи махсусан хатарнокро даъват карда, бо ин амал пуштибониашро аз наҳзат нишон дод. Гузашта аз ин, Қиёмиддини Ғозӣ ва Аёмуддин Сатторов, ки дар қатори таъсисдиҳандагони ҳизби наҳзат буданд, худ иқрор ҳастанд ва бо далелҳои дақиқ пайваста таъкид мекунанд, ки пуштибони аслии ҳизби наҳзат Ҷумҳурии Исломи Эрон мебошад.
Аввали солҳои навадуми асри гузашта, вақте масъалаи расман ба фаъолият шурӯъ намудани ҳизби наҳзат пайдо шуд, тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик пайдо шудани ҳизби наҳзатро қабул надоштанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ медонистанд. Аммо таъсисдиҳандагони ҲНИ иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда, бо кумаки хоҷагони хориҷии худ наҳзатро ба майдони сиёсати Тоҷикистон маҷбуран ворид карданд. Маротибаи дуюм, ба хотири қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ ҲНИ дар мақомоти дахлдори Тоҷикистон ба расмият ба қайд гирифта шуд, вале роҳбарияти он аз содир кардани ҷиноятҳои террористӣ даст накашид. Бо супориш ва маблағгузории роҳбари феълии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ 4 сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳизби мазкур кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа бисёр ҷавонони бо нангу номус ва мусалмони тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худ доштанд, аз силоҳи террористони наҳзатӣ кушта шуданд».
Дар идомаи посух ба саволи гузошташуда Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба террор шудани сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби аъзои наҳзат ва дастпарварони Эрон изҳор намуда, таъкид дошт, ки гардишгарони хориҷӣ танҳо барои саёҳат ва истироҳат омада буданд. Аммо нотавонбинон ва хоинони миллати тоҷик ҷавонони хориҷиро бераҳмона ба қатл расониданд. Тафтишот нишон дод, ки шахси ин ҷинояти террористиро бар зидди гардишгарони хориҷӣ содиркарда тӯли солҳои 2014-2015 чор бор ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Эрон сафар карда, ба ӯ дар онҷо машқҳои низомӣ ва идеологӣ омӯхтаанд. Ин шахс дар вақти таҳсил гирифтанаш дар Эрон бо яке аз фаъолони ТТЭ ҲНИ шинос гардида, ба сафи ҳизб шомил гардидааст. Баъдтар ин шахс роҳбари гурӯҳи махфии террористӣ таъйин гардид. Иҷрокунандагони амали террористӣ ба нақша гирифта буданд, ки пас аз содир кардани амали террористӣ сарҳади Тоҷикистонро убур карда, ба ҳудуди Афғонистон гузаранд ва он тарафи сарҳади давлатӣ ба сафи ҷанговарони терроризми байналмилалӣ ҳамроҳ шаванд.
С.Абдуқодирзода ба иштирокдорони Конференсия ҳамчунин оид ба усули фаъолияти наҳзат дар мавриди ҷалб намудани одамон ба сафи худ маъулумот дода, гуфт: «Роҳбарият ва аъзои фаъоли ҳизби наҳзат мардуми мусалмони тоҷикро бо роҳи фиреб дар бемористон, масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аъзои ҳизби мазкур гардонида, мегуфтанд, ки «намоз хондан муҳим нест, муҳим он аст, ки аъзои ҳизби исломӣ бошед». Байни мардум тарғибу ташвиқ мебурданд, ки дар интихоботҳо набояд номи Ислом аз варақаҳои интихоботӣ хат зада шавад, агар нафаре дар варақаҳои интихоботӣ болои номи ҳизби наҳзати ислом хат кашад, пас ӯ «кофир» мегардад. Аз ин маълум мегардад, ки бо суиистифода аз эътиқоду бовари халқи мусалмони тоҷик ва гумроҳ сохтани онҳо бо тафсири барғалату ғаразманди ояту ҳадисҳо ҲНИ мақсад доштааст, ки зимоми ҳокимиятро бо роҳи зӯроварӣ ва террор ба дасти худ гирад.
Фаъолони ҷомеаи Туркия ва Миср дар мубориза ба муқобили ифротиёну террористон ҷасорати бештар доранд?!
1 августи 2018 низ дар шаҳри Қоҳира Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолиятҳои тахрибкоронаи ташкилотҳои террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» баргузор гардида буд, ки натиҷаҳои он дар шакли маҷалла бо номи «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ» интишор гардид. Маҷалла аз 64 саҳифа иборат буда, дар он маърӯзаҳои иштирокдорони ҳамоиш, аз ҷумла матни суханронии доктор Ҷавда Абдулхолиқ – собиқ Сарвазири Миср, доктор Иззат Саъд – мудири Шӯрои корҳои хориҷии Миср, Абдуссалом ал-Хазровӣ – узви Маҷлиси намояндагони Миср, доктор Исом Шараф – раиси Маркази пажӯҳишҳои сиёсӣ ва расонаии «Ҳивор» оварда шудаанд. Дар маҷаллаи мазкур таърихи пайдоиши «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ ҲНИ, ҳадафҳои муштараки ғоявии ин ду ташкилот, шабоҳати фаъолияти онҳо, бозтоби ҷиноятҳои ин созмонҳои террористӣ дар расонаҳо, зуҳури ТТЭ ҲНИ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, робитаҳои хориҷии ин созмонҳои террористӣ ва манбаъҳои маблағгузории онҳо, робитаҳои кишвари Эрон бо «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ ҲНИ, қарорҳои додгоҳӣ дар бораи мамнуъ намудани фаъолияти ин ташкилотҳо дар Миср ва Тоҷикистон маълумоти муфассал дарҷ ёфтааст. Ҳамзамон аксҳои собиткунандаи фаъолияти террористии ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҶТ, кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби Назарзода А., куштори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара ва аксҳо аз ҷараёни конференсия дар маҷалла ҷой карда шудаанд.
Мунтазам баргузор намудани ҳамоишҳо ва конфронсҳо дар Миср ва Туркия аз он шаҳодат медиҳад, ки фаъолони ҷомеаи ин кишварҳо дар симои олимон, донишмандон, рӯҳониёни шинохта, дар умум зиёиён дар мубориза ба муқобили ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва терроризми байналмилалӣ мавқеи қавӣ ва устувор доранд. Муассисону муҳаррирон ва журналистони ВАО-и ин ду кишвар оид ба созмону ташкилотҳои террористии байналмилалӣ ҷасурона ва пайваста мақолаву гузоришҳо ва мусоҳибаҳо ташкил намуда, дар саҳифаҳои ВАО ҷой мекунанд. Бо ин роҳ дар таъмини амнияту суботи кишварҳои худ ва минтақа саҳми шоиста мегузоранд. Рисолати касбии худро иҷро намуда, аз хатари ташкилотҳои ифротиву террористӣ дар мисоли ташкилотҳои террористии ҳизби наҳзати ислом, «Ихвон-ул-муслимин», «Боко ҳарам», «ФЭТО» ва ғ. ки аз номи Ислом сӯиистифода карда, одамонро ба гумроҳӣ мебаранд, бонги изтироб мезананд.
Вақти он аст, ки ҷомеаи фаъоли кишвари мо низ ба муқобили идеяҳо, фаъолиятҳо ва таблиғоту ташвиқоти ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар созмонҳои террористӣ бо садои баланд изҳори назар кунанд. Тавре шоири шаҳири тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар мубориза ба муқобили фашистон на танҳо ба даст силоҳ гирифта буд, балки аз қувваи сухан низ истифода мекард ва дар муроҷиат ба ҳамкасбонаш навиштааст:
Вақти он аст, эй қалам, буррантдатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ.
То ба душман ҳамла орам, решааш бурӣ зи бех,
То расӣ, манҳус анчарро кунӣ бе шоху барг…
Удабову уламо, аҳли қалам ва сухани имрӯзи Тоҷикистонро низ зарур аст, ки чун устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода ва дигарон устуворона ва бо ҷасорату қатъият манфиатҳои миллату давлатро ҳифз намоянд, зеро он изҳорот ва муроҷиатҳое, ки аз номи шӯроҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар ин мавзӯъ нашр мешаванд ва ҳамчунин мақолаҳое, ки бо исми мустаор чоп мешаванд, дар муборизаи иттилоотӣ таъсири заиф мегузоранд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»