«БО САДОИ ГАРМАТ ОДАТ КАРДАЕМ…». Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи шеъри Устод Бозор Собир

Ноябрь 20, 2018 11:06

ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллатамон, ғамхорӣ ва арҷгузориҳояшон ба илму адаб ва фарзандони эҷодкори ин  миллат буд, ки шоири номдори тоҷик Бозор Собир баъд аз солҳои зиёди зиндагӣ дар Амрико ба Ватан бозгардонида шуд ва тӯли умри боқимонда, хусусан, солҳои охир мавқеи мустаҳками ватандӯстӣ ва садоқатмандӣ ба Ватан, истиқлолияту озодӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди кишварро соҳиб гардид. Бозор Собир мӯътақид гардид, ки муқаддамтар аз Ватан ва муқаддастар аз ояндаи Тоҷикистони азизу озод  чизе буда наметавонад ва ҳама арзишҳои дигар дар пеши ин арзишҳои баланд- Истиқлолияти Ватан, дифоъ аз Ватани озод, дастгирӣ аз ваҳдату ягонагӣ  қимат надоранд. Ҷонибдорӣ аз Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои ватандӯсти он ба хотири ягонагии ин миллати парешон, ки ҳамеша аз  парокандагиҳои худ дар таърих  ҷабрҳо дидааст, ба хотири некӯаҳволии халқ ва рушди ҳамаҷонибаи ин сарзамин болотар аз ҳадафҳои дигар аст.

Аз ҳама ғояҳои дигар рӯ тофтану рӯ ба Ватан овардани Бозор Собир сабақомӯз аст ва гумон мекунам ба хотири ягонагии миллат, пойдории озодӣ, истиқлолияти кишвар  ва ояндаи шукуфони он мебошад.

Дар шеъри муосири мо баъд аз устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода  ва ҳаммаслаконашон  се тане ҳастанд, ки дар заминаи корҳои кардашуда ва таҷрибаи ҳунарии бадастомада бо навоварӣ, вижагиҳои хоси эҷодӣ то ҷойе таҳаввулот дар шеъри тоҷикӣ ба вуҷуд оварданд. Ин се симо устод Мӯъмин Қаноат, устод Лоиқ ва Бозор Собир мебошанд. Устод Мӯъмин Қаноат шеъри моро аз умумигӯӣ ва урёнбаёнӣ, обшустагии сухан берун овард, бо тасвирҳои шоирона, сухани мустаҳкам, истифодаи ҳунар ва санъатҳои бадеӣ, мантиқ ва фалсафа, баёни розҳои миллӣ либоси нав пӯшонд ва бо ин амал ба шеъри асили порсӣ наздик кард.

Устод Лоиқ ин корро идома дод, шеъри моро оҳанги нави  имрӯзӣ бахшид, бо мушоҳидаҳои шоирона ба розу ниёз ва дарду армон, ба забони мардум наздик сохт. Шеър бештар аз пештар ба дилҳо роҳ ёфт, ҳамнавову ҳамсадои мардум гардид. Устод Лоиқ мисли ин ки ба тамоми навъҳои суннатии шеъри мо, аз рубоиву дубайтӣ то ғазал эҳёи тоза бахшид, мазмуну тасвирҳои нав ба онҳо ворид сохт, онҳоро имрӯзӣ кард, ба армонҳои мардум ҳамнаво намуд. Дар баробари ин дар жанрҳои тозаи шеър, шеъри нимоӣ, шеъри озод намунаҳои баланди шеъри имрӯзиро эҷод кард. Мавзӯъҳои миллӣ ва таърихиро бо ҳадафҳои худшиносии миллӣ дар шеъри мо мавқеи сазовор бахшид. Яъне ҳам дар мазмун ва баён, ҳам дар ҳадафмандию мушаххасии шеър тозагиҳо овард.

Шеъри Лоиқ то ҷое маҳбубият дар байни мардум пайдо намуд, ки дар ҳама базмҳо, дар ҳама минбарҳо истифода мешуд ва ҷавонон, мисли ин ки бо он зиндагӣ мекарданду ишқ меварзиданд ва роз мегуфтанд, муҳаббати худро ба Ватан, миллат ва модар баён медоштанд.

Дар он замоне, ки дар майдони шеъри муосири мо Мӯъмин Қаноат яккатоз буду Лоиқ Шералӣ вирди забонҳову зеби минбарҳо гардид, душвор буд, ки боз шоире арзи вуҷуд кунад, ки ҳаводорони шеъру адаб бо кафкӯбиҳо ӯро пешвоз гиранд. Аммо чунин шоир дар симои Бозор Собир арзи вуҷуд намуд.

Зуҳури Бозор дар шеъри мо  ба осонӣ ва худ аз худ ба вуҷуд наомадааст.

Бозор дертар, дар синни камолоти худ ба адабиёт омад ва аз ҷониби ҳаводорони шеър фавран пазируфта шуд. Ва дуруст ҳам кард, зеро дар он солҳои “култ”-и шеър, яъне парастиши он, ки шеър ба минбарҳову майдонҳо баромада буд ва қариб ҳама аз ҳавои шеър нафас мегирифтанд, хусусан пас аз Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ чун шоири рӯз пазируфта шудан ва маҳбубият пайдо кардан дар байни ҳаводорони шеър осон набуд. Баъд аз ин қадар табаддулот дар шеър ва дар айни замони ғулғулаандозии шеъри  навин, хусусан шеъри Лоиқ ва дигар шоирони муосир, барои зуҳуре чунин муҷалло роҳи дигар ҳам набуд, ба ҷуз омӯзиш, заҳмат кашидан бо ҳама вуҷуд, бо таҳаммул ва сабру тоқат саропо худро бахшидан ба шеър ва ҷустани роҳҳои нави ифода.  Ин аст, ки Бозор пас аз омӯзишҳои дурударози адабиёти классикӣ, адабиёти ҷаҳон, шеъри даврони навини тоҷик (манзур баъд аз инқилоб) ва шеъри навини форсӣ (Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон), адабиёти лафзии мардум, омӯзиши ҳамаҷонибаи забони порсӣ ва таърих бо омодагии ҳамаҷониба, бе саросемагӣ, бо тамкин, аммо бо қатъият ва бовар ба худ вориди майдони шеъри муосир гардид.

Мо, ҷавонони он солҳо, дар канори ин устодон бисёр мавридҳоро мушоҳида мекардем. Бардошти  Бозор аз шеъри муосир сатҳӣ набуд. Ӯ  аз устод Айнӣ то ба Мӯъмин Қаноат ба тартиб ва ба навбат ҳар шоири тоҷикро новобаста ба арзиш ва мавқеи эҷодиашон як ба як хондаву  омӯхтааст, то донад, ки то ӯ кӣ чӣ гуфтааст ва кӣ чӣ дастоварде дорад. Бозор  аз тамоми маводи мутолиакардаи худ қайдҳо ва мушоҳидаҳое ҳосил карда буду қариб аз ҳар шоири гузашта байт ё пораҳои шоистае ёфта буд  ва онҳоро аз ёд медонист. Мо шоҳидем, ки  дар суҳбатҳо ӯ аз шоироне, ки ҳатто аксарият номашонро нашунидаанд, ягон байти ҷолибро аз ёд мехонду таъриф мекард. Аз  шоирони муосири шӯравӣ шоире набуд, ки Бозор аз  ӯ байте ҷолиб нагӯяд.  Масалан, аз Муҳиддин Аминзода ӯ чандин чунин байтҳо медонист. Ва як байти зарофатдори ин шоирро аз забони устод Бозор дар ёд гирифтаам, ки танзи зебое дорад:

Ҳарчанд дар ин шаҳр давидему давидем,

Оташнафасе мисли самовор надидем.

Ба-д ин тариқ, қариб аз ҳама шоирони тоҷику форсигӯ ҳар лаҳза метавонист байте гӯяду шарҳ диҳад.

Мақсад аз овардани ин далел нишон додани он аст, ки воқеан муносибати Бозор ба шеър хеле ҷиддӣ ва ҳадафнок оғоз гардида, ӯ барои омӯзиши шеъри гузаштагон хеле заҳмат кашид, яъне ҳосиле, ки аз киштаҳои майдони шеър ӯро ба бор омадааст, дар паси худ заҳматҳои гарони ҳадафноке дошт.

Айни ҳамин ҳол дар мавриди  омӯзиши  адабиёти ҷаҳон аз ҷониби Бозор низ мушоҳида мешуд.  Боз ҳам банда ба чашми худ дидаам, ки ӯ  китоби ашъори Пастернак дар даст, бо қаламе дар мобайнаш, қадам мезад ва ман тасодуфан дидаам, ки  ҳошияи саҳифаҳои ин китоб пуропури қайдҳои ба қалам навиштаи ӯянд. Айни ҳамин ҳолро аз ҷониби Бозор дар мавриди мутолиаи китоби Пол Элюар – шоири фаронса ё Пабло Неруда – шоири Чилӣ  низ мушоҳида кардаам.

Бояд гӯям, ки Бозор Собир адабиёти классикии моро ҳам ба тариқи интиқодӣ омӯхтааст ва аз он бештар дар ҷустуҷӯи тасвирҳо ва сухани ноби  шоирона будааст. Барои Бозор ҳамеша худи шеър, матои шеър, ҳунар ва санъати шеър  дар мадди аввал буд ва ӯ тавонист ҳамин хислат — ҷӯёю пӯёи сухани тозаи шоирона буданро дар вуҷуди худ ҳамчун малака ба таври доимӣ устувор  созад. Бозор  ба омӯзиши забони шеър низ аҳамияти хосса медод, аз ин рӯ забони зебо ва содаву  равон дорад. Аммо барои ӯ ҳунари шоирӣ дар мадди аввал меистад. Ҳамаи ин вижагиҳо сабаб шудаанд, ки Бозор Собир ба майдони шеъри муосири мо бо ҳунари худ ва шеъри худ ворид шавад.

Се ҷанбаи мавзӯие, ки шеъри Бозорро мумтоз намудаанд

 Аввал чизе, ки ба шеъри Бозор неру бахшидааст, рӯҳияи миллии шеърҳои ӯ мебошад. Бозор Собир аслан шоири ватанпарвар аст. Ифтихори миллии ӯ, ки дар шеърҳояш шоирона зуҳур кардааст, хонандаро зуд фаро мегирад. Ин ифтихор дар партави таърихи гарону хунин,  шахсиятҳои бузурги гузаштаи  миллат, суннату оинҳои баланди халқӣ ба ҷавлон меояд. Бозор Собир ба муқаддасоти милии халқи худ арҷгузории баланд дорад. Ҳар шеъре, ки ӯ бо ифтихори миллӣ навиштааст, мумтоз аст. Шеъри “Забони модарӣ” падидаи тозае дар адабиёти мо буда, дар ҳадди  савганди миллӣ садо дода, зуд  ба парчами ҳаводорони забони тоҷикӣ табдил ёфт.

Дар он рӯзгор ҳар як шеъри нави ватандӯстона ва таърихии Бозор падидае тоза ва намунаи барҷастаи шеъри навини мо гардид, ки ҳадафҳои баланди миллиро пайгирӣ мекард. Агар шеъри “Теғи Сино” ва чандин шеъри таърихиву бахшида ба шахсиятҳои таърихии ӯ  парчами ифтихор аз илму фарҳанги гузаштагон, рӯ овардан ба меҳроби асолати миллии мо бошанд, шеърҳи “Муҷассамаи Айнӣ”, “Китоби “Тоҷикон” он гузаштаи пурифтихорро бо имрӯзи тоҷикон пайванди қавӣ мебахшанд. Шеъри “Тоҷикистон” қасами садоқат ва қадршиносии Ватан ва ҳар зарра хоки муқаддаси он аст. Аслан ҳар шеъре, ки Бозор дар мавзӯи Ватан ва ватандорӣ навиштааст, падидаи тоза дар шеъри навини мо гардидааст, зеро дар онҳо тозагии мазмун, баён ва тасвирҳои шоирона, ки ҳадафҳои баланди миллӣ доранд, пайгирӣ мешаванд. Беҳуда набуд, ки ин шеърҳо дар баробари интишор ёфтанашон вирди забонҳо гардиданд, зеро дар онҳо рӯҳияву армони миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, созгори дилу эҳсоси мардум ба қалам омадаанд.

Илова ба  пайгирӣ аз ғояҳои баланде, ки дар ин марҳилаи таърихии  зиндагии халқи мо бисёр муҳим  ва тақдирсозанд, он чи ҷанбаи ватандӯстии шеъри Бозорро  неру мебахшад, худи ҳамин муҳаббати Ватан аст, ки дар шеъри Бозор, тасвири ҳар гулу сабза ва хасу хори Ватан шоирона ба навор омадааст. Аз ҳар тасвири бахшида ба деҳот, муҳити хонаи модар, табиати кӯҳистон, накҳати муҳаббати шоир омехта бо накҳати табиати диёр ба машом мерасад.

Ҷанбаи дуюми мавзӯиеро, ки шеъри Бозорро мумтоз гардонидаанд, мо метавонем дар шеърҳои ишқии шоир пайдо кунем. Воқеан симои зан, симои модар ё маъшуқа дар шеъри Бозор мисли обшори зулол поку мусаффост. Метавон гуфт, ки барои Бозор симои зан дар радифи дигар муқаддасоти зиндагист. Яъне зиндагӣ барои Бозор аслан се  муқаддасот дорад:  якум — Ватан; дуюм, зан – модар, ки ҳамчун рамзи покӣ  сарчашмаи муҳаббат ва зиндагист ва сеюм – сухан — шеър, ки рӯҳи инсон бе он арзиш надорад. Чунин хулосаи  банда ҳам натиҷаи мутолиаи ашъори худи ӯ ва ҳам бардоште аз суҳбатҳоест, ки аз ӯ дар мавриди ин мавзӯъ  шунидаам. Бозор Собир назар ва муносибати хонандаро нисбат ба зан, ки дар байни мардуми мо, бо ҳама арҷгузориҳое, ки ба модар доранд, нобаробар буд, дигар намуд. Баробарии зану мардро шоире чун ӯ шоирона насурудааст:

Ту ними манӣ, ними ҷисму ҷони  манӣ,

Ба зарра-зарра ту пайванди ҷовидони манӣ…

***

Ба ҳар куҷо, ки равам, нимаи танам бе ту,

Ба ҳар куҷо, ки равам, ними одамам бе ту…

Вежагии асосии эҷодиёти Бозор Собир, таҳаввулоте, ки ӯ дар шеъри муосири мо ба амал овардааст, дар тозагӯӣ, тозабаёнӣ, навовариҳои шоиронаи ӯст. Дар саросари шеъри Бозор шумо ҳаргиз як ибораи обшуста  ё тарзи маъмулии пешинаи суханрониро намеёбед. Ӯ шояд кам навишт, аммо ҳарчи навишт, кӯшиш кард, ки  баёну забони тоза дошта бошад ва ба ин муваффақ шуд.

Шумо саросари адабиёти гузашта ва муосири оламро хонед, наметавонед шабеҳи тасвирҳои шоиронаи Бозорро ёбед. Ин тасвирҳо бозёфти Бозор, балки кашфиёти шоиронаи ӯ дар бунёд ва тасвири шоиронаи симои зананд. Оё чашми занона доштани чашмае, ки чашм мезанад ва ё сурхида то ба гардан шарми занона доштани кӯҳи лолагарданро кӣ пеш аз ин мушоҳида кардаву чунин шоирона ба қалам кашида буд? Ва ё зангӯлазанон гузаштани борон, монанди занон гузаштани боронро  кӣ тасвир ва тасаввур мекард? Инҳо наванд, тозаанд ва чунин тозагиҳо дар ашъори Бозор Собир хеле зиёданд, балки дар ҳар шеъри ӯ падид омадаанд.

Оё кӣ тавонистааст арӯсу домодро дар бари ҳамдигар дар шаби арӯсӣ чунин шоирона тасвири ғайричашмдошт, ба кулли нави шоирона бахшад:

Имшаб на танҳо бо ту ман зону ба зонуям,

Рӯида аз бозуи ту ин ҳарду бозуям,

Ин шаб ту аз ман рустаӣ, ман аз ту мерӯям,

Дарё манам, дарё туӣ, олам ҳама об аст,

Ошиқ манам, ошиқ туӣ, ду дида бехоб аст.

Вежагии сеюми мавзӯии шеъри Бозорро метавон дар шеърҳои бахшида ба қалам, сухан ва шеъру шоирӣ дарёфт. Бозор дар шеърҳои бахшида ба қалам ва шеъру шоирӣ ба суоли чӣ будани шеър ва кӣ будани шоир ҷавобҳои қотеъона ва раднопазир медиҳад. Масалан, дар шеъри “Шоиру шеъре агар ҳаст”, ки худ савганди шоирист, чӣ будани шеър, чӣ гуна шеър гуфтан ва вижагиҳои асосии шеър ва суханвар хеле барҷаставу шоирона таҷассум ёфтаанд.

Ва дар ин росто шеъри “Фирдавсӣ” худ муҷассамаест барои шеър ва шоир.

Дар ҳаёти Бозор Собир шеър мақоми баландтаринро касб мекунад, яъне шеър савганд мегардад:

Меорам аз навиштагарон ин навиштаро,

Фирдавсӣ чун завола суханро сириштааст,

Бо лаҳҷаи дариву ба хуни Сиёҳвуш

Бар мо калимаҳои шаҳодат навиштааст.

Гӯянд агар калимаи худро ту арза кун,

Мехонам аз навиштаи Фирдавсӣ байтҳо…

Ин мавзӯъ дар шеъри Бозор саршори тасвирҳои  тозаест, ки аз вуҷуди шоиронаи Бозор ин қадар табиӣ, самимӣ, муҷаллову дурахшон берун рехтаанд, ончунон, ки борони баҳор мерезад ё сабзаву гулҳо медаманд. Бубинед:

Ин қаламранг, ки дар дафтари ман

Аз димоғи қаламам мерезад,

Хуни рангини ман аст.

Аз димоғи қаламам дар дафтар

Хуни ман мерезад…

***

Қалами ман, ки дар ангушти ман аст,

Қаламам нест, як ангушти ман аст.

Чӣ шоиреро метавонед ном баред, ки ин ягонагӣ – ягонагии қаламу шоирро чунин барҷаставу шоирона, дар сатҳи аҳсант навиштааст? Ва ин сатрҳо чунон ба эътимод ва самимона ва бо бовар ба худ навишта шудаанд, ки шумо ба димоғи қалам, хуни қалам бовар мекунед, балки онҳоро мебинед, эҳсос мекунед ва ин ҳама табииву воқеӣ ба назар мерасад.

Бозор Собир шоирест бо эҳсосоти ҳамаҷонибаи табиат ва қариб шеъре надорад, ки дар он ҳузури табиат мушоҳида нашавад ва банда боз ҳам ба ёд меорам, ки устод Бозор як замонҳо ба омӯзиши фанҳои биология, география, зоология,  умуман табиатшиносӣ шуғл дошт, зеро донистани ҷузъиёти ин соҳаҳо барои шоир хеле муҳим аст, албатта, дар баробари донистани ҳама соҳаҳои дигари илму зиндагӣ, то шеъри шоир ҳавоӣ ва тахминӣ намонад, балки заминаҳои мустаҳками воқеӣ дошта бошад.

Истифодаи ҷузъиёти табиат ва хусусиятҳои он шеъри Бозорро тасвир ва мазмуни шоирона мебахшад. Далелҳо хеле зиёданд:

Ту аз дарахти қомати ман мева хӯрдаӣ,

Ман аз дарахти қомати ту мева хӯрдаам.

Шаҳтути бӯсаҳои маро чида бурдаӣ,

Шаҳтути бӯсаҳои туро чида бурдаам…

Оё то ин дам кӣ тавонистааст табиат ва хосиятҳои ҷонваронро чунин зебову шоирона барои баёни сухан ва эҷоди шеър истифода кунад:

Ҳамчун гурусна рӯбаҳи зоре ба пои ток

Поро ниҳодаам ба сарам аз барои ту,

Ӯ дар талоши хӯшаи ангурҳои ток,

Ман дар талоши хӯшаи ангуштҳои ту…

Ҳатто дар шеърҳои бахшида ба  мавзӯъҳои ҷиддӣ, мисли Ватан, истиқлолият, забони модарӣ, ваҳдат ва Президент Бозор Собир тасвир ва гуфторҳои тозаи ғайримаъмулиро истифода мебарад, ки ин ба шеъри ӯ навӣ мебахшад.

Нест қонуни кашише дар ҷаҳон

Дар кашидан ҳамчу қонуни забон….

 

Алғараз моро дарӣ аз ҳар даре

Мекашад ҳамчун забони модарӣ.

