«Красавчик» -и Бадахшонро бештар сайёҳони амрикоӣ шикор мекунанд. Ва ё дар Мурғоб Пажӯҳишгоҳи гӯсфанди Марко Поло таъсис дода мешавад

Октябрь 26, 2018 14:25

ДУШАНБЕ, 26.10.2018/АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғатии Тоҷикистон тандиси гӯсфанди Марко –Поло /Ovis  ammon polii/, ки дар Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳайвони нодир  сабт гардидааст, гузошта шуда, ҳамзамон бо мақсади ҳифз ва  афзун гардонидани саршумори гӯсфанди Марко Поло аз ҷониби Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон дар ноҳияи  Мурғоб Пажӯҳишгоҳи гӯсфанди Марко Поло  таъсис дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл зимни сафари кории   Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб  бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ гардид. Дар ошёнаи якуми  бинои навсохт Осорхонаи гӯсфанди «Марко Поло» ташкил карда шуд, ки он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ беназир буда, ҳадафаш ҳифз ва зиёд намудани саршумори ин ҳайвони нодир дар  Тоҷикистон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки гӯсфанди Марко Поло рамзи боигарии  табиати сарзаминамон аст.

Чаро гӯсфанди Марко  Поло?

Марко Поло  ном гирифтани гӯсфанди помирӣ ё архар /Pamir argali/ ба номи сайёҳ ва тоҷири венетсиягӣ Марко Поло (1254-1324)  иртибот дорад,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи назорат ва ҳифзи  олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Маскаев.

Бори нахуст ин гӯсфандро сайёҳи итолиёӣ ба қайд гирифтааст. Гӯсфанди Марко Поло яке аз нуҳ зернамуди гӯсфанди кӯҳӣ ва осебпазир буда,  ба рӯйхати сурхи  Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва замимаи  2 Конвенсия «Дар бораи  савдои байналмилалии  намудҳои флора ва фаунаи байналмилалӣ, ки дар зери таҳдиди маҳшавӣ қарор доранд» /CITES/  дохил карда шудааст.

Гӯсфанди Марко Поло  ҷойҳои салқинро дӯст медорад

Мавзеи сукунати  гӯсфанди Марко Поло  дар Тоҷикистон Помири Шарқӣ  – Мурғоб, қаторкӯҳҳои Музкол, Пшарт, Аличури Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Вахон, Сарикул, Зулумарт ва Пасиолой буда,  инчунин дар давраи кӯчиш онҳо муваққатан ба баъзе ҳудудҳои Шуғнон, Ишкошим, Рӯшон  ворид шуда, боз ба Мурғоб бармегарданд . Гӯсфанди  Марко Поло асосан дар баландии  3400  метр аз сатҳи баҳр сукунат намуда, дар фасли тобистон ба баландиҳои 6100 метр мебарояд, зеро бештар  ҷойҳои салқин  ва наздикии барфро дӯст медорад. Инчунин кишварҳои  Афғонистон-Помири хурд ва долони Вахон, кӯҳҳои Тиёншон,  Чин ва Қирғизистон — водиҳои фарохи байникӯҳӣ, нишебиҳои даштӣ,  марғзорҳои алпӣ,  ки дар баландии беш аз 3500  метр аз сатҳи баҳр  ҷойгиранд, муҳити  сукунати гӯсфанди Марко-Поло мебошанд. Кӯчиши мавсимии гӯсфанди Марко Поло вобаста ба фасли  сол сурат мегирад.

Саршумори гӯсфанди Марко Поло сол аз сол меафзояд

Дар Тоҷикистон саршумори гӯсфанди Марко Поло чӣ теъдодро ташкил медиҳад? Дар посух ба ин савол Абдуқодир  Маскаев гуфт, ки  саршумори гӯсфанди Марко  Поло дар Тоҷикистон соли 1991 аз 8 то 12 ҳазор сарро ташкил дода буд.  Дар солҳои 2016-2017 дар асоси гузаронидани ҳисобот  саршумори гӯсфанди Марко-Поло ба  26 ҳазор сар расидааст. Хусусияти биологии гӯсфанди Марко Поло аз он иборат аст, ки дар дуюнимсолагӣ  ба балоғат расида, моҳҳои декабр –январ ҷуфт шуда, давраи ҳомиладориаш 150 -160 рӯз тӯл мекашад. Дар як сол охирҳои моҳи май ва аввалҳои моҳи июн як ва  баъзан ду барра таваллуд мекунад, то чормоҳагӣ барра таҳти назорати гӯсфанд мемонад ва баъдан мустақилона зиндагӣ менамояд.

Гӯсфандони Марко Поло дар мавсими тирамоҳу зимистон рамаҳои сершуморро ташкил медиҳанд. Дар шароити табиӣ то 10-12 сол  умр мебинанд. Паҳнои андозаи шохҳояшон то 38 см, дарозии шохҳо  то ба 1 метру 90 см расида, вазнашон то 150 кг –ро ташкил медиҳад. Шох ва сари гӯсфанди Марко Поло 30 фоизи вазни умумии баданашро ташкил медиҳад.

Афзоиши  гӯсфанди Марко Поло  дар шароити сунъӣ  ғайриимкон аст

Шикори ғайриқонунӣ, аз ҳад зиёд чаронидани чорво, ҷамъоварии растании терескен  сабаби кам шудани   саршумор ва таназзули муҳити  сукунати   гӯсфанди Марко Поло  мегардад. Ҳамзамон парвариш ва афзоиши  гӯсфанди Марко Поло  дар шароити сунъӣ  ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, тадбирҳои ҳифзи гӯсфанди Марко Поло    пешгирии шикори  ғайриқонунӣ, ба низом даровардани чаронидани  чорво, манъи ҷамъоварии  растании терескен мебошанд, ки ин омилҳо   ба афзоиши   саршумори гӯсфанди  Марко Поло   мусоидат менамоянд.

Чун аз оғози моҳи сентябр  дар Тоҷикистон мавсими шикор  оғоз гардид, чӣ теъдоде аз гӯсфандони Марко Поло дар кишвар шикор мешаванд? Дар посух ба ин савол корманди масъули  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гуфт, ки  шикори гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳолатҳое пешбинӣ мешавад, ки гӯсфандон то 12-13- сола бошанд, зеро дар ин синн қобилияти муҳофизатии гӯсфанди Марко Поло суст гардида, баъзан  туъмаи галаи гургон ва бабри барфӣ мешаванд.

«Красавчик»-и Бадахшонро бештар сайёҳони амрикоӣ шикор мекунанд

Мусоҳиби мо афзуд, ки ҳар сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори гӯсфанди Марко Поло  меъёр ҷудо мекунад. Тибқи Фармоиши Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими шикори солҳои 2018-2019, ки  аз 1 сентябри соли равон то 1 марти соли 2019 давом мекунад,  барои шикори 95 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло меъёр ҷудо карда шудааст, ки ҷинсашон нарина ва синнашон аз 7 боло мебошад. Маблағҳои аз ҳисоби шикори гӯсфанди Марко Поло ба даст омада  барои ҳифз ва афзун намудани саршумори гӯсфанди Марко Поло масраф карда мешаванд. Нархи шикори як  сар гӯсфанди Марко Поло бо назардошти боҷи давлатӣ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба шикори гӯсфанди Марко Поло асосан сайёҳони хориҷӣ таваҷҷуҳ доранд. Хусусан гӯсфанди Марко Полоро, ки бо зебо будани шохҳояш «красавчик» ҳам ном мебаранд,  бештар сайёҳони амрикоӣ шикор мекунанд, ки тақрибан 80-85 фоизро ташкил медиҳад. Ҳангоме ки Марко Полоро шикорчиён- сайёҳон шикор мекунанд, шох ва пӯсташонро ғанимат мегиранд. Аслан шикорчиён-сайёҳони хориҷӣ, ки шахсони сарватманданд, осорхонаи худро доранд ва маҳсули шикорашонро ҳамчун нигора  ва ёдгорӣ дар осорхонаҳояшон мегузоранд.

Назорат ва ҷилавгирӣ  аз шикори  ғайриқонунии гӯсфанди Марко Поло  пурзӯр гардонида мешавад

Мавриди зикр аст, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Ҳукумати мамакат ҷиҳати ҳифз ва афзоиши саршумори гӯсфанди кӯҳии Марко Поло бештар гардида, аз ҷониби мақомоти марбута ва ҳифзи  ҳуқуқ дар самти пурзӯр намудани назорат ва ҷилавгирӣ  аз шикори  ғайриқонунии гӯсфанди Марко Поло тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Хусусан дар ин самт саҳми Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон, ки дар назди он  13 ширкат фаъолият намуда, мавзеи сукунати Марко Полоро  таҳти назорат ва ҳифз қарор додаанд, назаррас мебошад.

Абдуқодир Маскаев афзуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 масъулияти кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дучанд кард, то барои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти кишвар назорати давлатиро пурзӯр намоем. Оё соли равон аз ҷониби мақомоти  марбутаи мамлакат шикори ғайриқонунии гӯсфанди Марко Поло ба қайд гирифта шудааст? Дар посух ба ин савол Абдуқодир Маскаев гуфт, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ се ҳолати  шикори  ғайриқонунии гӯсфанди Марко Поло  аз ҷониби сокинони ноҳияи Мурғоб ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба онҳо аз чониби мақомоти марбута тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Мусаллам аст, ки ҳифзи зебоиҳои нотакрори табиат,  олами набототу ҳайвонот, хусусан гӯсфанди кӯҳии Марко Поло, ки  рамзи боигарии  табиати сарзаминамон эътироф гардидааст,  танҳо кори мақомоти марбута  набуда, балки аз ҳар як фард масъулияти баланд тақозо менамояд.

                      Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 26, 2018 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид