Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСП «Тоҷик Эйр»: «Бунёди НБО-и «Роғун» собит намуд, ки тоҷикон қодиранд бо роҳнамоии Пешвои миллат ормонҳои миллиро амалӣ намоянд!»

Ноябрь 30, 2018 14:30

ДУШАНБЕ, 30.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба истифода додани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро сокинони ҷумҳурии азизамон солҳои тӯлонӣ интизор буданд. Инак ин рӯзи деринтизор фаро расид ва  16 ноябри соли равон, вақте Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмае агрегати аввали онро ба кор андохтанд, шодию нишоти мардуми Тоҷикистонро ҳадду канор набуд. Халқи тоҷик шоҳиди рӯйдоди таърихие гардид, ки онро солҳои дароз интизор буд ва барои расидан ба ин нияти нек шабу рӯз заҳмат мекашид.

Ҳанӯз соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафар карда, дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок намуданд ва баён доштанд, ки «сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад».

Қатъият ва иродаи қавии Сарвари давлат буд, ки бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат, сохтмони ин неругоҳи азими барои мардуми тоҷик ҳаётан муҳим оғоз гардид. Талошҳои қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он дарак медод, ки Сарвари давлат вазъи иқтисодии ҷумҳуриро беҳтар аз ҳар нафар таҳлил намуда, зарурати бебаҳси бунёди НБО-и «Роғун»-ро дарк карда буданд. Ин амал бори дигар дурандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит намуд, зеро дар шароити мушкили молиявӣ ва иқтисодии он замон, ки тамоми ҷаҳон ва ҳатто кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта ба буҳрон ва мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ мувоҷеҳ шудаву аз тадбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми худ даст мекашиданд, оғози бунёди НБО-и «Роғун» ирода ва дурандешии фавқулода талаб менамуд. Дар чунин шароити душвор Ҳукумати мамлакат «Роғун»-ро иншооти сарнавишсоз ва сохтмони бузурги аср эълон карда, корҳои бунёди онро бо ҷалби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба ба роҳ монд.

Тамоми раванди сохтмони ин иншооти бузург зери назорати шахсии Пешвои миллат қарор дошт. Инро сафарҳои мунтазами Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба макони сохтмон ва боздиду мулоқотҳои ӯ аз раванди бунёди «Роғун» ва кормандони он исбот менамояд.

Тавре мо шоҳид ҳастем, ҳар иқдоме, ки Пешвои миллат рӯйи даст мегиранд, ҳатман амалӣ мегардад. Ин пеш аз ҳама, аз меҳнатдӯстӣ ва қавииродагии он кас шаҳодат медиҳад. Чун, вақте Президенти муҳтарами мо дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷомеаи кишвар се ҳадафи стратегӣ: таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикиро пеш гузоштанд, дар назари аввал амалӣ кардани он басо душвор менамуд. Аммо бо роҳнамоии Пешвои миллат халқи тоҷик тавонист дар муддати кӯтоҳ бо бунёди шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шавад, амнияти озуқавориашро таъмин намояд ва инак, бо бунёди «Роғун» қадами ниҳоиро дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ гузорад.

Акнун, ки чархаи аввали НБО-и «Роғун» ба истифода дода шуду нури он ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ равшанӣ овард, таҳлилгарони соҳа имкониятҳои ин неругоҳи азимро бештар мавриди таҳлил қарор дода, таъкид менамоянд, ки бунёди ин иншооти азим на фақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми давлатҳои минтақа манфиатовар ва муҳим аст.

Бунёди НБО-и «Роғун» барои ҷумҳурии мо имконият фароҳам меорад, ки пеш аз ҳама, талаботи дохилии худро бо неруи барқ пурра таъмин намуда, иқтидори содироти онро ба давлатҳои ҳамсоя ва минтақа бештар намоем.

Бо ин роҳ Тоҷикистон метавонад рушди корхонаҳои азими саноатиро ба роҳ монда, тараққиёти кишварро ба сатҳи баландтар бардорад. Истеҳсоли «неруи сабз»-ро, ки имрӯз тамоми ҷаҳон талоши ба он гузаштан доранд, бештар намояд ва бо пешгирӣ намудани зарари партовҳо ба муҳити зист барои беҳтар намудани вазъи экологии минтақа мусоидат намояд.

Дар шароити кунунии афзоиши талабот ба неруи барқ дар минтақа бунёди НБО-и «Роғун» ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ лоиҳаи бисёр ҳам муҳим ва манфиатовар аст.

Маврид ба зикр аст, ки НБО-и «Роғун» ғайр аз лоиҳаи иқтисодӣ-энергетикӣ будан ҳамчунин ба яке ормонҳои миллати тоҷик табдил ёфт.

Тавре Президенти муҳтарами мо дар маросими ба кор андохтани агрегати аввали НБО-и «Роғун» гуфтанд: «Роғун манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».

Рӯзи ба кор андохтани чархаи аввали ин неругоҳ на фақат халқи тоҷик, балки тамоми ҷаҳон шоҳид гардид, ки миллати тоҷик дар атрофи Пешвои миллиаш муттаҳид аст ва бо роҳнамоии ӯ қодир аст ҳар мушкилро сарбаландона пушти сар намуда, ҳадафҳои бузург ва ормонҳои миллиашро  амалӣ намояд. Инро аз рӯҳияи мардум, ки то ҳол дар чеҳраи ҳар як тоҷикистонӣ эҳсос мешавад, мушоҳида кардан мумкин аст.

 

 

Хайрулло РАҲИМОВ,
Директори генералии
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  «Тоҷик Эйр»

Ноябрь 30, 2018 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» масолеҳи сохтмонии баландсифат истифода мешавад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
«РОҒУН»-ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Бо бунёди пурраи он Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодӣ бештар муваффақ мегардад
СУРАТГУЗОРИШ. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо мавзеи обанбори НБО –и «Роғун» шинос шуданд
Барои рӯзноманигорон ба мавзеи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» саёҳати матбуотӣ ташкил карда мешавад
НБО-И «РОҒУН». Дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон оид ба тезонидани ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти азим
Байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК Созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи «НБО Роғун» ба имзо расид
Эмомалӣ Раҳмон: «То моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбанди НБО-и «Роғун» таъмин карда шавад»
НБО-И «РОҒУН». Давоми солҳои 2008-2024 Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони неругоҳ зиёда аз 42,5 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Неругоҳи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4 шинос шуданд