 

Ҷустуҷӯи баёни нав, сухани тоза дар мавзӯи обшуста яке аз вежагиҳои эҷодии Бозор аст. Масалан, тасвири ба кафи по бӯса задани хоки Ватан танҳо метавонист дар хаёли Бозор бичархад:

Кафи ду пои ман туро

Ба бӯса мезанад қадам,

Ба бӯса мезанад қалам,

Ба бӯса мезанад рақам…

Он қадар шеърҳои зиёде дар ситоиш ва мавзӯи Пешвои миллат ва Сарвари кишвар гуфтаанд, ки ба ҷуз  қисме аз онҳо, аксарашон аз ситоиши урёну умумигӯӣ ва такрори дилбазани гуфташуда берун нестанд.

Аммо Бозор Собир дар ин мавзӯъ ҳам аз тариқи худ, бо тасвирҳои тоза ва мазмунҳои баланди шоирона наздик мешавад:

 

Бо  садои  гармат  одат  кардаем

Ҳамчу  бо  зангўлаи  давлат,

Ҳамчу  бо  зангўлаи  ваҳдат,

Ҳамчу  бо  зангўлаи  мактаб…

 

Шоҳроҳат  чун  кафи  дасти  кушодат

Аз Душанбе то Бадахшон,

Аз канори  Суғд то Хатлон.

Дар кафи  дасти ту меронанд,

Дар кафи  дасти ту метозанд,

Дар кафи  дасти ту ҷорист

Сели мошин.

Дар ин ҷо ягон ситоиши зоҳирӣ нест, аммо дар паси ин тасвирҳо ситоиши ягонагии Президент бо халқ ва саҳми бузурги ӯ дар ободонии кишвар ногуфта гуфта шудаанд ва ин муассиртар аз ситоиши рӯирост аст.

Ё дар шеъри дигар бо номи “Сангари сангини истиқлол” хеле сода ва самимӣ, бе ягон хел сухани болохонадор симои Пешвои миллатро дар заминаи имрӯз ва таърих инъикоси бадеӣ мебахшад:

 

Курсиат аз партаи мактаб,

Минбарат аз дарзаи деҳқон.

Пойандозат ба маҳфилҳо

Ҳар қадам аз пардаи дилҳо.

 

Пешвои миллати Зардушт,

Пешвои  миллати  Маздак,

Пешвои  миллати  Айнӣ,

Пешвои миллати  Восеъ,

Ҷонишини Оли Сомон,

Қаҳрамони Тоҷикистон.

Дар мисоли шоирони асили миллатамон метавонем нишон диҳем, ки чӣ гуна як шоир метавонад бо шеъри худ хидмати бесобиқа ба ватан ва халқи худ кунад. Ин ҷо имкон нест, аммо чунин мисолҳоро аз ашъори  Мирзо Турсунзода, Лоҳутӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор ва дигарон  метавон  овард. Ин ҳақиқат бебаҳс аст, ки як шеъри баланди шоир метавонад рӯҳияи мардумро баланд бардорад, дигар кунад; як шеър метавонад  мардумро ба ягонагӣ ва ваҳдат орад, ё дар мисоли шеъри устод Рӯдакӣ асрҳои аср раҳнамои мардум дар роҳи ҷавонмардӣ бошад ва ҳоказо. Бозор Собир низ дар мавриде бо шеъри худ ҳудудҳои Тоҷикистони кӯчаки моро васеътар месозад,  ба каронҳои он  бекаронӣ ва ба саршумораш  бешуморӣ мебахшад.  Бале, ӯ буд, ки сарҳади нави меҳани моро ихтироъ кард, онро сарҳади забон донист ва бо ин  сарҳади Тоҷикистони кӯчаки моро ба чандин маротиб фарохтар сохт, вақте гуфт:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Дар мавридҳои вежагиҳои дигари ҳунари шоирии Бозор Собир, шахсияти инсонии ӯ банда дар мақолаҳои пешин каму беш ифшои назар доштаам. Аммо сухани ногуфта дар мавриди шеър ва ҳунари шоирии ӯ ҳанӯз хеле зиёд аст ва умедворем, ки пажӯҳиши ин мавзӯи бисёр муҳими адабиёти мусирамон аз ҷониби адабиётшиносони тоҷик таҳқиқоти сазовори худро хоҳад ёфт.

Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»,
Шоири халқии Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Ноябрь 20, 2018 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад