ЗУБДАИ ИРФОНУ ЭҲСОН. Хизмати беҳамтои Раҳим Ҳошим тартиб додани китобҳои дарсӣ ва луғатҳо дар солҳои аввали асри гузашта мебошад

Октябрь 18, 2018 13:49

ДУШАНБЕ, 18.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳар касе ба фарози кӯҳи баланд баромада бошад, медонад, ки аз болои қулла манзараи пеши чашм фарохтар менамояд. Бо гузашти вақт хизмати ашхоси бузург ҳам бештар аён мешавад. Ин андеша фарогири маҳфили ёдбуди устод Раҳим Ҳошим буд, ки дирӯз бахшида ба 110-солагии зодрӯзаш дар  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барпо гардид.

Ба маҳфили адабӣ раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим оғоз бахшид. Ӯ ёдрас намуд, ки Раҳим Ҳошим парвардаи мактаби ҷадиди маорифпарваронаи  устод Айнӣ ва Абдуқодир Шакурӣ буду сабақҳои ибратомӯзи ин мактабро то охири умр ба ҷавонон талқин мекард.

Узви раёсати Иттифоқи нависандагон, номзади илмҳои филологӣ Абдураҳмон Абдуманнонов, ки солиёни зиёд бо Раҳим Ҳошим дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кор кардааст, дар маърӯзааш, аз ҷумла гуфт: «Раҳим Ҳошим ба маънои томаш олими энсиклопедист ва қомуси зинда буд: ҳам адабиётшинос, ҳам забоншинос, ҳам луғатдон ва ҳам муҳаққиқ».

Маърӯзачӣ аз як хизмати беҳамтои Раҳим Ҳошим махсус ёдовар шуд, ки тартиб додани китобҳои дарсӣ ва луғатҳо дар аввалин солҳои асри гузашта мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ чун ҳамеша пурэҳсос суханронӣ намуда, таъкид сохт, ки меарзад, то бар ивази хизматҳои беҳамто ба номи Раҳим Ҳошим мактаб ё кӯча гузошта шавад. Ҳамагон ин пешниҳодро маъқул шумориданд.

Урун Кӯҳзод аз китоби ёддоштии Раҳим Ҳошим, ки аз портретҳои воқеан хонданию мондании С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Пайрав, Ҳамдӣ ва дигарон иборат аст, ҳарф зада, муаллифро устоди камназири ин жанр номид.

Камол Насрулло ва Абдувосеъ Сангинов аз муносибати ҳамеша некхоҳонаи устод ба ҷавонон ва гуфтори нарму дили гарми ӯ нақл карданд.

Муртазо Зайниддинов дар бораи саҳми Раҳим Ҳошим дар бобати шиносонидани намунаҳо ва чеҳраҳои адабиёти халқҳои дигар сухан ронд.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, аз ҷумла гуфт: «Соли 1937 як гурӯҳ фардони забардасти давр, амсоли Раҳим Ҳошим гирифтори маҳбас шуданд. Баъди бозгашт онҳо бо азму иродаи қавӣ боз ба фаъолият пардохтанд ва илму адабу фарҳанги мо аз нав ҷон гирифт».    Сатторзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ба ҷуз таҳқиқ пешаи дигари Раҳим Ҳошим тарҷумонӣ буд ва дар ин ҷода шоҳкориҳо кардааст.

Дар зер мо як лавҳаеро аз рӯзгори устод Раҳим Ҳошим манзури хонандагон мегардонем.

МУЛОҚОТ ДАР ВОКЗАЛ

Ин нақлро ман борҳо аз забони чанд адиби насли калон шунидаам. Он ба номи ду адабиётшиноси забардастамон — Раҳим Ҳошим ва Шарифҷон Ҳусейнзода марбут аст. Шояд имрӯз на ҳама донанд, ки соли 1937 Раҳим Ҳошимро бар асари туҳмати ногаҳонӣ ҳабс мекунанд. Аз миён чандин сол мегузараду Раҳим Ҳошим аз ҳабс озод мешавад ва ба Душанбе бармегардад. Чунин қисмат на фақат ба сари ӯ омада буд. Бо Алӣ Хушу Ҷалол Икромӣ, Турақул Зеҳнӣ ва Ғанӣ Абдулло ҳам ҳамин ҳол рӯй дод.

Аммо баъди бозгашт Раҳим Ҳошим мебинад, ки бисёр дӯстони собиқу шиносҳояш аз вай рӯ мегардонанд, худро дур мекашанд, дар кӯча ӯро дида, нодида мегиранд, аз салому алайк бо «душмани халқ» меҳаросанд. Замона чунин буд. Аз чунин муносибат Раҳим Ҳошим маъюс мешавад, аммо чӣ чора?

Рӯзе дар вокзали роҳи оҳан Шарифҷон Ҳусейнзода рӯ ба рӯяш мебарояд. Раҳим Ҳошим гумон мекунад, ки ӯ низ худро ба нодонӣ зада, гузашта меравад. Аммо Шарифҷон Ҳусейнзода аз дур оғӯш кушода, хурсандона нидо мекунад:

— Раҳимҷон, аз дидорат шод ҳастам, хабари баргаштанатро шунида, бисёр хурсанд шудам.

Аз чунин самимият Раҳим Ҳошим сахт мутаассир гашта, мегӯяд:

— Шарифҷон, бисёр касон аз ман рӯй гардонданд, аз салом бо ман, ки қарзи Худост, ҳазар мекунанд, гӯё ман махав бошам. Гумон кардам, ки ту ҳам ба ман наздик намешавӣ.

—  Чаро, Раҳимҷон, — даст ба китфи рафиқаш гузошта, ҷавоб медиҳад Шарифҷон Ҳусейнзода. — Ман аз он тоифа нестам. Аввалан, мо дӯст будему дӯст мемонем. Дувум, ман ба бегуноҳии ту ҳеҷ вақт шак надоштам. Акнун, ки аз маҳбас баромадӣ, дар пеши ҳама соф ҳастӣ. Дилатро бақувват гир, Раҳимҷон, мо ҳамроҳи туем.

Дар чашмони Раҳим Ҳошим ашк ҳалқа зад.

— Суханони Саъдиро ба ёд ор, — ҳамоно даст дар китфи Раҳим Ҳошим мегӯяд Шарифҷон Ҳусейнзода:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

 Ҳамин тавр, ин ду олими бузургу инсони шариф то охир дӯсту бародар монданд.

Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар

Октябрь 18, 2018 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид