Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 29.11.2018 /АМИТ “Ховар”/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Ассотсиатсияи сайёҳии Зарафшон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-30 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва армуғонҳои сайёҳиро доир менамояд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, намоишгоҳ рӯзи якум аз соати 18:00 то 20:30 идома ёфта, ташкилкунандагони чорабинӣ аз тариқи рӯнамо коллексияҳо ва фурӯшҳоро ба намоиш мегузоранд.
Рӯзи дуюм, чорабинӣ аз соати 9:00 оғоз гардида, то соати 19:00 маърӯзаҳо, мастерклассҳо ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандон ташкил мегардад.
Қобили тазаккур аст, ки ҳунарҳои мардумӣ аз қадимулайём дар байни халқи мо инкишоф ёфта, оммавӣ гаштааст. Хушбахтона, имрӯз барои ҳунармандон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияту шароитҳои зиёде фароҳам оварда шудааст. Гузаронидани озмуну фестивалҳо ва намоиши беҳтарин намунаҳои ҳунармандӣ барои ҳунармандон имконият медиҳад, ки ҳунару истеъдоди хешро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






