Дар Душанбе масоили ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат дар хизматрасониҳои сайёҳӣ баррасӣ гардиданд

Ноябрь 21, 2018 10:22

ДУШАНБЕ, 21.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вобаста ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, рушди хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохтори соҳа    таҳти унвони «Ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат дар хизматрасониҳои сайёҳӣ» ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он роҳбарияти ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо  иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш  Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зикр намуд, ки   таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои стратегии рушди соҳа маҳсуб мешавад. Имрӯз самтҳои афзалиятноки ин соҳа барои Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ба шумор мераванд.

Инчунин гуфта шуд, ки барои рушди ин намудҳои сайёҳӣ захираҳои бузурги он дар ҷумҳурӣ имконият медиҳанд. Қуллаҳои баланд, манзараҳои кӯҳистоне, ки дар он ҷо чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд. Яъне, аз нуқтаи назари иқтисодӣ бо пешниҳод кардани чунин маҷмӯи хизматрасонӣ бозори сайёҳии Тоҷикистон метавонад ба сайёҳон маҳсулоти туристиеро пешниҳод намояд, ки дар он рақобат вуҷуд надорад. Танҳо зарур аст, ки ин хизматрасонӣ бо сифати баланд ва нархи дастрас ба сайёҳон пешниҳод карда шавад.

Дар ҳамоиш ҳамчунин директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия, ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода иброз дошт, ки   Агентии «Тоҷикстандарт» дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади  ҷалби  сайёҳон   ва ширкатҳои сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбиқи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як зумра  корҳои мушаххасро  ба анҷом расонида истодаанд.   Имсол дар 1 ҳазору 883  муассисаҳои хӯроки  умумӣ,  80 ширкати сайёҳӣ  ва 90 меҳмонхонаҳо корҳои сертификаткунонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Қ. Давлатзода   изҳор намуд, ки  «ҷорӣ намудани  низоми идоракунии сифат тибқи талаботи  стандартҳои байналмилалӣ  яке аз омилҳои  баланд бардоштани  сатҳи хизматрасонӣ мебошад. Аз тарафи мутахассисони  Агентӣ дар якчанд  муассисаҳое, ки ба хизматрасониҳои  сайёҳӣ  машғуланд, корҳои сертификаткунонӣ гузаронида шуданд. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани хизматрасонӣ ва малакаи касбии кормандони соҳаҳои хизматрасонӣ бо ташаббуси Агентӣ ва Ассотсиатсияи меҳмонхонадорон ва тарабхонадорон  курсҳои кӯтоҳмуддати пешхизмати  тарабхона, туризм ва  сайру саёҳат,  корманди меҳмонхона ташкил  карда шуданд. Дар онҳо 1 ҳазору 350 нафар  кормандони соҳа соҳиби маълумоти касбӣ шуда, ҳоло  дар ин соҳаҳо фаъолият доранд».

Дар ҷамъомад иштирокчиён инчунин масъалаҳои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва низоми идоракунии сифат дар соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо,  сифати хизматрасонӣ чун нишондиҳандаи асосии рушди соҳаи сайёҳӣ,  тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва  зарурати истифодаи стандартҳои байналмилалӣ дар хизматрасонии меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Ноябрь 21, 2018 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд
Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд