Дар Шуғнон мактаби нав бунёд гардид

Ноябрь 17, 2018 10:04

ДУШАНБЕ, 17.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  30 — солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Оқмаҳмади ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 мавриди истифода қарор гирифт. Бояд зикр кард, ки дар маҷмӯъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ванқалъа 14 муассисаи таълимӣ фаъолият  доранд, ки 7 адади  он дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд  шудаанд.

Сохтмони мактаби нави замонавӣ   моҳи майи соли 2017  шурӯъ гардида, он бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ қомат афрохт. Дар корҳои сохтмонии мактаби мазкур бинокорони соҳибтаҷрибаи ҶДММ «Стар-групп» ва 25 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Ин боргоҳи илму маърифат дорои  9 синфхонаи муҷҷаҳаз бо тамоми лавозимоти хониш, маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи омӯзгорон мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти замонавӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки муассисаи қаблӣ  аз чор синфхона иборат  буда, соли 1958  бунёд шудааст. Он бо гузашти замон кӯҳнаю фарсуда гардида,  барои омӯзгорону хонандагон мушкилоти зиёдро пеш оварда буд. Акнун бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон даст дод, ки шарикони рушд дар самти бунёду навсозии иншооти соҳаи маориф дар  ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистони соҳибистиқлол  ҳиссагузорӣ  кунанд.

Бино ба маълумоти масъулин, дар маҷмӯъ дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон 56 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 14 бинои он навсозӣ шудааст.

Зимни баромади роҳбарияти Мақмоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иброз доштанд, ки бахшида ба таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия  64 иншоот бо маблағи беш аз 60 миллион сомонӣ бунёд мешаванд. Соли равон бунёди 12 иншоот ба нақша гирифта шудаааст. Аз ин теъдод  айни замон 7 иншоот  расман ба истифода дода шудааст.

Ноябрь 17, 2018 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд