Бо шарофати Конститутсия ҷаҳониён Тоҷикистонро шинохтанд

Ноябрь 5, 2018 16:20

ДУШАНБЕ, 05.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Қабули Конститутсия имкон фароҳам овард, ки мардуми ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи тоҷикро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар ва фарҳангию меҳмоннавоз шиносанд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни суханронӣ дар ҷамъомаде, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсия баргузор гардид, баён дошт.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, имрӯз дар Кумитаи мазкур бахшида ба 24 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар он кормандони дастгоҳи марказӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ ширкат варзиданд.

Ҷамъомадро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни муҳими таърихию сиёсӣ табрик гуфт ва оид ба таъриху нақши Конститутсия дар бунёди сохти давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеа маълумоти муфассал дод.

«Рушди сайёҳӣ дар дилхоҳ давлат бо таъмини заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, бунёди таҳкурсии конунгузорӣ вобастагӣ дорад. Кафолати баамалбарории фаъолияти сайёҳӣ дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Мутобиқи ин модда «Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад». Инчунин, мутобиқи моддаи 37 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рўзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст» ва дар асоси моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад». Ин муқаррароти конститутсионӣ барои баамалбарории фаъолияти сайёҳӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ заминаи ҳуқуқиро фароҳам меорад»,-иброз дошт Нуъмон Абдуғаффорзода.

Зикр карда шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи санадҳо ва меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки бевосита ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон заминаи зарурии ҳуқуқии рушди сайёҳӣ вуҷуд дорад.

 

Ноябрь 5, 2018 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад